ОБ - СИЁСАТИ ҲАСТӢ ВА ИМТИҲОНИ ВИҶДОНИ ҶАҲОНӢ Дипломатияи об: аз ташаббуси миллӣ то масъулияти глобалӣ
Тавре сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - president.tj иттилоъ медиҳад, cанаи 26 май дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба кори худ оғоз намуд, ки он то 28 май идома хоҳад ёфт. Дар ифтитоҳи ин ҳамоиши бузург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Ба иттилои Сарвари давлат, имрӯз зарурати гузариш ба марҳалаи нави ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи об ба миён омадааст. Ба ин мақсад пешниҳод гардид, ки «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» таъсис дода шавад. Ин чаҳорчӯб метавонад заминаи мусоидро барои ҳамоҳангӣ ва ҳамгироии талошҳои муштарак ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои амалӣ муҳайё созад.
Ва ахиран, пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҳамоиши «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» идомаи мантиқии ҳамин сиёсат аст: фароҳам овардани платформае барои ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо, созмонҳо ва ҷомеаи илмӣ мебошад, ки қодир аст, то гуфтугӯи ҷаҳониро сари масоили об на танҳо ташкил ва фароҳам созад, балки дар ҳалли ин мушкили умдаи глобалӣ фаротар дастёб гардад.
Аз сӯи дигар. дар ин доира аз ҷониби Президенти мо пешниҳод гардидани таъсиси «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» далели он аст, ки Тоҷикистон аз марҳилаи ташаббус ба марҳилаи ташаккули низоми ҳамкорӣ гузашта истодааст.
Ин қадамест дар роҳи ташаккули як низоми ҳамкории глобалӣ дар соҳае, ки ба ҳар як инсон дахл дорад. Чунки об моро ба ҳам мепайвандад. Ва маҳз ҳамин пайванд моро водор месозад, то дар баррасии ин гуна масоили мубраму глобалӣ муттаҳид, ташаббускор ва дурбандеш бошем. Чунки дар ҳоли ҳозир об дигар танҳо як неъмати табиӣ нест, балки он яке аз муҳимтарин омилҳои амнияти глобалӣ шинохта шудааст.
Дар идомаи суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намуданд, ки “мо бо мақсади пешбурд ва тақвияти дипломатияи об ва муттаҳид кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ояндаи устувор ва бехатар Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об таъсис додем”.
Тавре таъкид гардид, ин ҷоиза барои эътироф намудани саҳми барҷаста дар рушди ҳамкории байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ, сиёсати устувори об ва пешбурди роҳҳои ҳалли муассири мушкилоти ҷаҳонии об нигаронида шудааст. Ва низ эътироф бояд кард, ки таъсиси ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи об, ки ба номи Президенти кишвар марбут аст, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи ғайриодӣ нест.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об як иқдоми рамзӣ ва ҳамзамон амалӣ мебошад. Дар ҷаҳони муосир, чунин ҷоизаҳо нақши муҳим дар ҳавасмандсозии олимон, сиёсатмадорон ва фаъолон мебозанд.
Барои ҷомеаи Тоҷикистон муҳим он бояд бошад, ки ин ҷоиза саҳмҳои бузургро дар ҳалли масоили глобалии сайёра эътироф ва ҳамзамон, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаи об ҷалб намуда, давлату созмонҳои байналмилалиро ба рушди бештари ҳамкориҳои гуногунсамту гуногунсатҳ ташвиқ месозад.
Зимнан, дар ҷаҳон даҳҳо ҷоизаҳо ба номи шахсиятҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, ки ба рушди илм, сулҳ ва ҳамкорӣ саҳм гузоштаанд. Вале бо назардошти он ки дар ҷаҳони иқлимаш ҳамеша тағйирёбанда афзоиши аҳолӣ ва нобаробарии захираҳо мушкилоти обро ба яке аз масъалаҳои калидии асри XXI табдил додааст, ки ташаббусҳои байналмилалӣ дар ин самт на танҳо иӣтикори сиёсӣ, балки рисолати инсондӯстона ва нодир мебошанд.
Дар ин моваро, ташаббусҳои пайдарпайи байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, шуруъ аз “Соли байналмилалии оби тоза” (2003) то Даҳсолаи байналмилалии “Об - барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар арсаи ҷаҳонӣ масъулият эҳсос мекунад.
Созмонҳои байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд, ки дар даҳсолаҳои наздик маҳз норасоии об метавонад сабаби асосии ихтилофҳо, муҳоҷират ва ҳатто буҳронҳои сиёсӣ гардад.
Имрӯз миллиардҳо нафар дар ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасии пурра надоранд. Миллионҳо кӯдакон аз бемориҳое мефавтанд, ки сабаби асосии онҳо сифати пасти об аст. Дар чунин вазъият, ҳар иқдоме, ки ба ҳамоҳангсозии талошҳои ҷаҳонӣ дар ин самт равона шудааст, аҳамияти стратегӣ дорад.
Бинобар ҳамин, дар ҳоли арҷгузорӣ ба арзиши дипломатияи байналмилалии масъалагузории фавқ ва расидан ба натиҷаҳои амалии чунин ҳамоишҳо, ки аллакай Тоҷикистон онро таҷриба кардааст, метавон таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалиро ба мушкилоти дохилии кишвар зиёдтар ҷалб намуда, ба ин васила, сармоягузории хориҷиро бештар сохт, то ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ (аз ҷумла обтаъминкунӣ) замина гузошта шаванд. Ва муҳимтар аз ҳама, чунин тадбирҳо нақши Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ жарфтар муаррифӣ мекунанд.
Бояд дар ин масир таваҷҷуҳи асосӣ ба як нукта шакл гирад: Тоҷикистон ва дипломатияи об! Бояд маҳз дар ҳамин замина ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об арзёбӣ шаванд. ки аллакай ба як мактаби бузурги сиёсӣ табдил ёфтаанд. Зеро ин ташаббусҳо танҳо як шиорпароканиҳои рамзӣ набуда, онҳо ба ташаккули навъе аз дипломатияи ҷадид, дипломатияи об, замина гузоштаанд, ки ҳадафашон на танҳо ҳалли мушкилоти соҳавӣ, балки таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, эътимод ва сулҳ мебошад.
Пӯшида нест, ки мушкилоти дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад. Инро на давлат пинҳон мекунад ва на ҷомеа инкор. Аммо савол ин аст: оё роҳи ҳалли он дар канорагирӣ аз саҳнаи байналмилалӣ мавҷуд ҳаст? Аз ин рӯ, умдатан маҳз тавассути чунин платформаҳо имкони ҷалби маблағ, технология ва таҷрибаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ин қабил мушкилоти дохилӣ фароҳам меояд. Яъне, дипломатияи об ин на алтернатива, балки воситаи ҳалли масъалаҳои миллӣ низ ҳаст.
Дар шароите, ки талошҳои кишварҳо ва созмонҳои гуногун дар соҳаи об аксаран пароканда ва ҳамоҳангнашудаанд, зарурати таъсиси як механизми ҳамоҳангсозии глобалӣ бештар эҳсос мегардад. Дар ин раванд «Чаҳорчӯби Душанбе барои об» метавонад чунин нақшро иҷро намояд. Чунки он на танҳо як платформаи гуфтугӯ, балки метавонад заминаи амалии ҳамгироии сиёсӣ, илмӣ ва иқтисодӣ дар соҳаи об бошад. Коршиносон низ бар ин назаранд, ки чаҳорчӯби мазкур имкон фароҳам меорад, ки дар баробари онки таҷрибаҳои беҳтарини ҷаҳонӣ мубодила шаванд, ҳамзамон, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои обӣ бештар ҷалб гардида, шакк нест, ки дар ин замина, ҳамкории минтақавӣ тақвият меёбанд ва муҳимтар аз ҳама, қарорҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти глобалӣ қабул хоҳанд шуд.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир сармоягузорӣ ба дипломатия, ба ташкили платформаҳои гуфтугӯ ва ба тақвияти имиҷи байналмилалӣ як навъ сармоягузории стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки маҳз тавассути чунин ҳамоишҳо шарикони байналмилалӣ ҷалб ва лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ амалӣ мегарданд, ки чунин тадбирҳо имкониятҳои нави иқтисодиро ба вуҷуд меоранд.
Бинобар ҳамин муҳимият конфронсҳои байналмилалӣ имконият медиҳанд, ки маблағҳои хориҷӣ ҳамҷоя бо технологияҳои нав ворид гарданд ва таҷрибаи кишварҳои пешқадам мавриди истифода қарор гиранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, имиҷи байналмилалии кишвар яке аз омилҳои муҳими рушди он ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи об тавонистааст мавқеи худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намояд. Ин имиҷ на танҳо обрӯи сиёсӣ, балки имкониятҳои иқтисодӣ ва илмиро низ фароҳам меорад. Кишваре, ки ҳамчун ташаббускор ва масъул шинохта мешавад, имкони бештар барои ҷалби сармоя ва шарикон дорад.
Аз ин лиҳоз, конфронси Душанбе ва ташаббусҳои нави Тоҷикистон дар соҳаи об бояд дар заминаи манфиатҳои дарозмуддати миллӣ ва ҷаҳонӣ арзёбӣ шаванд. Зеро об на танҳо манбаи ҳаёт, балки омили ҳамгироии инсоният аст. Ва маҳз дар атрофи ҳамин манбаи нодиру ноёби табиат мо бояд муттаҳид шавем.
Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ -
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng