Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.

Маҳз сулҳу субот, амнияту осоиш ва волоияти қонун имкон дод, ки мо рушди босуръати иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишварро таъмин карда, сатҳи некуаҳволии халқро баланд бардорем.

Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад.

Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025

Дар ҷаҳони муосир, ки ҷомеаи башарӣ бо таҳдидҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва амниятӣ рӯ ба рӯст, таҳкими сулҳ, ваҳдат ва ҳамкории байналмилалӣ ба яке аз муҳимтарин ҳадафҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ нақши назаррас дорад. Бо сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист на танҳо сулҳу суботро дар дохили кишвар таъмин намояд, балки ҳамчун ташаббускори иқдомҳои муҳими ҷаҳонӣ дар самти сулҳ, об, иқлим ва рушди устувор эътироф гардад.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими солҳои охир қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 25 июни соли 2026 таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027-2036)» мебошад. Ин ташаббус дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ қабул гардида, боз як далели равшани эътирофи сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ мамлакат дар вазъи ниҳоят душвори сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошт. Бо тадбирҳои хирадмандона ва иродаи қавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сулҳу ризоияти миллӣ барқарор гардида, давлатдорӣ ҳифз ва барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи устувор фароҳам оварда шуд.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи нодири ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст. Ин таҷриба нишон дод, ки танҳо тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ метавон сулҳи пойдорро таъмин намуд.

Қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» низ маҳз ҳамин арзишҳоро тарғиб менамояд. Дар он зарурати пешгирии низоъҳо, густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи тамаддунҳо ҳамчун омили асосии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид шудааст.

Дар баробари сиёсати сулҳпарварӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба об, иқлим ва рушди устувор низ ташаббусҳои арзишманд пешниҳод намудааст. Аз ҷумла:

Эълон гардидани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”;

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015);

“Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” (2013);

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028);

Ташаббуси таъсиси Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

Эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”;

Эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал оид ба дастгирии илмҳои яхшиносӣ”...

Ин ташаббусҳо аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва таъмини рушди устувор мусоидат менамоянд.

Қабули қатъномаи нав аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эътирофи сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Дар ин санад аз ҳамаи давлатҳо даъват карда мешавад, ки барои таҳкими сулҳи пойдор, пешгирии низоъҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва таҳаммулгароӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Имрӯз аҳли ҷомеа, хусусан ҷавонон бояд дарк намоянд, ки сулҳ танҳо маънои набудани ҷангро надорад. Сулҳ, пеш аз ҳама, эҳтироми ҳуқуқи инсон, адолат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ ва ҳамкории созандаро дар бар мегирад. Маҳз чунин арзишҳо метавонанд рушди устувори давлатҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро таъмин намоянд.

Бо шарофати сиёсати мутавозини хориҷӣ Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари ташаббускор ва боэътимод дар сатҳи байналмилалӣ шинохта шудааст. Ташаббусҳои кишвар дар масъалаҳои сулҳ, об ва иқлим пайваста аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ меёбанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва ташаббускори масъалаҳои муҳими байналмилалӣ мавқеи устувор дорад. Қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027-2036)» идомаи мантиқии сиёсати созандаи Тоҷикистон мебошад ва бори дигар нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои кишвари мо эътимод дорад.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти об, иқлим ва рушди устувор ва саҳми фаъолонаи Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ далели он мебошанд, ки кишвари мо имрӯз на танҳо иштирокчии равандҳои ҷаҳонӣ, балки яке аз ташаббускорони муҳими онҳо ба ҳисоб меравад. Ин дастовардҳо барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аҳамияти бузург доранд.

Солҳо роҳбарони созмонҳо ва кишварҳо аз сулҳу ваҳдати тоҷикону Тоҷикистон сухан мегуфтанд ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро васф менамуданд. Акнун ин марди хирадманду оқил ва дурандеш, яъне Пешвои миллат сулҳи моро ба таври дигар иброз намоем, умуман, мавзую масъалаи сулҳро ба сатҳи созмон бурд ва хост ҷаҳон ҳамеша аз сулҳ гӯяд, дар сулҳ зияд ва сулҳҷӯ бошад. Зиҳӣ, сулҳ, сулҳовару сулҳхоҳу сулҳдӯсти ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!!!

 

Ёрибек ТИЛАБОВ,

декани факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ