Дар шароити муосири рушди ҷомеа масъалаи тарбияи насли наврас дар руҳияи сулҳ, ваҳдат, хештаншиносӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Зеро ояндаи ҳар як миллат ба сатҳи маърифату ахлоқи ҷавонон, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии онҳо вобаста мебошад.

Сулҳ бузургтарин неъмати зиндагии инсон, фазои оромӣ, амният, эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад. Дар муҳити сулҳ ҷомеа рушд мекунад, оилаҳо устувор мегарданд ва зиндагии мардум ба самти беҳбудӣ равона мешавад. Аз ҳамин рӯ, зарур аст, ки наврасон аз синни хурдӣ арзиши сулҳро дарк намуда, онро ҳамчун муқаддастарин дастоварди ҳаётӣ эҳтиром намоянд.

Тарбияи сулҳпарварӣ бояд, пеш аз ҳама, аз оила оғоз гардад. Оила аввалин мактаби зиндагӣ ва тарбия мебошад, ки дар он хислатҳои асосии шахсият ташаккул меёбанд. Ростгӯӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба калонсолон ва муҳаббат ба Ватан маҳз дар муҳити солими оилавӣ рушд меёбанд. Бе таваҷҷуҳи кофӣ ба тарбияи фарзанд метавонад хатари пайдоиши рафторҳои номатлуб, аз ҷумла ҷинояткорӣ ва бегонашавӣ аз арзишҳои миллӣ ба миён ояд.

Дар баробари оила, муассисаҳои таълимӣ низ дар ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон нақши ҳалкунанда дошта, маркази тарбияи ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷавонон мебошанд. Омӯзгорон бояд дар зеҳни насли ояндасоз ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми қонун, масъулиятшиносӣ ва худшиносии миллиро тақвият бахшанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ки имрӯз ҷомеа бо он рӯ ба рӯ аст, таъсири муҳити иттилоотӣ ва фарҳанги ҷаҳонишавӣ ба тафаккури наврасон мебошад. Филмҳо, бозиҳои компютерӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ дошта бошанд. Дар сурати истифодаи нодуруст, онҳо метавонанд зӯроварӣ, бераҳмӣ ва бепарвоиро тарғиб намоянд. Аз ин рӯ, назорати падару модарон ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи технологияҳои муосир хеле муҳим аст.

Ҳамзамон, ҷомеа бояд ба пешгирии рафторҳои манфӣ, аз қабили хиёнат, бевафоӣ, дурӯғгӯӣ ва беэҳтиромӣ диққати ҷиддӣ диҳад. Зеро чунин амалҳо пояи эътимодро дар ҷомеа заиф намуда, ба муносибатҳои инсонӣ зарар мерасонанд. Танҳо дар асоси ростқавлӣ, садоқат ва эҳтироми ҳамдигар метавон ҷомеаи устувор ва солим бунёд кард.

Сулҳ ва ваҳдат ду мафҳуми ба ҳам пайваста мебошанд, ки пояи давлатдорӣ ва рушди устувори ҷомеаро ташкил медиҳанд. Сулҳ оромиро таъмин мекунад, ваҳдат бошад, мардумро муттаҳид месозад ва неруи онҳоро ба самти созандагӣ равона мекунад. Танҳо дар фазои сулҳу ваҳдат давлат метавонад рушд кунад ва мардум ба зиндагии шоиста ноил гардад.

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сулҳу ваҳдат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Ҳифзи ин неъматҳои бузург ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда вазифаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Танҳо бо ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ метавон суботи ҷомеа ва пешрафти давлатро таъмин намуд. Яъне тарбияи насли оянда дар руҳияи сулҳ ва ваҳдат кафили фардои дурахшони миллат мебошад. Танҳо ҷомеае метавонад устувор ва пешрафта бошад, ки фарзандони он дорои ахлоқи нек, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ бошанд.

 

Бахтовар ДАВЛАТЗОДА,

омӯзгори ДДМИТ