Ҳамватанони гиромӣ, устодон ва донишҷӯёни азиз!

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 34-солагии баргузории Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI Шурои Олӣ ва 10-солагии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истодаанд. Ба ин муносибат Шуморо самимона табрику таҳният намуда, бароятон сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор, дар фаъолияти меҳнатиатон бурдбориву муваффақиятҳои беназир ва барои кишвари азизамон сулҳу суботи абадӣ, рушди бемайлони иқтисодӣ, пешрафту тарақиёти рузафзунро орзу менамоям.

Воқеан, таърих баъзан дар назди миллатҳо лаҳзаҳоеро мегузорад, ки интихоби онҳо на танҳо сарнавишти як давра, балки ояндаи наслҳои баъдиро муайян мекунад. Барои миллати тоҷик чунин марҳилаи сарнавиштсоз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ буд. Тоҷикистон дар он айём ба гирдоби буҳрони амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гирифтор гардида, хатари аз байн рафтани рукнҳои давлатдорӣ, парокандашавии ҷомеа ва аз даст рафтани истиқлоли нав ба дастомада ба воқеияти талх табдил ёфта буд.

Дар чунин шароити ҳассосу тақдирсоз, ки ояндаи давлату миллат зери суол қарор дошт, баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ воқеан гардиши куллӣ дар таърихи навини Тоҷикистон гардид. Ин Иҷлосия на танҳо майдони қабули қарорҳои муҳими сиёсӣ, балки нуқтаи оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи умед ба фардои миллат ва муайян намудани роҳи минбаъдаи рушди Тоҷикистон буд.

Маҳз дар ҳамин Иҷлосияи таърихӣ, 19 ноябри соли 1992, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин интихоб оғози марҳилаи нави роҳбарии сиёсӣ ва ташаккули низоми нави давлатдории миллӣ шуд. Роҳбаре ба арсаи сиёсат омад, ки дар шароити ниҳоят мураккаб масъулияти бузурги таърихиро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ, ҷасорати сиёсӣ ва эътимод ба неруи созандаи миллат роҳи наҷоти давлатро пеш гирифтанд.

Дарки моҳияти Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ бидуни арзёбии нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконнопазир аст. Зеро маҳз бо ташаббус, роҳнамоӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат масъалаи барқарории сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар ба самти амалишавӣ равона гардид.

Дар ин замина, як нуктаи таърихӣ ва дорои маънои амиқи сиёсиву маънавиро махсус таъкид кардан бамаврид аст. Вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ниҳоят ҳассоси таърихи навини Тоҷикистон бо масъулияти бузург изҳор доштанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам», ин суханон танҳо як ваъдаи сиёсӣ набуд. Он ифодаи иродаи қавӣ, ҷасорати шахсӣ, масъулияти таърихӣ ва эътимоди роҳбари давлат ба ояндаи миллат буд.

Ин суханон дар зеҳни мо андешаи таърихии асосгузори давлати мутамаркази тоҷикон - Исмоили Сомониро низ зинда мекунанд, ки гуфта буд: «То даме ман зиндаам, бораи Бухоро манам». Андешаи мазкур рамзи масъулияти роҳбар дар назди давлат, сарзамин ва мардум, ифодаи иродаи ҳифзи давлатдорӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.

Албатта, ин ду сухан ба ду марҳилаи гуногуни таърихӣ тааллуқ доранд, аммо онҳоро як ғояи бузурги давлатдорӣ ба ҳам мепайвандад: масъулияти роҳбар барои ҳифзи давлат, наҷоти миллат ва таъмин намудани ояндаи осоиштаи мардум.

Агар Исмоили Сомонӣ дар замони худ бо иродаи давлатсозӣ пояҳои давлати мутамаркази тоҷиконро таҳким бахшида бошад, пас дар марҳилаи навини таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти наҷоти давлат, барқарории сулҳ ва эҳёи давлатдории миллии муосирро ба зимма гирифтанд.

Ҳамин пайванди маънавии таърихӣ нишон медиҳад, ки дар сарнавишти миллати тоҷик андешаи давлатдорӣ, ҳифзи сарзамин ва масъулияти роҳбар дар назди миллат аз арзишҳои бунёдӣ ба шумор мераванд.

Маҳз сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва ҷонибдории мардуми кишвар имкон фароҳам овард, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расад. Ин рӯйдод дар таърихи муосири тоҷикон ҳамчун пирӯзии хиради сиёсӣ, таҳаммулпазирӣ ва ваҳдати миллӣ сабт гардид.

Хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ танҳо дар доираи як рӯйдод ё як иқдоми сиёсӣ арзёбӣ кардан дуруст нест. Моҳияти нақши таърихии Сарвари давлат дар он зоҳир гардид, ки дар шароити парокандагии ҷомеа ва фурӯпошии ниҳодҳои давлатӣ тавонистанд раванди барқарорсозии давлатдориро роҳандозӣ намуда, ҷомеаро ба сӯи сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамун созанд.

Сулҳи тоҷикон баъдан ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъ тавассути муколама ва иродаи сиёсӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит намуд, ки ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиёт иродаи қавӣ, хиради сиёсӣ ва сиёсати дурандешонаро тақозо менамояд.

Дар ин замина, роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақдири давлату миллати тоҷик гардиши куллӣ ба вуҷуд овард. Дар он рӯзҳои ҳассосу тақдирсоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, бо иродаи қавӣ ва сиёсати хирадмандона роҳи наҷоти давлат, барқарории сохти конститутсионӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро пеш гирифтанд.

Пас аз таъмини сулҳ вазифаи бузурги дигар - барқарор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ пеш омад. Дар ин марҳила таҳти роҳбарии Пешвои миллат заминаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва сохтории давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфтанд. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994, таҳкими сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъсиси Артиши миллӣ ва ташаккули низоми муосири идоракунӣ барои пойдории истиқлол ва рушди минбаъдаи мамлакат аҳамияти бунёдӣ доштанд.

Ҳамзамон, эҳёи иқтисоди миллӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлат табдил ёфт. Бо ибтикор ва роҳнамоии Пешвои миллат ҳадафҳои стратегии миллӣ - расидан ба истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат муайян гардиданд.

Дар баробари ин, сиёсати давлат ба эҳёи худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва рушди илму маориф низ равона гардид. Ин иқдомҳо барои таҳкими ҳувияти миллӣ, тарбияи насли соҳибмаърифат ва ташаккули сармояи инсонӣ заминаи муҳим фароҳам оварданд.

Сиёсати хориҷии мутавозин ва сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат низ мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид. Ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор далели саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти умумибашарӣ мебошанд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар фазои маориф ва илми мамлакат насли замони истиқлол, ва маҳсули сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, рисолати калидии он омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи муассир мебошад. Бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати мамлакат донишгоҳ фаъолияти самараноки худро ба роҳ монда, ҳайати професморону омузгорони мо иҷрои босамари сиёсати давлатиро дар соҳаи маорифу илм, ташаккулӣ неруи инсонӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавону ботаҷриба рисолати касбии худ мешуморанд.

Соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии худро таҷлил менамояд. Он марҳилаҳои муҳими рушдро тай намуда, ҳоло бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ба яке аз марказҳои муҳими омодасозии кадрҳои иқтисодиву молиявии мамлакат табдил ёфтааст.

Устодони гиромӣ, донишҷӯёни азиз!

Чанде қабл мо- мардуми сарафроз ва сарбаланди Тоҷикистони азиз бо ифтихормандӣ, садоқати баланд ба миллату меҳан 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд таҷлил намудем. Тантанаҳои ҷашнӣ ҳанӯз дар мамлакат идома доранд.

Таҷлили Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи қабули Конститутсия, Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, силсилаи ҷашнҳое мебошанд, ки дар муттаҳидсозии миллати мо нақши калидӣ доранд. Ин санаҳои таърихӣ бо ҳам иртиботи амиқ дошта, марҳилаҳои муҳими наҷоти давлат, истиқрори сулҳ ва таҳкими давлатдории навини тоҷиконро таҷассум мекунанд.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи миллат назар афканда, арзиши сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро амиқтар дарк намоем. Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки рақобатҳои геополитикӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои амниятӣ ба вазъи давлатҳо таъсир мерасонанд, ҳифзи истиқлол ва ваҳдати миллӣ масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Маҳз дар чунин шароит сиёсати сулҳҷӯёна, мутавозин ва созандаи Пешвои миллат, ки бар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳалли осоиштаи мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ асос ёфтааст, аҳамияти махсус дорад.

Мо зиёиён, аҳли маориф ва илм, вазифадор ҳастем, ки дар замири насли ҷавон ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият ва масъулияти шаҳрвандиро тарбия намоем. Зеро ояндаи давлат пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат ва неруи зеҳнии шаҳрвандонаш вобаста мебошад.

Агар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғози наҷоти давлат ва эҳёи умеди миллат ба оянда бошад, пас сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои минбаъдаи кишвар натиҷаи сиёсати созанда, иродаи устувор ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Имрӯз вазифаи мо танҳо ифтихор аз дастовардҳои гузашта нест, балки ҳифзу таҳкими онҳо, рушди иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки захираҳо, пешрафти илму маориф ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватани азизамон мебошад.

Боварии комил дорам, ки бо муттаҳидӣ, меҳнати содиқона ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар ин роҳи пуршараф саҳми арзандаи худро мегузорем.

Дар фароварди сухан бо истифода аз фурсат, бори дигар Шуморо ба муносибати 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10-солагии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният менамоям.

Ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саломатии бардавом, умри дароз ва дар роҳи таҳкими истиқлолу давлатдорӣ ва рушди Тоҷикистони азиз комёбиҳои нав ба нав орзуманд мебошам.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!.