Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза, ки таҳдидҳои наву зуҳуроти номатлуб ба мисли терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир рӯ ба афзоиш доранд, масъалаи таъмини амнияти миллӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол авлавияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавқеи геополитикии худ дар хати муқаддами мубориза бо ин хатарҳо қарор дорад. Дар ин раванд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамчун сутуни асосии давлатдорӣ ва кафили сулҳу субот нақши калидӣ мебозанд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муборизаи беамон бо идеологияи ифротгароӣ мебошад. Ин мақомот на танҳо дар ошкор ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷиноятпеша, балки дар корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ низ саҳми арзанда мегузоранд.

Амнияти миллӣ бо амнияти сарҳад ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир иртиботи ногусастанӣ дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ роҳҳои интиқоли маводи мухаддирро, ки яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад, маҳкам мекунанд. Ин иқдомҳо на танҳо амнияти дохилӣ, балки амнияти минтақа ва ҷаҳонро низ таъмин менамоянд.

Амнияти миллӣ танҳо аз ҳифзи марзу бум иборат нест, он инчунин, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳар як шаҳрванд аз амалҳои ҷиноятиро дар бар мегирад. Вақте ки дар ҷомеа волоияти қонун ҳукмфармост ва шаҳрвандон худро дар паноҳи қонун эҳсос мекунанд, замина барои рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам меояд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар доираи созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла СММ, САҲА, СҲШ ва САҲД ҳамкориҳои зич доранд. Мубодилаи иттилооти оперативӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва шарикони стратегӣ имкон медиҳад, ки таҳдидҳо дар марҳилаи аввали пайдоиш дафъ карда шаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳояшон таъкид доштанд: «Амният ва суботи кишвар заминаи асосии пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад».

Ҳамин тариқ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди Ватан буда, шабонарӯз барои осоиштагии мардум талош мекунанд. Аммо таъмини амнияти миллӣ танҳо вазифаи кормандони соҳа нест. Ҳар як шаҳрванди ватандӯстро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсӣ дар канори мақомот бошад, то мо битавонем ин неъмати гаронбаҳо - сулҳу ваҳдатро барои насли оянда ҳифз намоем.

 

Наргис ДАВЛАТОВА,

омӯзгори ДДМИТ