(дар ҳошияи қабули қатънома зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”)

Дар даҳсолаҳои охир ҷаҳон ба яке аз мураккабтарин марҳилаҳои таърихи муосир ворид гардидааст. Ҷангҳои мусаллаҳона, низоъҳои сиёсӣ, ихтилофҳои геополитикӣ, терроризм, ифротгароӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва таҳдидҳои нав ба амнияти байналмилалӣ фазои муносибатҳои байни давлатҳоро ҳарчи бештар ноором намудаанд. Имрӯз дар чандин минтақаи ҷаҳон садои тир аз садои гуфтугӯ баландтар шунида мешавад ва миллионҳо инсон аз хонаю кошонаи худ маҳрум гардида, қурбони низоъҳо мешаванд.

Таҳлилҳои созмонҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки танҳо дар чанд соли охир шумораи даргириҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон ба сатҳи бесобиқа расида, эътимоди байни давлатҳо коҳиш ёфтааст. Дар чунин шароит инсоният беш аз ҳар вақти дигар ба фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, муколама ва ҳамкории созанда ниёз дорад. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳеҷ мушкилоти сиёсӣ бо роҳи зӯрӣ ҳалли устувор пайдо намекунад. Роҳи ягонаи расидан ба суботи пойдор ин музокирот, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида, арзиши сулҳро бо чашми худ дидааст, имрӯз ба яке аз таблиғгарони фаъоли фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо пайваста ташаббусҳоеро пешниҳод менамояд, ки ба таҳкими ҳамгироии байналмилалӣ, пешгирии низоъҳо ва таъмини рушди устувори башарият равона гардидаанд.

Дипломатияи сулҳофарини Тоҷикистон солҳои охир бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар самти об, ҳифзи пиряхҳо, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро соҳиб гардид. Имрӯз ин сиёсат бо пешниҳоди нави Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ боз як марҳилаи муҳимми дигарро оғоз намуд.

Бегоҳии 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоияти умумӣ қатъномаи махсусеро қабул намуд, ки мувофиқи он солҳои 2027-2036 ҳамчун "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда" эълон гардид. Ин ташаббус аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд ва аз ҷониби давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирии васеъ пайдо кард. Ҳадафи даҳсолаи мазкур рушди фарҳанги сулҳ, густариши муколама ва оштӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни наслҳо ва мусоидат ба ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда мебошад.

Қабули ин қатънома эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳпарвар ва саҳми арзандаи Пешвои миллат дар ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ ба ҳисоб меравад. Ҳар як ташаббуси Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид аз эҳтиёҷоти воқеии ҷомеаи ҷаҳонӣ сарчашма гирифта, ба ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ нигаронида шудааст.

Имрӯз, ки ҷаҳон ба фазои эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад, ташаббуси нави Тоҷикистон паёми равшане дорад, сулҳ бояд арзиши асосии рушди инсоният бошад. Маҳз тавассути таҳкими фарҳанги сулҳ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ, густариши муколама ва ҳамкории байналмилалӣ метавон барои наслҳои оянда ҷаҳони амну осуда бунёд намуд.

Бо қабули ин қатънома Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар нишон дод, ки ҳатто давлати рӯ ба рушд метавонад бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созанда ба раванди рушди муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Ин дастоварди муҳимми дипломатии Тоҷикистон боз як маротиба мақоми кишварро ҳамчун пешоҳанги ташаббусҳои ҷаҳонӣ таҳким бахшид.

Имрӯз метавон бо ифтихор гуфт, ки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо манфиатҳои миллиро ҳимоя мекунад, балки ба таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ низ хизмат менамояд. Қатъномаи қабулшуда саҳифаи нави дипломатияи тоҷик буда, барои таҳкими арзишҳои сулҳ, ҳамбастагӣ ва масъулияти муштарак дар назди наслҳои оянда заминаи муҳим фароҳам меорад.

 

А. МУМИНЗОД,

н.и.и., дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукии ДДМИТ