ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ, ИФОДАИ СИПОС БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, аз ҷумлаи чунин санаҳои муҳими таърихӣ мебошад.
Ин сана на танҳо рамзи эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, балки фурсати муносиб барои арзёбии роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳлили дастовардҳои даврони истиқлолият ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Дар тӯли таърихи пурғановату куҳанбунёди тоҷикон фарзонафарзандони миллат тавонистанд чандин маротиба давлатдориро ташкил дода, рушду тараққиёти онро таъмин созанд ва ба ҳар василае таъриху тамаддуни ориёиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд, ки ин анъана то имрӯз аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфта истодааст.
Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккабу сарнавиштсоз буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ ба сохти давлатдорӣ таъсири ҷиддӣ расонида буданд.
Дар чунин шароити ҳассос масъалаи барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, таъмини сулҳу субот, муттаҳид сохтани ҷомеа ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аҳаммияти аввалиндараҷа пайдо кард.
Бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи нави раванди давлатсозӣ оғоз гардид. Баъдан, бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ниҳоди президентӣ заминаҳои ҳуқуқии давлатдории муосири тоҷикон мустаҳкам шуданд.
Хизматҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокироти сулҳ, барқарорсозии сохторҳои давлатӣ ва ташаккули заминаҳои сиёсиву ҳуқуқии рушди кишвар яке аз мавзӯъҳои муҳими омӯзиши таърихи навини Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.
Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи муосири Тоҷикистон расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ мебошад. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози марҳилаи нави рушди кишвар замина гузошт. Сулҳ барои Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки иқтисоди миллӣ эҳё гардад, инфрасохтори иҷтимоӣ барқарор шавад, фаъолияти муассисаҳои давлатӣ ба низом дарояд ва шароити зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардад. Ваҳдати миллӣ имрӯз низ яке аз арзишҳои бунёдии ҷомеаи Тоҷикистон буда, ҳифзу таҳкими он масъулияти умумимиллӣ мебошад.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии мамлакат мебошад. Ин аст, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст. Ҳамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт ва ҳадафҳои стратегӣ - аз ҷумла, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, аз баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, бо роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар тадриҷан амалӣ шуданд. Ин ҳадафҳо барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт ва истифодаи самараноки захираҳои миллӣ заминаи муҳим фароҳам оварданд.
Бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, роҳу нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоӣ аз ҷумлаи равандҳои муҳими созандагӣ дар даврони истиқлолият мебошанд. Махсусан, сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун ҳамчун лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди минбаъдаи саноати кишвар аҳаммияти стратегӣ дорад.
Дар шароити муосир саноатикунонии босуръат яке аз самтҳои муҳими дигаргунсозии сохтори иқтисоди миллӣ мебошад. Таваҷҷуҳ ба рушди саноати маъдан, металлургия, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ имкониятҳои нав фароҳам меорад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ, аҳаммияти ин раванд дар он зоҳир мегардад, ки рушди истеҳсолоти саноатӣ метавонад ба афзоиши маҳсулоти дохилӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани даромади аҳолӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат намояд.
Яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат дастгирии ҷавонон, рушди илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Дар ҷаҳони муосир рушди давлат бе такя ба дониш, илм, технология ва сармояи инсонӣ ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, дастгирии олимони ҷавон, рушди таҳсилоти олӣ ва фароҳам овардани шароит барои фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аҳаммияти махсус дорад. Мо ҳамчун омӯзгор намояндагони соҳаи илм ва маориф бояд дарк намоем, ки ояндаи иқтисоди миллӣ аз сатҳи дониш, малакаи касбӣ ва иқтидори зеҳнии насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.
Зеро рушди давлат танҳо бо қабули барномаҳо таъмин намегардад, барои татбиқи онҳо фаъолияти самараноки мақомоти давлатӣ, ташаббускории шаҳрвандон, масъулияти соҳибкорон ва истифодаи имкониятҳои илмӣ зарур аст.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, таҳлили дастовардҳои даврони истиқлолият ва дарки масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди давлату миллат. Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ташаккули низоми давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои стратегии рушди кишвар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол мавқеи муҳим доранд.
Имрӯз вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки бо меҳнати содиқона, донишу маърифат, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстӣ дар ободии Ватани азизамон саҳм гузорем.
Нурмаҳмад Каримов,
Беҳрӯз Шарифзода,
омӯзгорони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng