Терроризм дар давраи кунунї аксари ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифта, ба хатари бузурги сайёра табдил  ёфтааст.Терроризм – калимаи лотинӣ буда, тарҷумааш тарс, воҳима мебошад ва  маънои шомилшавӣ ба ҳаракатҳои зуровариро дорад.  

Дар солҳои охир доираи кирдорҳои террористӣ васеъ гардида, роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав шудааст. Даҳшати терроризм имрӯз ҷаҳони муосирро ба ларза оварда, амнияти инсониятро таҳти хатар гузоштааст. Терроризм – ин воситаи амалӣ гардонидани нақшаҳои доимо амалкунандаи гурӯҳҳои ифротгаро буда, мақсади асосии гурӯҳҳои террористӣ ин тарсонидан, сохтани муҳити тарс, ваҳм дар байни мардум мебошад, ки он барои ба зери хатар мондани ҳаёти одамон  таҳдид мекунад.

Барои тайёр кардани амалҳои террористӣ шахсони алоҳида ба корҳои ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ шомил мегарданд ва барои амалиётҳои террористӣ замина тайёр мекунанд.

Соли 1989 аз тарафи Усома бен Ладен ташкилоти исломии «Ал-Қоида»таъсис ёфт. Дар баробари ин соли 1998 аз тарафи ӯ «Фронти байналхалқии исломӣ» ташкил карда шуд, ки якчанд гурӯҳҳои радикалҳои исломиро ба монанди «Ал-исломия», «Муҳоҷирин», «Ал-ҷиҳод», «Ҳаракат-ул- ансор»-ро муттаҳид  намуд, ки онҳо дар Покистон, Афғонистон ҳамчун гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амал мекарданд.

Дар Покистон 15 гурӯҳи муттаҳид бо сардори Амонуллохон, дар Филипин ташкилоти экстремистӣ бо номи «Абу Сайф»,  ки характери терроризми исломӣ доштанд, амал мекарданд. Ин ташкилотҳо ба руйхати гурӯҳҳои терроризми байналхалқӣ дохил карда шудаанд.

Мафҳуми экстремизм (калимаи лотини Экстремус) дар адабиёти илмӣ ва фарҳангиву иттлоотӣ ба маънои ҷонибдор  ё шомил шудан ба гурӯҳҳои тундрав, яъне «моҷароҷӯ» омадааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳо ва воситаҳои самараноки мубориза бар зидди терроризм мебошад.

Мақсади терроризм таҳдиди  руйрост ва хатарнок ба давлатҳои муосир  мебошад, ки онро  аксари сиёсатмадорони ҷаҳонӣ  эътироф намудаанд. Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ давлат худро эмин нигоҳ дошта наметавонад. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон,  махсусан ҷавонон бояд барои амнияти кишвар ҳамеша ҳушёр бошанд. Барои пешгирӣ ва бартараф  намудани экстремизму терроризм бояд усулу воситаҳои ошкору ниҳонро оқилона истифода намоянд.

Ҷавонони  тоҷикро  лозим аст, ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

 

Мирзоалиева Муборак – ассистенти

 кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ.