Дар таърихи ҳар як миллат рӯзҳое ҳастанд, ки сарнавишти давлат ва ояндаи халқро муайян месозанд. Барои мардуми Тоҷикистон чунин рӯзи таърихӣ 27 июни соли 1997 мебошад, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин рӯйдоди муҳим на танҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид, балки барои таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва оғози марҳилаи нави рушду пешрафти кишвар заминаи устувор гузошт.

Мо Истиқлоли давлатиро ба даст овардем, вале солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои миллат басо вазнин ва пурфоҷиа буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёти ҷомеа зарбаи сахт расонд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор шаҳрвандон тарки хонаю кошона карданд ва давлат ба буҳрони амиқ рӯ ба рӯ гардид. Маҳз дар ҳамин шароити мураккаб зарурати ба ҳам омадан, муколама ва ризоияти миллӣ пеш омад.

Насли калонсол хуб дар хотир дорад, ки он рӯзҳои сангинро мардум чӣ гуна паси сар мекарданд. Норасоии озуқа, мушкилоти иқтисодӣ, бемориҳо ва ноумедӣ зиндагии мардумро душвор гардонида буданд. Аммо иродаи қавии миллат ва орзуи сулҳу оромӣ билохира пирӯз гардид. Созишномаи сулҳе, ки дар шаҳри Москва ба имзо расид, сарнавишти давлатро дигаргун сохт ва ба мардуми Тоҷикистон умеди тоза бахшид.

Тавре Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ваҳдати миллӣ такмилдиҳандаи истиқлоли давлатӣ мебошад. Агар истиқлолият рамзи соҳибихтиёрии давлат бошад, ваҳдат омили пойдорӣ ва устувории он аст. Бе сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмӣ истиқлолият наметавонад арзиши воқеии худро пайдо кунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунад, ки: “Мардуми тоҷик маҳз бо файзу баракати истиқлолият ва ваҳдат ба давлатдории миллӣ ва эъмори ҷомеаи демократӣ расид. Ҳар қадар, ки аз ин санаи тақдирсоз фосилаи таърих бештар тай мешавад, аҳамияти бузургу сарнавиштсози ин ду мафҳуми муқаддас барои давлату халқи Тоҷикистон ҳамон қадар равшантар мегардад.

Бо талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуд. Ин суханон нишон медиҳанд, ки ваҳдат ва сулҳ на танҳо барои имрӯз, балки барои ояндаи наздику дури миллат низ муҳиманд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: " Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои муқаддастарин қадру қимати бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии тамоми халқи мамлакат мебошанд".

Дар саргаҳи ин дастоварди бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Маҳз бо талошҳои пайгирона, иродаи сиёсӣ ва ҷасорати таърихии ӯ мардуми тоҷик аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт. Дар рӯзҳое, ки давлат хатари аз байн рафтанро дошт, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти бузурги роҳбарии кишварро бар дӯш гирифта, тамоми неру ва ҳастии худро барои наҷоти миллат сафарбар намуд.

Таърих гувоҳ аст, ки баъди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди барқарорсозии давлатдорӣ оғоз гардид. Сарвари давлат барои муттаҳид намудани ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, эҳёи сохторҳои давлатӣ ва таъмини сулҳу оромӣ иқдомҳои муассир амалӣ намуданд. Бо заҳматҳои шабонарӯзӣ ва музокироти тулонӣ сулҳи тоҷикон ба даст омад, ки имрӯз ҳамчун таҷрибаи нодири сулҳофарӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст.

Бузургтарин дастоварди Пешвои миллат барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ин дастовард барои оғози корҳои азими созандагию бунёдкорӣ шароити мусоид фароҳам овард. Дар муддати кӯтоҳ кишвар аз марҳилаи буҳронӣ ба марҳилаи рушд ворид гардид. Роҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ бунёд шуда, сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардид.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Беш аз 200 кишвари ҷаҳон истиқлоли онро ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд барқарор намуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳими байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.

Дар арсаи байналмилалӣ низ ташаббусҳои Пешвои миллат обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро баланд бардоштанд. Пешниҳодҳои глобалӣ оид ба масъалаҳои об, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Ваҳдати миллӣ фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки ин неъмати бузургро ҳифз намояд ва барои таҳкими сулҳу субот саҳми худро гузорад.

Шоирон ва аҳли адаб низ нақши Пешвои миллатро дар таҳкими сулҳу ваҳдат бо самимияти хос васф намудаанд. Дар ашъори онҳо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори сулҳ, раҳнамои миллат ва ҳомии истиқлол тасвир мегардад. Шеърҳои онҳо эҳсоси сипосгузории мардумро нисбат ба хизматҳои таърихии Сарвари давлат инъикос менамоянд.

Имрӯз мо метавонем бо ифтихор бигӯем, ки Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба кишвари сулҳпарвар, созанда ва рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи ваҳдати миллӣ, заҳмати мардуми шарафманди кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд.

Шукри ваҳдат, шукри сулҳу субот ва шукри Истиқлоли давлатӣ, ки барои мардуми тоҷик зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро фароҳам овардааст.

Ба қавли Роҳбари давлат: “Ҳамаи моро зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон, нуфуз пайдо кунанд”.

Вазифаи ҳар яки мост, ки ин дастоварди муқаддасро ҳифз намуда, барои шукуфоии боз ҳам бештари Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.

 

Солиев Нодирҷон Амрохонович,

н.и.и., дотсент мудири кафедраи бехатарии иқтисодии ДДМИТ