ВАҲДАТИ МИЛЛӢ АСОСИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ МЕБОШАД
Агар ба таърихи ҳар як миллату халқият назар андозем, мебинем, ки дар он рӯзҳое вуҷуд доранд, ки на танҳо ҳамчун санаи тақвимӣ, балки ҳамчун рамзи сарнавишт, бақо ва ояндаи ин давлату миллат ҷойгоҳи махсус пайдо мекунанд. Барои мардуми Тоҷикистон чунин санаи муқаддас ва таърихсоз Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки ҳамасола 27 июн дар саросари кишвар бо ифтихор ва шукргузорӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз таҷассуми ормони ҳазорсолаи миллат барои сулҳ, оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагӣ буда, ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, иртибот дорад.
Ваҳдат мафҳуми бисёр фарох ва амиқ мебошад, ки он танҳо маънои муттаҳид будани гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаро надорад, балки рамзи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва садоқат ба Ватан аст. Ваҳдат неруест, ки мардумро ба суи созандагӣ, рушд ва пешрафт раҳнамун месозад. Агар истиқлолият ба миллат озодӣ бахшида бошад, ваҳдат барои ҳифзи он заминаи устувор фароҳам овардааст. Бесабаб нест, ки муҳаққиқон ва донишмандон Ваҳдати миллиро яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихи навини Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
Ваҳдат барои миллати тоҷик танҳо як калима нест. Он маънои ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтироми якдигарро дорад. Ваҳдат неруест, ки мардумро ба ҳам меорад, қалбҳоро муттаҳид месозад ва ҷомеаро ба сӯи рушду пешрафт роҳнамоӣ мекунад. Агар истиқлолият рамзи озодии давлат бошад, ваҳдат кафили ҳифзи ин озодӣ ва омили асосии рушди давлатдории миллӣ мебошад.
Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар соли 1991 ба марҳилаи бисёр ҳассоси таърихӣ ворид гардид. Мутаассифона, дар солҳои аввали истиқлолият бар асари омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт, ки ба ҳаёти ҳазорҳо шаҳрвандон таъсири фоҷиабор расонид. Дар натиҷаи муқовиматҳои мусаллаҳона ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор нафар муҳоҷир ва гуреза шуданд, иқтисоди миллӣ зарари калон дид ва хатари аз байн рафтани давлатдории навини тоҷикон ба вуҷуд омад. Дар чунин шароити мураккаб масъалаи асосӣ на рушди иқтисодӣ, балки ҳифзи давлат ва миллат гардид.
Маҳз дар ҳамин давраи ҳассоси таърихӣ иродаи сиёсӣ, хиради миллӣ ва талошҳои пайваста барои барқарор намудани сулҳ нақши ҳалкунанда бозиданд. Пас аз музокироти тулонӣ байни тоҷикон ва миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, оғози давраи нави рушди давлат ва ҷомеаи тоҷикон гардид.
Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон ба марҳилаи сулҳсозӣ, оштии миллӣ ва эҳёи давлатдорӣ ворид шуд. Барқарор намудани фаъолияти сохторҳои давлатӣ, бозгашти гурезаҳо ба Ватан, таъмини амният, рушди иқтисод ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа гардиданд. Дар натиҷаи татбиқи муваффақонаи Созишномаи сулҳ ҷомеаи Тоҷикистон тадриҷан ба суботи сиёсӣ ноил гардид ва замина барои пешрафти минбаъдаи кишвар муҳайё шуд.
Имрӯз баъд аз гузашти солҳои зиёд аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ боз ҳам равшантар эҳсос мегардад. Агар ба дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисод, маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг ва муносибатҳои байналмилалӣ назар афканем, хоҳем дид, ки ҳамаи онҳо маҳз дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ гардидаанд. Бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, рушди сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ҳама натиҷаи сулҳу ваҳдат мебошанд.
Ваҳдат барои миллати тоҷик арзиши таърихӣ низ дорад. Нигоҳе ба гузаштаи халқи тоҷик нишон медиҳад, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ маҳз ягонагӣ ва сарҷамъӣ омили асосии бақои миллат будааст. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар фарзонагони миллат дар осори худ ҳамеша мардумро ба дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдат даъват намудаанд.
Шоири бузурги форсу тоҷик Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ин андешаҳои инсонгароёна имрӯз низ аҳамияти бузург доранд, зеро ҷомеаи муосир низ ба ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад.
Шоири маҳбуби миллат Лоиқ Шералӣ низ Ватан ва ваҳдати мардумро аз муқаддастарин арзишҳо медонист. Ӯ дар ашъори худ борҳо муҳаббат ба Ватан, эҳтироми таърих ва зарурати ҳифзи ягонагии миллатро васф намудааст. Осори ӯ ҷавононро ба ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят мекунад.
Имрӯз масъулияти ҳифзи Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ба дӯши ҷавонон вогузор шудааст. Насли ҷавон бояд дарк намояд, ки сулҳу оромии имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Барои барқарор гардидани сулҳ ҳазорон нафар ҷоннисорӣ намудаанд ва аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки барои ҳифзи ин неъмати бузург саҳми худро гузорад.
Донишҷӯён ҳамчун қишри фаъол ва ояндасози ҷомеа бояд арзишҳои ваҳдат, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳамдигар ва муҳаббат ба Ватанро тарғиб намоянд. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафтаро ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Имрӯз вақте дар саросари кишвар парчами сулҳу ваҳдат парафшон аст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд шукрона намояд, ки дар фазои оромиву субот зиндагӣ мекунад. Ваҳдати миллӣ воқеан неъмати бебаҳоест, ки арзиши онро танҳо бо дарки воқеаҳои таърихӣ метавон фаҳмид.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ба қадршиносии сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд. Ин рӯз ба ҳар яки мо ёдрас мекунад, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон танҳо дар шароити ягонагӣ, ҳамбастагӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан таъмин хоҳад гардид.
З. ТОҶИДДИНОВА,
н.и.и, муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибии факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng