Терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, ба амнияти давлатҳо, суботи ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум хатари бузург эҷод менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди ин амалҳои номатлуб мубориза бурда, барои пешгирии онҳо тадбирҳои муҳиму саривақтиро амалӣ менамояд.

Терроризм истифодаи зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва амалҳои ғайриқонуниро бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, динӣ ё идеологӣ ифода мекунад. Экстремизм бошад, ифротгароӣ ва ҷонибдорӣ аз ақидаҳои тундрав буда, метавонад сабаби ба вуҷуд омадани низоъ, нооромӣ ва халалдор шудани суботи ҷомеа гардад. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳумҳои терроризм ва экстремизм ба таври дақиқ муайян гардидаанд.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи амнияти миллӣ тадбирҳои муҳим андешид. Бо мақсади пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ як қатор қонунҳо ва стратегияҳои давлатӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025 аз муҳимтарин санадҳои соҳавӣ ба ҳисоб мераванд.

Яке аз сабабҳои асосии гаравидани баъзе ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ паст будани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва динӣ, бекорӣ, таъсири манфии шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғоти гурӯҳҳои тундрав мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ аз роҳҳои муҳими пешгирии ин амалҳои хатарнок маҳсуб меёбанд.

Имрӯз мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар самти мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамкории фаъол доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, ҷавонон дар рӯҳияи сулҳпарварӣ, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба қонун ва дӯст доштани Ватан тарбия карда мешаванд.

Хулоса, терроризм ва экстремизм хатари ҷиддӣ ба амният ва суботи ҷомеа мебошанд. Барои пешгирии онҳо на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳиссаи худро гузорад. Ҳифзи сулҳ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлат вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст мебошад.

М. ҲАМИДОВА,

муаллимаи калони кафедраи менеҷмент факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ