НАЗАРИ АКАДЕМИК МУСО ДИНОРШОЕВ ДАР МАВРИДИ МУТЛАҚО ТОҶИК БУДАНИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Куфре чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир
Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.
Абуалӣ ибни Сино.
Аз замони Ибни Сино то рӯзгори мо беш аз ҳазор сол гузаштааст. Дар ин фосилаи тӯлонӣ илму дониши инсонӣ ба дараҷаи куллӣ ташаккул ёфтааст. Лекин акнун низ инсоният зиёдтар ниёз ба илмҳои мутафаккиру донишмандони гузашта дорад.
Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Алӣ, ибни Сино соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақаи (Афшонаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро, дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдулло олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда, дар дарбори подшоҳфаъолият менамуд. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳокими яке аз вилоятҳои амири Сомониён Нуҳи II ибни Мансур (976-997) буд. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ва дар муддати кӯтоҳ Ибни Сино аз устодаш ин илмро омӯхта, дар омӯзиши он муваффақ шуд. Бар замми ин Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва илми фиқҳ мепардозад. Ибни Сино ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи олӣ дошт, ки дар сини 14 солагӣ тавонист ҳамаи илмҳои замонаашро аз худ намуда, аз муаллимони худ гузар кунад. Дар 18 солагӣ барояш дигар чизе намонда буд, ки биомӯзад.
Абуалӣ илми тибро аз Абумансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нуҳ ибни Мансур буд омӯхтааст. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ аз 12 солагӣ шурӯъ намудааст. Ӯ дар 16 солагӣ ҳамчун табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуда буд. Ҳамчунин бо такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илмҳои илоҳӣ баргашта, дониши худро дар ин самт низ хеле мукаммал намудааст.
Рӯзгор ва саргузашти Ибни Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст.
Шӯҳрати Ибни Сино дар Аврупо хеле зиёд буда, бо номи “Авитсена” маъруф аст. Миқдори асарҳои Ибни Синоро пажуҳишгарон аз 148 то 482 – то гуфтаанд. Муҳимтарини онҳо китобҳои "Ал- қонун", “Китоб-уш-шифо”, “Донишнома”, “Китоби инсоф”, “Ал-ҳикмат-ул-машриқия”, “Ан-нҷот”, “Ишорот ва танбеҳот” мебошад. Аксари таълифу таснифи Ибни Сино ба забони арабӣ навишта шудааст. Ӯ ба забони форсии тоҷикӣ бештар аз 30 рисолаву китоб дар илмҳои гуногун офаридааст, ки муҳимтаринашон “Донишнома”, “Рисолаи набз”, Рисолаи илми пешин ва барин”, “Мантиқи форсӣ”, “Ҳалли мушкилот –ул-маъния”, “Рисолаи тамсилоти форсӣ” ва ғайра мебошад.
Дар бораи тоҷик будани Абуалӣ ибни Сино дар байни олимони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ихтилофи ақида ҷойгир аст. Академик Мусо Диноршоев дар тасниф ва мактабҳои гуногуни фалсафии Абуалӣ ибни Сино маълумотҳои муҳим овардааст. Масусан китоби “Рисолаи саргузашт”-и ӯро омӯхта, фикру ақидаҳои худро дар боби якӯми китоби худ “Зиндагӣ ва осори Ибни Сино” байён намудааст.
Академик Мусо Диноршоев аз таърихи таваллуду макони зисти Ибни Сино, доир ба аҳли мазҳаби исмоилӣ будани ӯ ишорат мекунад. Инчунин таъкид менамояд, ки дар ин рисола, ки қисми аввали онро худи Ибни Сино ва қисми дуюмашро шогирди Сино Абуубайди Ҷузҷонӣ навишта буданд, оид ба мансубияти қавмии Ибни Сино ишора нашуда, то охири асри XIX касе мансубияти вайро ба қавми тоҷик (форс) рад накардааст.
Академик қайд менамояд: “Шубҳаҳои аввалин дар ин бора дар охири асри XIX аз ҷониби олимони Туркия баён шуда буданд. Онҳо кӯшиш менамуданд, исбот намоянд, ки Ибни Сино на тоҷик (форс) балки турк аст. Ин даъвои худро ба чунин далел исбот мекарданд, ки Ибни Сино на шиӣ, балки суннимазҳаб буда, бо забони форсӣ чизе наофаридааст”. (Ганҷи ҳикмат. Истамбул. 1873). Онҳо донистан намехостанд, ки Ибни Сино бо забони тоҷикӣ бештар аз 30 асар офаридааст, ки муҳимтарини онҳо “Донишнома” аст, ки дар он масоили умдаи мантиқ, фалсафа, илоҳиёт, табииёт, риёзиёт бо забони фосеҳи тоҷикӣ (форсӣ) баён шудаанд. Илова бар ин Ибни Сино бо забони тоҷикӣ шеър ҳам менавишт.
Чи тавре, ки Мусо Диноршоев овардааст, дар бораи аслу насаб ва қавмияти Ибни Сино назари дигаре низ вуҷуд дорад. Ин назари файласуфи муосири араб Ориф Томир аст. Аз назари ӯ “Ибни Сино на форс, на рус”, балки “араби асил”, “араби дар арабияти худ покаҷдод” аст. Орифи Томир ин ақидаи худро ба он асоснок месозад, ки гӯё падари Ибни Сино “Абдуллоҳ ибни Ҳусайн аз хонаводаи араби яманӣ аст.... Ӯ дар аҳди халифаи фотимӣ ал-Азизбиллоҳ ба Миср омад ва баъди хатми таҳсил ба Форс фиристода шуд”. Ин назари Ориф Томирро низ академик рад менамояд, зеро модари Ибни Сино тоҷикбонуи асила буд.
Ҳамин тавр масъалаи аслу насаб ва қавмияти Ибни Сино рӯшан гардида, аз табори тоҷикони (форс) Балх будани ӯ муайян гардидааст, ки дар он ҷойи ягон шаку шубҳае нест.
Ҳомидова Қутбия- дотсенти
кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng