Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат,соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебашад. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Эмомалӣ Раҳмон

Имсол мардуми шарифи Тоҷикистон 35-умин солгарди ҷашни муқаддаси миллӣ-Истиқлолияти давлатиро дар фазои сулҳу оромӣ бо шукургузорӣ аз ин неъмати бебаҳо таҷлил менамоянд.

Яъне расидан ба ин рӯзи пурсаодат, ки мардуми шарифи Тоҷикистон як марҳалаи нави таърихи навинӣ худро бо амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ ҷамъбаст менамоянд, барои миллати сарбаланди тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.

Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷумҳурии мо вазъияти ноором ва муташанниҷ ба миён омада буд, ки ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Барои халқи тоҷик он лаҳзаҳои талхро гузарондан хеле душвор буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ, моддӣ ва маънавии халқ гардида, давлати аз нав барпогардидаи моро торафт заиф мегардонд. Зарурати беҳтар намудани ҳолати иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии мамлакат, таъминоти халқ бо озуқаворӣ, ташаккули оромиву осоиштагӣ дар миёни мардум ба вуҷуд омада буд. Ҳадисаҳои изтиробангези он замон водор намуд, ки доир ба таъмини бехатарии миллату давлат, ташкил намудани тинҷиву осудагӣ дар миёни мардум ва барпо намудани сулҳу субот чораҳои зарур андешида шаванд.

Новобаста аз он, бо саъю кушиш ва муборизаҳои ҷоннисоронаи қаҳрамонони миллати тоҷик ба соҳибистиқлолӣ, озодӣ, сулҳу осудагӣ, тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа муваффақ шудем.

Бо ташаббус ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, фаъолияти созандаву ободкорона, инчунин кӯшишҳои пайваста баҳри таҳкими Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба даст омаданд.

Истиқлол барои миллати тоҷик имкониятҳои васеи рушду пешрафтро фароҳам оварда, барои ҳаракати устувори кишвар ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаи мусоид муҳайё сохт.

Мояи хушҳолист, ки имрӯз таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон, бахусус дар самти рушди маънавиёт, илму дониш ва технология, боз ҳам бештар гардидааст. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва малакаи насли ҷавон тадбирҳои муҳим андешида шуда, барномаҳо ва стратегияҳои гуногун амалӣ гардида истодаанд.

Бешубҳа, яке аз омилҳои калидии пешрафти ҳар як давлат рушди соҳаи илму маориф ва тарбияи мутахассисони соҳибтаҷриба, донишманд, забондон ва ватандӯст ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, ҳар як шаҳрванди соҳибандеша бояд аз он ифтихор кунад, ки дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар беҳтар гардида, барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам омад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарҳангу тамаддуни қадима ва арзишҳои миллии худ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни воло шинохта мешавад. Аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими мо таҳкими худшиносии миллӣ, омӯзиши таърих, фарҳанг, забон, расму ойин ва дарки воқеияти имрӯзаи кишвар мебошад.

Бо баракати Истиқлол имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳдӯсту сулҳпарвар дар ҷаҳон обрӯ ва эътибор пайдо кардааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба намунаи арзишманд барои омӯзиши сулҳофарӣ дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, мояи сарфарозии ҳар як шаҳрванди тоҷик мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд аз миллату давлати худ ифтихор намуда, барои пешрафт ва шукуфоии он саҳми арзандаи худро гузошта, бо садоқат ба Ватан хизмат намоем. Тарбияи ватандӯстии ҷавонон масъулияти муштараки оила, мактаб ва ҷомеа мебошад. Истиқлолият барои наслҳои имрӯз заминаест, ки тавассути он метавонанд орзуҳои худро амалӣ сохта, дар ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд.

 

Мухторов Зуҳриддин, корманди раёсати маъмурию хоҷагидории ДДМИТ