ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ СУЛҲ
(Дар партави қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»)
Дар шароити муосир масъалаи таъмини сулҳу амният ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Афзоиши низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва дигар мушкилоти глобалӣ аз давлатҳо тақозо менамояд, ки барои таҳкими сулҳу субот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ чораҳои муассир андешанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва ҷонибдори ҳамкории созанда дар арсаи байналмилалӣ пайваста ташаббусҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба таҳкими сулҳ, амният ва рушди устувори ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд. Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва барқарор гардидани сулҳу ваҳдати миллӣ тавонист таҷрибаи нодири сулҳофаринии худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намояд. Маҳз ҳамин таҷриба барои пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Яке аз омилҳои муҳими ташаккули сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон таҷрибаи муваффақи барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар мебошад. Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 Тоҷикистон тавонист суботи сиёсиро таъмин намуда, барои рушди давлатдорӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо эътироф гардидааст. Ин таҷриба нишон дод, ки тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва иродаи сиёсӣ метавон мушкилоти мураккабро ҳал намуд ва сулҳи пойдорро таъмин кард. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкими фарҳанги сулҳ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ аҳаммияти махсус медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали узвият дар Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди масъалаҳои глобалӣ фаъолона иштирок менамояд. Дар баробари ташаббусҳои марбут ба масъалаҳои обу иқлим, Тоҷикистон пайваста масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амниятро низ дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ месозад.
Ҳамчунин, қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда барои солҳои 2027-2036», ки бо ташаббуси сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудааст, яке аз иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими сулҳи умумибашарӣ ва амнияти байналмилалӣ ба шумор меравад. Қатъномаи мазкур дар шароити бисёр ҳам мураккаб, ки ҷаҳони муосир бо буҳронҳои печидаи геосиёсӣ, афзоиши низоъҳо, таҳдидҳои ба амнияти миллӣ, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим, нобаробарии иҷтимоӣ ва заъфи эътимоди байни давлатҳо рӯ ба рӯ мебошад, қабул карда шудааст. Дар чунин шароит, ҳар ташаббусе, ки сулҳро на танҳо ҳамчун ҳадафи сиёсӣ, балки ҳамчун арзиши ахлоқӣ, фарҳангӣ ва умумибашарӣ муаррифӣ мекунад, дорои аҳаммияти таърихӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдати миллӣ, ки дар натиҷаи иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ба даст омадааст, имрӯз ба яке аз асосҳои муҳимми сиёсати хориҷии кишвар табдил ёфтааст. Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар сатҳи байналмилалӣ барои таҳкими сулҳ, амният, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни давлатҳо саҳми арзанда мегузорад.
Қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» боз як далели равшани эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди арзишҳои сулҳпарварона дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ташаббус на танҳо аҳаммияти сиёсӣ ва байналмилалӣ дорад, балки ба ташаккули фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва тарбияи наслҳои оянда дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат менамояд. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир татбиқи ҳадафҳои ин даҳсола метавонад барои таҳкими субот, коҳиши низоъҳо ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими сулҳ ҳамчун саҳми арзишманд дар таъмини амният ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегарданд.
Қаландар САФАРЗОДА,
декани факултети иқтисод ва идоракунии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng