КОРРУПСИЯ ВА ИҚТИСОДИ НИҲОНӢ
Коррупсия ва иқтисоди ниҳонӣ ду амали ба ҳам зичанд, ки ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Ин мушкилот на танҳо дар кишварҳои рӯ ба рушд, балки дар кишварҳои пешрафта низ ба назар мерасанд. Коррупсия истифодаи ғайриқонунии мансаб ё ваколат барои ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад. Он метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир гардад: ришваситонӣ, суиистифода аз ваколат, хешутаборбозӣ ва ғайра. Коррупсия эътимоди мардумро ба ҳукумат коҳиш медиҳад ва монеаи асосӣ барои ҷалби сармоягузорӣ мегардад.
Иқтисоди ниҳонӣ (ё «иқтисоди соя») фаъолиятҳои иқтисодиест, ки аз назорати давлат пинҳон монда, андоз супорида намешавад. Ба он савдои ғайриқонунӣ, меҳнати ғайрирасмӣ, истеҳсоли пинҳонӣ ва дигар фаъолиятҳо дохил мешаванд. Гарчанде ки чунин иқтисод метавонад барои баъзе аҳолӣ манбаи даромад бошад, аммо он ба буҷети давлатӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.
Коррупсия ва иқтисоди ниҳонӣ якдигарро тақвият медиҳанд. Вақте ки сатҳи коррупсия баланд аст, соҳибкорон ва шаҳрвандон бештар кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти худро пинҳон нигоҳ доранд, то аз пардохти ришва ё андозҳои баланд канорагирӣ кунанд. Аз тарафи дигар, густариши иқтисоди ниҳонӣ имкониятҳои бештар барои амалҳои коррупсионӣ фароҳам меорад. Оқибатҳои манфии корупсия ин кам шудани даромади буҷетӣ, давлатӣ, паст шудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ, афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ, коҳиши рушди иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, беэътимодӣ ба ниҳодҳои давлатӣ мегардад.
Барои коҳиш додани коррупсия ва иқтисоди ниҳонӣ чораҳои зерин муҳиманд: таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар идоракунии давлатӣ, сода кардани низоми андоз ва қонунгузорӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ барои кам кардани тамоси инсонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти назорат ва ҷазо барои қонуншиканӣ.
Коррупсия ва иқтисоди ниҳонӣ монеаи ҷиддӣ барои рушди иқтисод ва беҳбудии ҷомеа мебошанд. Танҳо тавассути ҳамкории давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мумкин аст ин мушкилотро коҳиш дода, заминаи рушди устуворро фароҳам овард.
Дар суханрониҳои худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки коррупсия яке аз монеаҳои асосии рушди иқтисод ва таҳкими давлатдорӣ мебошад. Мубориза бо ин амал бояд самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ бошад.
Ба андешаи Сарвари давлат, шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ омилҳои калидӣ дар коҳиши коррупсия мебошанд. Ҳамчунин, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла хизматрасониҳои электронӣ метавонад тамоси мустақими байни шаҳрвандон ва мансабдоронро кам карда, имкониятҳои коррупсиониро маҳдуд созад.
Дар мавриди иқтисоди ниҳонӣ низ Пешвои миллат изҳор доштаанд, ки он ба рушди иқтисоди миллӣ зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ҷумла, пинҳон доштани даромад ва саркашӣ аз пардохти андоз боиси кам шудани маблағҳои буҷет гардида, татбиқи барномаҳои иҷтимоиро ки низоми андозбандӣ одӣ ва фаҳмо гардад, душвор мегардонад ва барои коҳиш додани иқтисоди ниҳонӣ зарур аст соҳибкорон дастгирӣ ёбанд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шавад
Тавре аз суханрониҳои Пешвои миллат бармеояд, мубориза бо коррупсия ва иқтисоди ниҳонӣ танҳо бо қонунгузорӣ маҳдуд намешавад, балки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳамкории фаъоли ҷомеа низ аҳамияти калон дорад. Ин раванд бояд пайваста ва ҳамаҷониба амалӣ гардад, то рушди устувори иқтисодӣ таъмин шавад.
Зарина ДАВЛАТШОЕВА,
дотсенти кафедраи иқтисоди ҷаҳони факултети МИБ ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng