АВФ - ТАҶАССУМИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНА ВА ҒАМХОРИИ ДАВЛАТ
Авф яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, таҷассумгари арзишҳои волои инсондӯстӣ, меҳрубонӣ ва бахшандагӣ мебошад. Қабули қонунҳои авф ҳамеша ҳамчун нишонаи раҳму шафқат, эҳтиром ба қадру манзалати инсон ва фароҳам овардани имконияти нав барои ислоҳи зиндагии шахсоне, ки ба хато роҳ додаанд, арзёбӣ мегардад.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид. Тибқи ин қонун, нисбат ба 18 ҳазору 38 нафар шаҳрванд тадбирҳои авф татбиқ гардида, ҳазорон нафар аз адои минбаъдаи ҷазо озод мешаванд ва барои гурӯҳи дигар муҳлати ҷазо кам карда мешавад.
Ин иқдоми башардӯстона бори дигар собит месозад, ки сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва дастгирии шаҳрвандон равона гардидааст. Авф барои шахсоне, ки аз амалҳои содирнамудаи худ сидқан пушаймон шудаанд, имконияти арзишманд фароҳам меорад, то ба ҳаёти осоишта баргашта, ҷойгоҳи муносиби худро дар ҷомеа пайдо намоянд.
Бешубҳа, озодӣ аз бузургтарин неъматҳои зиндагӣ ба шумор меравад. Ҳар шахсе, ки аз ин иқдоми инсонпарварона баҳраманд мегардад, бояд онро қадр намуда, бо меҳнати ҳалол, рафтори шоиста ва эҳтиром ба қонунҳои давлат ба ҷомеа хизмат намояд. Бозгашт ба оғӯши гарми оила, дидори падару модар, ҳамсар ва фарзандон метавонад барои чунин афрод оғози саҳифаи нави зиндагӣ бошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» на танҳо санади ҳуқуқӣ, балки рамзи инсондӯстӣ, бахшандагӣ ва эътимоди давлат ба қобилияти ислоҳшавии инсон мебошад. Ин иқдоми наҷиб дар қалби ҳазорон шаҳрванд шуълаи умедро фурӯзон намуда, онҳоро ба зиндагии шоиста, эҳтироми қонун ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят менамояд.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша бо эҳтиром ва қадрдонӣ истиқбол менамоянд. Бовар дорем, ки шахсони аз авф баҳрамандгардида аз ин имконияти сарнавиштсоз самаранок истифода намуда, бо амалу рафтори неки худ дар таҳкими сулҳу субот ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Авф танҳо бахшиши ҷазо нест, балки эҳёи умед, бозгашт ба зиндагии шоиста ва оғози роҳи нави саодатмандона мебошад.
Тоҷ
Рус
Eng