Дар ҷаҳони муосир комёбӣ ва сарбаландӣ бештар насиби он нафароне мегардад, ки ҷаҳонбинии васеъ, андешаи фарох ва дидгоҳи наву созанда доранд. Шахси муваффақ танҳо ба масъалаҳои шахсии худ маҳдуд намешавад, балки нисбат ба рӯйдодҳо ва мушкилоти ҷаҳонӣ низ мавқеи фаъолу масъулона ихтиёр мекунад. Маҳз чунин муносибат инсонро ба шахсияти соҳибнуфуз табдил дода, ҷойгоҳашро дар ҷомеа устувор месозад.

Имрӯз ҷаҳон бо мушкилоти гуногун, аз ҷумла низоъҳои сиёсӣ, ҷангҳо, таҳдидҳои амниятӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои глобалӣ рӯ ба рӯ мебошад. Дар миёни ҳамаи ин мушкилот масъалаи ҷангу сулҳ аҳаммияти хоса дорад, зеро аз он сарнавишти миллионҳо одамон вобаста аст. Ба ҳамин хотир, ҳар як инсони соҳибандеша бояд нисбат ба ин масъалаҳо бетараф набошад ва мавқеи худро бар асоси ақлу хирад ва арзишҳои инсондӯстона муайян созад.

Таҷрибаи таърих нишон медиҳад, ки набудани фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва дарки дурусти равандҳои ҷаҳонишавӣ боиси печида гардидани вазъ ва авҷ гирифтани низоъҳо мегардад. Мутаассифона, баъзе шахсону гурӯҳҳо роҳи ҳалли мушкилотро дар истифодаи зӯрӣ ва барангехтани ҷанг мебинанд. Ҳол он ки ҳикмати халқӣ мегӯяд: «Гиреҳеро, ки бо нохун кушода мешавад, чӣ ҳоҷати дандон?» Ин панд моро ба таҳаммул, хирад ва ҷустуҷӯи роҳи осоиштаи ҳалли масъалаҳо ҳидоят мекунад.

Ҳалли воқеии ҳар гуна ихтилоф танҳо тавассути муколама, эҳтироми ҳамдигар ва музокироти созанда имконпазир аст. Ба сари мизи гуфтушунид нишастан, сухани дигаронро шунидан ва барои манфиати умум хулосаи дуруст баровардан нишонаи хирадмандӣ, фарҳанги баланд ва масъулияти инсонӣ мебошад.

Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусеро, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба тасвиб расонд. Қабули ин санади муҳим бори дигар аз эътирофи нақши Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот ва ҳамкориҳои созанда шаҳодат медиҳад.

Қатъномаи мазкур уҳдадории муштараки давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳидро барои таҳкими сулҳ, густариши фарҳанги муколама, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун омилҳои калидии таъмини зиндагии осоишта ва рушди устувори наслҳои имрӯзу фардо тасдиқ менамояд.

Дар муҳтавои қатънома ба ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид такя шуда, махсусан иродаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати «наҷот додани наслҳои оянда аз офати ҷанг» ва зарурати ҳалли мусолиматомези баҳсҳои байналмилалӣ таъкид гардидааст. Ҳамзамон, аҳамияти Эъломия ва Барномаи амал оид ба фарҳанги сулҳ ҳамчун санади муҳими байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии хушунат ва рушди ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо мавриди эътироф қарор гирифтааст.

Тибқи муқаррароти ин қатънома, солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон шудаанд. Ҳадафи асосии Даҳсола тақвияти сулҳи пойдор, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, таҳкими ҳамгироӣ ва ҳамбастагии байни наслҳо, инчунин ҷалби фаъоли кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон ба равандҳои бунёди сулҳ мебошад. Дар баробари ин, дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо ба манфиат ва ниёзҳои наслҳои оянда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Қатънома, инчунин, саҳми давлатҳо, роҳбарон ва халқҳоеро, ки тавассути татбиқи сиёсатҳои фарогир, тадбирҳои эътимодсоз, барқарорсозии баъдинизоӣ, мусолиҳаи миллӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддат барои таҳкими сулҳ, ваҳдати миллӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ мусоидат намудаанд, баланд арзёбӣ мекунад. Таъкид мегардад, ки чунин таҷрибаҳои муваффақи миллӣ метавонанд ҳамчун намунаи арзишманд ва манбаи илҳом барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи таҳкими сулҳи пойдор ва таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда хизмат намоянд.

Мардуми Тоҷикистон арзиши сулҳу ваҳдатро хуб дарк мекунанд, зеро солҳои душвори таърих ба онҳо собит сохт, ки танҳо дар фазои оромӣ давлат рушд мекунад ва зиндагии мардум беҳтар мегардад. Аз ин рӯ, сиёсати сулҳпарварона ва ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ равона гардидаанд, бозгӯи онанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамешагии сулҳу субот мебошад.

Дар асл, аз наврас то пиронсол ҳар инсон оромӣ, амният ва зиндагии осоиштаро мехоҳад. Инсони соҳибхирад медонад, ки сулҳ аз ҷанг, дӯстӣ аз душманӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз низоъ ҳамеша болотар аст. Сулҳу дӯстӣ инсонҳоро ба созандагӣ, меҳнат, илму маърифат ва пешрафт раҳнамун месозанд.

Инсоният аз рӯзи пайдоиши худ оромӣ, субот ва зиндагии осударо орзу кардааст. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ на танҳо вазифаи давлатҳо, балки масъулияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Танҳо дар сурати эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, таҳкими фарҳанги сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ метавон ҷаҳони орому пешрафтаро барои наслҳои имрӯз ва фардо бунёд намуд.

 

Мастура БУРИЗОДА,

декани факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ