Коррупсия истифодаи ғайриқонунии мансаб ё ваколат барои гирифтани манфиати шахсӣ мебошад. Коррупсия метавонад дар шаклҳои гуногун ба монанди:

  • ришвахорӣ;
  • суиистифода аз мансаб;
  • тақаллуб;
  • пинҳон намудани маълумот;
  • истифодаи ғайримақсадноки маблағҳо зоҳир гардад.

Корупсия таърихи қадима дошта, марҳила ба марҳила дар шаклҳои гуногун вусъат ёфтааст. Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «Коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда маънидод шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиати шахсӣ фаҳмида, дар ҳама давру замон аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд. Аз рӯи маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки дар масъалаи коррупсия Ҳаммурабӣ (тақрибан солҳои с.1760 то м.) дар Конунномаи худ ҷазо пешбинӣ намуда буд. Ҳарчанд таърихи коррупсия дар асл ба пайдоиши нахустин низомҳои ҳуқуқӣ ва давлатӣ рост меояд, аммо он аллакай дар давраи антиқа гуноҳ эътироф шуда, ба идораи маъмурӣ ва фаъолияти низомӣ-сиёсӣ таъсири манфӣ мерасонд. Ёдгориҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки коррупсия дар асри XIII то м. дар давраи тамаддуни ошуриҳо зуҳур кардааст.

Ин аст, ки барои пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон бурдан бо фаъолияти коррупсионӣ 31-уми октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди коррупсия қабул карда шуда, рӯзи 9-уми декабри соли 2003 дар шаҳри Меридаи кишвари Мексика дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 давлат барои ҳамроҳшавии дигар давлатҳои ҷаҳон баргузор гардид. Ҳамин тариқ, санаи 9-уми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия пазируфта шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур 25-уми сентябри соли 2006 имзо гузошт ва он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар 16-уми апрели соли 2008 ба тасвиб расид.

Мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амали дастҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд. Ҷиҳати муқовимат ба ин амали номатлуб ва решакан намудани он борҳо роҳбарияти олии мамлакат таъкидҳои судманд намуда буданд.

Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 26-уми январи соли 2021 таъкид карданд, ки «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Яке аз роҳҳои пешгирии коррупсия ин рақамикунонии тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, ки тамоми давлатҳои пешрафта ин усулро истифода мебаранд.

Рақамикунонӣ яке аз воситаҳои муҳимми коҳиш додани омилҳои коррупсионӣ мебошад. Ҳангоми истифодаи системаҳои электронӣ робитаи мустақими шаҳрванд ва корманд кам мешавад, ки ин имконияти ришвахориро коҳиш медиҳад.

Истифодаи хизматрасониҳои электронӣ ба монанди:

  • супоридани андоз;
  • гирифтани иҷозатнома;
  • бақайдгирии ҳуҷҷатҳо;
  • тендерҳои электронӣ.

Ин раванд шаффофиятро зиёд намуда, назорати ҷамъиятиро беҳтар мегардонад.

Ҳуши маснуӣ ва имкониятҳои он дар муқовимат бо коррупсия:

Ҳуши маснуӣ (Artificial Intelligence) технологияест, ки метавонад маълумотро таҳлил намуда, қарор қабул кунад.

Бо таҳлили маълумот ҳуши маснуӣ метавонад эҳтимоли коррупсияро пешакӣ муайян кунад. Нархҳои ғайримуқаррарӣ, ширкатҳои қалбакӣ ва такрори тендерҳоро муайян намояд.

Ин технологияҳо метавонанд шаффофият ва самаранокии идоракуниро боз ҳам беҳтар созанд.

Хулоса, решакан намудани коррупсия танҳо бо ҷазо имконнопазир аст. Барои ин бояд: рақамикунонӣ, ҳуши маснуӣ, шаффофият, назорати электронӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ якҷоя истифода шаванд.

Технология метавонад таъсири омили инсонро кам намуда, низоми мудириятро одилона ва шаффоф гардонад. Моро зарур аст, ки саводнокии ҷомеаро баланд бардорем.

А. САЪДОНОВ,

омӯзгори кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика