Дар асри XXI масъалаи тағйирёбии иқлим ва камшавии захираҳои об ба яке аз мушкилоти муҳимтарини ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Фаъолияти инсон, аз ҷумла, рушди саноат, зиёд шудани истифодаи сӯзишвории табиӣ, буридани ҷангалҳо ва ифлос намудани муҳити зист ба ҳолати иқлим ва захираҳои об таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ин раванд на танҳо ба табиат, балки ба ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии инсонҳо  низ таъсир мерасонад.

Таъсири фаъолияти инсон ба иқлим яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим, афзоиши газҳои гулхонаӣ дар атмосфера мебошад. Сӯзонидани ангишт, нафт ва газ боиси зиёд шудани гази карбон мегардад. Ин газ гармиро дар атмосфера нигоҳ дошта, ҳарорати миёнаи заминро баланд мебардорад. Дар натиҷа, гармшавии глобалӣ ба амал меояд. Илова бар ин, буридани ҷангалҳо низ ба иқлим таъсири манфӣ мерасонад.

Тағйрёбии иқлим боиси зиёд шудани офатҳои табиӣ, аз ҷумла хушксолӣ, обхезӣ, тӯфон ва гармии шадид мегардад. Ин ҳодисаҳо ба кишоварзӣ, саломатии аҳолӣ ва иқтисоди кишварҳо зарари калон мерасонад.

Таъсири фаъолияти инсон ба захираҳои об низ муҳим дониста мешавад, ки ифлосшавии дарёҳо, кӯлҳо ва обҳои зеризаминӣ дар натиҷаи партовҳои саноатӣ ва маишӣ яке аз мушкилоти асосӣ мебошад. Бисёр корхонаҳо обҳои ифлосро бе тозакунӣ ба дарёҳо мерезанд, ки ин боиси паст шудани сифати об мегардад.

Истифодаи нодурусти об дар кишоварзӣ ва саноат низ сабаби кам шудани захираҳои об мешавад. Дар бисёр минтақаҳо об аз меъёр зиёд истифода шуда, сатҳи обҳои зеризаминӣ паст мегардад.

Обшавии пиряхҳо, ки дар натиҷаии гармшавии иқлим ба вуҷуд меояд, ба захираҳои об таъсири ҷиддӣ дорад. Пиряхҳо манбаи асосии оби тоза ба шумор мераванд. Кам шудани онҳо метавонад дар оянда норасоии обро ба миён оварад.

Роҳҳои ҳалли мушкилот барои ҳифзи иқлим ва захираҳои об аз ҳамкории тамоми давлатҳо ва ҷомеа муҳим дониста мешавад. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб ва бод, метавонад партови газҳои гулхонаиро кам намояд. Ҳамчунин, шинонидани дарахтон ва ҳифзи ҷангалҳо барои нигоҳ доштани тавозуни экологӣ аҳамияти калон дорад.

Дар самти ҳифзи об истифодаи технологияҳои сарфакорона, тозакунии обҳои партов ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ хело муҳим дониста мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои калони об мебошад. Пиряхҳо ва дарёҳои мамлакат барои тамоми Осиёи марказӣ аҳамияти калон доранд. Аммо солҳои охир пиряхҳо об шуда истодаанд, баъзе чашмаҳо хушк шуда истодаанд, ифлосшавии дарёҳо зиёд гардидааст.

Сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, истифодаи нодурусти об, партовҳои маишӣ ва саноатӣ мебошанд.

Барои мо мояи ифтихор аст, ки санаи 26.05.2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

Ин конфронс ба ташаккули уҳдадориҳои муштараки мо барои таҳкими ҳамкорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ҷиҳати ҳалли яке аз мавзӯъҳои ҳассоси замони муосир мусоидат мекунад.

Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба мақсади дар маркази рӯзномаи рушди байналмилалӣ қарор додани масъалаи об як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.  Дар ин ҷода кишвари мо тавассути ташаббусҳои худ дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамеша дастгирӣ ёфтанд, пайваста талош варзид.

Эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гувоҳи возеҳи кӯшишҳои муштараки мо дар ин самт мебошад.

Аз рӯи таҳлилҳо коршиносон бар меояд, ки дар курраи замин миллиардҳо нафар одамон ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд, наздик ба 4 миллиард нафар ҳар сол ҳадди ақал як моҳ бо норасоии шадиди об дучор мешаванд. Тамоюлҳои ҷорӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мушкилиҳо дар оянда ба таври назаррас афзоиш хоҳанд ёфт.

Тибқи тадқиқоти нави коршиносон, талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақал ба 25 фоиз зиёд мешавад ва ин зарурати истеҳсоли 50 фоиз бештари ғизоро барои аҳолии рӯ ба афзоиш тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, қариб нисфи аҳолии шаҳрнишини ҷаҳон метавонад бо норасоии об рӯ ба рӯ гардад.

Ин раванд зарурати гузариш ба технологияҳои сарфакоронаи об, мудирияти муассири захираҳо ва ҳамоҳангсозии беҳтари сиёсати об, энергетика ва озуқавориро дучанд месозад. Илова бар ин, таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла  хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад.

Барои суръат бахшидан ба раванди ноилшавӣ ба Ҳадафи шашуми рушди устувор дар кишвари мо Стратегияи миллии об то соли 2040 ва Барномаи давлатии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт барои солҳои 2025–2029 қабул гардидаанд. Ин санадҳо афзалиятҳои дарозмуддат ва тадбирҳои мушаххасро барои рушди соҳаи об муайян менамоянд.

Дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.

 

Сорбон НУРОВ,

Умед ХАЛИЛЗОДА -

ассистентони кафедраи назарияи иқтисодӣ