Санаи 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи навбатии худро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Қатъномаи мазкур давлатҳои узви СММ-ро уҳдадор менамояд, ки ба таври якҷоя барои пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ намоянд.

Ин қатънома ҳадафҳо ва принсипҳои Оинномаи СММ-ро бозгӯ намуда, барои «наҷоти наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва уҳдадории ҳалли мусолиматомези баҳсҳо ҳамчун заминаи муҳимми ҳуқуқи байналмилалӣ заминагузорӣ ва мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Дар асоси талаботи ин санади муҳимми байналмилалӣ, Маҷмаи Умумии СММ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” эълон кардааст. Итминони комил дорем, ки даҳсолаи дарпешистода бо ташаббуси кишвари мо ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин, дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо хусусияти байналмилалидошта ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Қабули қатъномаи мазкур бо ташаббуси навбатии Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ ба шароите рост меояд, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдидҳои гуногуни амниятӣ ва ҷангҳои хонумонсӯз дучор мебошанд. Он бешак аз нақши сулҳофару ваҳдатпарвари миллати тоҷик сарчашма гирифта, ҳамакнун саҳме дар таҳкими пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии фарҳанги сулҳ хоҳад буд.

Сулаймон ДӮСТОВ,

омӯзгори ДДМИТ