ЗИНДАВУ ҶОВИД МОНД ҲАРКИ НАКУНОМ ЗИСТ...
Ба муносибати 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида мешавад
Имрӯзҳо, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад, ҳар як фарди соҳибандеша ба гузаштаи на чандон дур назар меафканад, ба роҳи тайкардаи Ватани азизамон, ки имрӯз ба кишвари сулҳу субот, амният ва пешрафт табдил ёфтааст.
Дар бунёду ободии ин сарзамин шахсиятҳои ватандӯсту фидокор саҳми арзишманд гузоштаанд. Яке аз самтҳои муҳими рушду пешрафти кишвар соҳаи маориф ба шумор меравад. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки дар оғоз бо номи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ фаъолият мекард, низ маҳсули даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Имрӯз ин боргоҳи илму маърифат бо дастоварду муваффақиятҳои худ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мавқеи шоиста касб намудааст. Вақте сухан дар бораи донишгоҳ меравад, пеш аз ҳама, таърихи таъсис, ташаккул ва заҳматҳои шахсиятҳое пеши назар меоянд, ки барои бунёди он саҳм гузоштаанд.
Таъсиси чунин муассисаи бонуфуз дар солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ кори осон набуд. Дар шароите, ки ҷомеа ҳанӯз ба оромиву ваҳдати комил нарасида буд, бунёди маркази нави илм ва таълим ҷасорат, ирода ва садоқати бузургро талаб мекард.
Аз ҷумлаи таъсисдиҳандагони донишкада шахсиятҳои маъруф Донахон Гулмирзоев, ректори аввалини донишкада ва Султонмурод Исломов, ноиби аввали ректор маҳсуб меёбанд. Дар баробари ин, саҳми профессор Қурбон Бобоев, ки аз поягузорони воқеии донишкада ба ҳисоб мерафт, хеле назаррас мебошад.
Ман дар бораи устод, муаллими худ профессор Қурбон Бобоев бе эҳсосот сухан гуфта наметавонам. Ин шахсияти наҷиб дар умри кӯтоҳи худ тавонист шогирдони зиёдеро тарбия намояд ва ба роҳи илм раҳнамун созад. Имрӯз шогирдони ӯ профессорон Эмомов Шарофиддин, Шарипов Раҳмоналӣ, дотсент Самиев Холаҳмад ва дигарон дар рушди илми таърих саҳми арзанда доранд.
Шиносоии ман бо устод Қурбон Бобоев аз солҳои донишҷӯӣ оғоз гардид. Ман дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил менамудам. Дар курси дуюм, ҳангоми интихоби мавзуъҳои корҳои курсӣ ман мавзуи “Вазъияти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии Эрон дар аввали асри XVII мувофиқи маълумотҳои Адам Оллеарий”-ро интихоб намудам.
Роҳбари илмии ман профессор Абдулҳамид Ҷалилов буданд. Бештари вақти баъдидарсии ман дар кафедраи таърихи асрҳои миёна ва собиқ Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ мегузашт. Азбаски устод Қурбон Бобоев низ шогирди ҳамин мактаби илмӣ буданд, ҳамеша барои пешрафти кори ман ва дастрас намудани адабиёт кумак мерасониданд.
Он солҳо устод аспиранти Институти Осиё ва Африқои Университети давлатии шаҳри Маскав буданд. Бо роҳнамоии устодон қисми аввали кори илмии ман таҳия гардида, баъдан ҳамчун кори беҳтарин дар маҷаллаи “Сборник студенческих работ” дар шаҳри Маскав ба нашр расид.
Хизматҳои профессор Қурбон Бобоев дар ташаккул ва рушди Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ хеле назаррасанд. Бо пешниҳоди роҳбарият ӯ аз Донишгоҳи миллӣ ба донишкада даъват гардид. Дар он давра таъсиси кафедраи фанҳои умумидонишгоҳии гуманитарӣ зарур буд ва Қурбон Бобоев аввалин мудири кафедраи таърих ва фарҳанг интихоб шуд.
Масъулияти устод хеле бузург буд, зеро бояд ҳайати устодон аз ҳисоби мутахассисони варзида ва донишманд интихоб мегардид. Он вақт аксари фанҳои умумидонишгоҳӣ дар доираи ҳамин кафедра муттаҳид буданд.
Бо ташаббуси устод ба кафедра олимону мутахассисони варзида, аз ҷумла Асозода Худойназар, Шарофиддин Имомов, Саидқул Сабзаев, Намоз Ҳотамов, Асламшо Раҳматуллоев, Туғон Тауров, Моҳирхоҷа Султонзода, Сайфулло Сафаров ва дигарон ҷалб гардиданд.
Қурбон Бобоев дар ташкили маҳфилҳо ва конфронсҳои илмӣ низ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ҳаммуаллифӣ бо профессор Шарофиддин Имомов дастури таълимии “Таърихи халқи тоҷик”-ро таҳия намуданд, ки то имрӯз мавриди истифодаи омӯзгорону донишҷӯён қарор дорад.
Бо кӯшиши устод дар заминаи кафедраи таърих ва фарҳанг кафедраҳои забонҳо, табиатшиносӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва дигар кафедраҳо таъсис дода шуданд.
Фаъолияти меҳнатии устод Қурбон Бобоев бисёр пурмазмун буд. Ӯ ҳамчун муаллим, муаллими калон, дотсент, мушовир ва омӯзгори Донишгоҳи Кобул фаъолият намуда, дар рушди соҳаи таълим саҳми арзанда гузоштааст.
Ман низ аз соли 2000 ҳамчун муаллими калон ба кафедраи таърих ва фарҳанг ҷалб гардида будам ва хушбахтам, ки дар бунёду ташаккули кафедра ва донишкада саҳми худро гузоштаам. Он солҳо қисми зиёди ҳуҷҷатҳои кафедра бо даст навишта мешуданд ва омода намудани онҳо асосан ба зиммаи ман буд.
Қурбон Бобоев на танҳо шогирдони арзанда, балки фарзандони солеҳро низ тарбия намуданд. Имрӯз фарзандони устод дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа фаъолият доранд. Аз ҷумла, Ҷамрод Бобозода - доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор ва мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ мебошад.
Дар тӯли 30 соли фаъолияти донишгоҳ роҳбарони он низ барои рушди муассиса саҳми арзанда гузоштаанд. Аз ҷумла, хизматҳои Дона Гулмирзоев, Олим Бобоев, Н.Ф. Нидоев, Р.М. Мирбобоев, А.А. Солеҳзода, Қ.Қ. Давлатзода, Ш.Қ. Хайрзода ва Ҳ.А. Абдуалимзода қобили таҳсин мебошанд.
Махсусан, дар давраи роҳбарии Ашурбой Солеҳзода донишгоҳ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардида, соҳиби ҷоизаи “Тоҷи тиллоӣ” шуд.
Имрӯз Сатторзода Бобоҷон, ки вазифаи ректори донишгоҳро ба уҳда дорад, бо кордониву ватандӯстӣ барои рушди донишгоҳ саҳми назаррас мегузорад. Дастгирии донишҷӯёни ятим, татбиқи лоиҳаҳо, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва дигар иқдомҳои созандаи ӯ шаҳодати пешрафти пайвастаи донишгоҳ мебошанд.
Яке аз иқдомҳои арзишманди роҳбарияти имрӯза гиромидошти шахсиятҳое мебошад, ки дар бунёди донишгоҳ саҳм гузоштаанд.
Дар фарҷом ҳамаи устодон, кормандон, донишҷӯён ва хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии донишгоҳи азизамон самимона табрик менамоям.
Бигузор рӯҳи гузаштагони некном Донахон Гулмирзоев, Султонмурод Исломов, Қурбон Бобоев, Ашурбой Бекматов ва дигар устодони фидоӣ шод бошад.
Бо эътимоди комил ба ояндаи дурахшони донишгоҳ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба ин боргоҳи муқаддаси илм гуфтаниам:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро...
Қутбия ҲОМИДОВА,
дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ,
номзади илмҳои таърих
Тоҷ
Рус
Eng