Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили усулҳои ҳисобкунӣ ва ситонидани андозҳо тағйироти муҳим ва назаррас ворид намудааст. Ин ислоҳот ба беҳтар гардидани низоми андозбандӣ, баланд бардоштани шаффофият ва осон намудани тартиби ҳисобкунии андозҳо равона гардидааст.

Яке аз тағйироти асосӣ ба андоз аз амволи ғайриманқул дахл дорад. Пештар ин навъи андоз ба андози замин вобаста буда, меъёрҳои он дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ муайян карда мешуданд. Чунин тартиб боиси душвории ҳисобкунии ягона ва номувофиқии баъзе меъёрҳо мегардид, ки дар навбати худ ба банақшагирии дурусти даромадҳои буҷетӣ таъсир мерасонд.

Дар Кодекси нави андоз тартиби нав ҷорӣ карда шудааст, ки мувофиқи он андоз аз амволи ғайриманқул мустақилона ҳисоб карда мешавад. Он ба масоҳати объект ва мақсади истифодаи он вобаста буда, барои ҳар як гурӯҳи амвол меъёрҳои мушаххас муқаррар гардидаанд. Ин меъёрҳо аз 3% то 15% вобаста ба навъи амвол ва истифодаи он фарқ мекунанд.

Илова бар ин, дар низоми нав коэффитсиентҳои минтақавӣ низ истифода мешаванд, ки вобаста ба ҷойгиршавии объект андозро танзим мекунанд. Масалан, дар шаҳри Душанбе коэффитсиент баландтар буда, дар минтақаҳои дурдаст пасттар мебошад. Ин тартиб ба таъмини адолати андозбандӣ ва ба инобат гирифтани шароити иқтисодии минтақаҳо мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, дар кодекси нав баъзе сабукиҳо пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, таҳхонаҳо, болохонаҳо ва як қатор биноҳои ёрирасон, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд, ба манбаи андоз дохил карда намешаванд. Ин иқдом бори андозсупорандагонро то андозае сабук мегардонад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки низоми нави андозбандӣ дар самти ҳисобкунӣ ва ситонидани андозҳо бештар ба шаффофият, одилонагӣ ва самаранокӣ равона шудааст. Он ба беҳтар шудани идоракунии даромадҳои буҷетӣ ва мутобиқшавӣ ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта мусоидат менамояд.

 

Абдурасул РАҲИМЗОДА,

магистри курси 1-уми ихтисоси 1-260101, идоракунии давлатӣ