Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид пайваста ташаббусҳои созандаро дар самти сулҳу амният, ҳифзи захираҳои об, рушди устувор ва ҳамкориҳои байналмилалӣ пешниҳод намуда, дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» далели эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ниҳоди асосии таъмини сулҳу амнияти байналмилалӣ пайваста ташаббусҳои давлатҳои узвро дар самти таҳкими сулҳ дастгирӣ менамояд. Дар ҳамин замина, қатъномаи марбут ба Даҳсолаи сулҳ аз ҷониби аксари давлатҳои аъзои СММ ҷонибдорӣ гардида, ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи сулҳофарӣ мусоидат хоҳад намуд. Ин ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, ба табодули таҷриба, густариши дониш, рушди маърифати сулҳ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни халқҳо равона гардидааст.

Имрӯз ҷаҳон шоҳиди афзоиши низоъҳои мусаллаҳона ва буҳронҳои гуманитарӣ мебошад. Дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон миллионҳо нафар аз оқибатҳои ҷанг, муҳоҷират, қашшоқӣ ва вайроншавии зерсохторҳои иҷтимоӣ азият мекашанд. Дар чунин вазъ пешниҳод гардидани ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ аҳамияти махсуси сиёсӣ ва инсонпарварона касб менамояд.

Фарҳанги сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки маҷмуи арзишҳое мебошад, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, таҳаммулпазирӣ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, адолат ва ҳамкории созандаро дар бар мегирад. Татбиқи чунин ташаббус метавонад барои пешгирии низоъҳо, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва рушди муносибатҳои дӯстонаи байни давлатҳо заминаи мусоид фароҳам оварад.

Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор гардида, барои рушди устувори давлат шароити мусоид фароҳам омад.

Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли мусолиматомези низоъҳо дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор дорад. Аз ин сабаб, пешниҳоди ташаббуси нав оид ба фарҳанги сулҳ идомаи мантиқии сиёсати хориҷии сулҳпарваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» дастоварди муҳими дипломатияи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин ташаббус на танҳо обрӯву нуфузи байналмилалии кишварро таҳким мебахшад, балки барои густариши фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ низ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар шароити ҷаҳони пур аз таҳдидҳои нав, чунин иқдомҳо метавонанд ба таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ, рушди устувор ва таъмини амнияти инсоният мусоидат намоянд. Аз ин рӯ, татбиқи босамари «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бояд бо иштироки фаъоли давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ амалӣ карда шавад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ иброз доштанд: “Имрӯз мо ба хотири бунёди ҷомеаи сифатан наве талош дорем, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва имкон диҳад, ки мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш раванд.

Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва махсусан наврасону ҷавонон, омӯзиши техникаву технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем.

Дар ин раванд, як нуктаи муҳимро ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати аҳли ҷомеа муҳимтарин роҳи пешгирӣ кардани ҷаҳолату хурофот, таҳкими амнияту субот ва таъмин намудани пешрафту тараққиёти давлат мебошад”.

Ин нуктаҳои муҳим барои мо аҳли маорифи кишвар, бахусус ҳайати профессориву омӯзгории ДДМИТ бояд дастури ҳамешагӣ ва таҳкимбахши кору фаъолияти ҳамарӯзаамон қарор дошта бошад.

Соли 2026 барои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон соли таърихӣ маҳсуб меёбад. Ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ 30-солагии фаъолияти худро ҷашн гирифта, дар ин муддат ҳамчун яке аз марказҳои пешбари тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои иқтисод, молия, ҳуқуқ, идоракунӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар кишвар мақоми арзанда касб намудааст. Дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ ва ҷаҳонишавӣ талабот ба кадрҳои баландихтисос пайваста меафзояд. ДДМИТ бо назардошти ин раванд мутахассисонеро омода месозад, ки ба талаботи бозори меҳнати муосир ҷавобгӯ мебошанд.

Самти асосии фаъолияти донишгоҳ тарбияи мутахассисони соҳибкасб, эҷодкор ва рақобатпазир мебошад. Барномаҳои таълимӣ мунтазам такмил дода шуда, мутобиқ ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ амалӣ мегарданд. Дар раванди таълим технологияҳои муосири омӯзиш, усулҳои интерактивӣ ва воситаҳои рақамӣ васеъ истифода мешаванд, ки ба донишҷӯён имкон медиҳанд донишҳои назариявиро бо малакаҳои амалӣ пайваст намоянд.

Хатмкунандагони донишгоҳ дар вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилотҳои молиявӣ, бонкҳо, мақомоти андозу гумрук, корхонаҳои давлатӣ ва хусусӣ, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолияти самаранок доранд. Ин нишондиҳанда аз сифати баланди таълим ва мутобиқати ихтисосҳои донишгоҳ ба талаботи бозори меҳнат шаҳодат медиҳад.

ДДМИТ аз рӯи самтҳои гуногуни иқтисодӣ, молиявӣ, ҳуқуқӣ, менеҷмент, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, фаъолияти бонкӣ, гумрук, андоз, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ мутахассис омода менамояд. Бо рушди иқтисоди рақамӣ донишгоҳ ба омӯзиши технологияҳои муосир, иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунии инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барномаҳои нави таълимиро роҳандозӣ кардааст.

Яке аз омилҳои муҳими муваффақияти донишгоҳ ҳамкории густурда бо муассисаҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд мебошад. Донишҷӯён таҷрибаомӯзиро дар ташкилотҳои гуногун гузашта, бо муҳити воқеии фаъолияти касбӣ шинос мешаванд. Ин ҳамкорӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки баъди хатм зудтар ба бозори меҳнат ворид гардида, фаъолияти касбии худро оғоз намоянд.

Дар баробари таълим, фаъолияти илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки донишгоҳ мебошад. Омӯзгорону муҳаққиқон дар таҳқиқоти илмӣ, конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, барои рушди илмҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ба ташаккули тафаккури таҳлилӣ ва малакаҳои тадқиқотии онҳо мусоидат мекунад.

30 соли фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ин муассисаи бонуфуз дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир нақши калон дорад. Бо такмили пайвастаи барномаҳои таълимӣ, истифодаи технологияҳои нав, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таваҷҷуҳ ба сифати таҳсил, донишгоҳ имрӯз низ рисолати худро дар тарбияи мутахассисони баландихтисос бо муваффақият идома медиҳад. Бешубҳа, ДДМИТ дар солҳои минбаъда низ ҳамчун маркази муҳими илму маориф ва манбаи омодасозии кадрҳои соҳибкасб барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат хоҳад кард.

 

Савсан СУЛТОНОВА,

муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ

котиби Шурои олимони ДДМИТ