Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлат буда, асосҳои сохтори давлатӣ, принсипҳои ташкили ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсия ҳамчун санади дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мақоми махсус дошта, заминаи асосии фаъолияти низоми давлатдорӣ ва танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Қабули он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди сарнавиштсоз буда, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва бунёди давлати ҳуқуқбунёд заминаи устувор гузошт.

Баъдан бо мақсади такмили низоми давлатдорӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба талаботи рушди ҷомеа ба Конститутсия солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима ва 10 боб иборат буда, масъалаҳои асосии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кишварро фаро мегирад. Мутобиқи моддаи 10 Конститутсия, Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ҳамаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба он мувофиқат намоянд.

Мувофиқи моддаи 1 Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин хусусиятҳо асосҳои конститутсионии давлатдориро муайян намуда, самтҳои асосии рушди ҷомеаро ифода мекунанд.

Яке аз муҳимтарин арзишҳои Конститутсия эътироф ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Мутобиқи моддаи 5 инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Давлат вазифадор аст ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.

Дар Конститутсия як қатор ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд кафолат дода шудаанд. Аз ҷумла:

ҳуқуқ ба ҳаёт;

ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахс;

баробарӣ дар назди қонун ва суд;

ҳуқуқ ба таҳсил;

ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб;

ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ;

озодии сухан ва эътиқод;

ҳуқуқ ба моликият;

ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ.

Ин ҳуқуқҳо барои таъмини зиндагии арзанда, рушди шахсият ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ҳаёти ҷамъиятӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

Ҳамзамон, Конститутсия танҳо ҳуқуқу озодиҳоро муайян намекунад, балки вазифаҳои шаҳрвандонро низ муқаррар менамояд. Ҳар як шаҳрванд вазифадор аст:

Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя намояд;

Ватанро ҳифз кунад;

андоз ва дигар пардохтҳои муқаррарнамудаи қонунро супорад;

ҳуқуқу озодиҳои дигаронро эҳтиром намояд;

ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ҳифз кунад;

табиат ва муҳити зистро эҳтиёт намояд.

Иҷрои ин вазифаҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва рушди устувори давлат аҳаммияти муҳим дорад.

Конститутсия инчунин асосҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ ва принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Тақсимоти ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, баробарии шаҳрвандон ва масъулияти мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи принсипҳои муҳими низоми конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар шароити муосир, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ва тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ босуръат идома доранд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ҳар як шахс бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад ва дар ҳаёти ҳаррӯза меъёрҳои қонунгузориро риоя намояд.

Дар ин раванд нақши муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим мебошад. Омӯзиши Конститутсия дар муассисаҳои таълимӣ, баргузории чорабиниҳои маърифатӣ ва ташвиқи фарҳанги ҳуқуқӣ барои ташаккули шаҳрвандони масъулиятшинос мусоидат мекунад.

Ҳамчунин, маҳз дар асоси принсипҳои конститутсионӣ қонунгузории соҳавӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба муқовимат ба коррупсия, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини амнияти ҷамъиятӣ таҳия ва татбиқ мегарданд.

Хулоса, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи асосии давлатдорӣ, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омили муҳими таъмини суботу ваҳдати миллӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд мазмуну аҳаммияти онро омӯзад, меъёрҳои онро эҳтиром намояд ва дар ҳаёти ҳаррӯза риоя кунад. Донистани Конститутсия нишонаи маърифати баланди ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Мо бояд бо эҳтироми қонун, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорем.

 

А. АСОЕВ,

мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент

М. АБДУРАҲМОНОВА,

ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ