ЗАБОН НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ЗИНДАГИИ АҲЛИ БАШАР
Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷомеа бидуни забон ва забон бидуни ҷомеа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, баробари рушду пешрафти ҷомеа забон низ инкишоф меёбад ва дигаргуниҳои он дар забон бозтоб мешаванд. Ҳоло дар даҳсолаи савуми асри ХХI дар олам шумораи забонҳо ба беш аз 7 ҳазор расидааст. Дар ин баробар дар тӯли таърихи инсоният тибқи маълумоти забоншиносон зиёда аз 9 ҳазор забон нобуд гардида ба қатори забонҳои мурда ворид шудаанд. Дар айни замон дар дунё 2500 забон таҳти хатари нестшавӣ қарор доранд.
Дар замони ҷаҳонишавӣ маҳз соҳибзабонон - интиқолдиҳандагон ва посдорандагони забон аз хатари нобудшавӣ забонро ҳифз менамоянд. Аз ин ҷост, ки аз ибтидои соҳибистиқлолии Ватанамон Сарвари дурбину оқили кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду такомул ва баланд бардоштани ҷойгоҳи забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд ва ин нуктаро дар яке аз баромадҳояшон зикр намуда гуфтанд: “Бе рушди забони давлатӣ, ҳамчун рукни муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, соҳибистиқлол буда наметавонем”.
Ҳанӯз 37 сол қабл аз ин - соли 1989 забони тоҷикӣ мақоми давлатиро гирифт, вале дар ин марҳилаи начандон зиёди таърихӣ тадбиру ибтикороти зиёде аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар анҷом пазируфт, ки барои мақому манзалат ва шуҳрати дубора касб кардани он ёрмандӣ намуд. Аз ҷумла, коргузорӣ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, истилоҳоти соҳавӣ тарҷума гардида, фарҳангҳо ва луғатҳои сершумор ба табъ расиданд. Барои ба забони илм мубаддал кардани забони тоҷикӣ Комиссияи олии аттестатсионӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола даҳҳо муҳаққиқон ва олимон дар соҳаҳои мухталифи илм рисолаҳои таҳқиқотиашонро бо забони тоҷикӣ дифоъ менамоянд. Ҳамаи ин бешубҳа, ба рушду инкишоф ва қавитар гаштани мақоми он дар ҷамъият мусоидат менамояд. Инчунин, 5 октябри соли 2009 аз нав Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид.
Аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар халқ забони ӯ мебошад. Забони тоҷикӣ, ки забони давлати мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, таърихи беш аз сеҳазорсола дорад ва дар иҳотаи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст.
Ҳар як забон таърихи худро дорад ва таърихи он бо сарнавишт ва роҳи паймудаи соҳибонаш сахт иртибот дорад. Ҳарчанд ин масир барои миллати мо пурпечутоб ва пур аз шебу фарозҳо буданд, аммо посдорандагони он - ниёгони бошарафу ғаюр ва оқилу фозиламон бо нархи ҷон онро пос доштанд ва чун мероси бебаҳои маънавӣ ба наслҳои дигар интиқол доданд. Мо аз зумраи он некбахтонем, ки соҳибон ва посдорандагони забони зебову шево, бемислу монанд, фасеҳу малеҳ ҳастем. Сарбаландем, ки бо лафзи ширини Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Мавлонову Ҷомӣ, Саъдиву Ҳофиз, Соибу Бедил, Туғралу Айнӣ ҳарф мезанем. Ба ин маънӣ устод Айнӣ гуфтаанд: “Ҳар гоҳе, ки мо суханҳои дилпазири забон ва адабиёти тоҷикро ба забон меорем, дар рӯҳамон фавқулодда як шодӣ ва хурсандӣ ҳосил мешавад, зиёда нозиш ва болидан дар вуҷудамон ҳис мекунем. Воқеан ҳақ дорем, ки нозем, ифтихор намоем, зеро ин забон ки чун офтоби дурахшон метобад ва ҷилва менамояд аз мост”.
Бузургони ҷаҳон адибону мутафаккирони барҷаста чун Гёте, Бернард Шоу, Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ, Сергей Есенин ва дигарон аз оҳангу зебогии забонамон ба ваҷд омада онро ситоиш кардаанд ва майли омӯзиши он намудаанд. Ба туфайли ғановати адабӣ, мавҷудияти он дар тӯли таърих, таъсири он ба дигар миллатҳо ба забоншиносон ва адабиётшиносони Аврупо имконият дод, ки дар конгресси Берлин соли 1872 забони тоҷикӣ-форсиро ҳамчун забони классикии дунявӣ дар баробари забонҳои юнонии қадим, лотинӣ ва санскрит эътироф гардад.
Гёте гуфтааст: “Месазад барои омӯхтани забони форсӣ кӯҳҳо, уқёнусҳо, баҳрҳоро убур кард”.
Бернард Шоу менависад: “Дар Шарқ аз забони дарӣ ширинтар забоне нест”.
Муҳаммад Иқбол фармуда:
Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Лафзи гуфтори дарӣ ширинтар аст”.
Тоҷикон дар аҳди Сомониён бо ин забон як фарҳанги ҷаҳонгире офарида, садҳо шоир, олим, санъаткор, меъмор ва арбоби давлатиро ба арсаи олам баровардаанд. Ба шарофати фаъолияту осори ниёгонамон забони тоҷикӣ дар тӯли беш аз 1000 сол ба ҳайси забони илму адаб ва забони расмии давлатӣ хизмат кардааст.
Сулолаи Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Манғитиён, ки қариб 1000 сол мушти салтанашон болои сари мардуми тоҷик буд, маҳз ба хотири забони суфтаву ноби тоҷикӣ ва илму фарҳанги волои ин миллат коргузории расмии давлатии худро бо ин забон ба роҳ монда, корҳои вазорату девондории дарборашон ба дасти олимон, адибон ва арбобони давлатии соҳибзабонон сурат мегирифт. Ба ҳамин тариқ забони модарии мо дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои таърихӣ гузашта, дар натиҷаи хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ, мероси гаронбаҳо ва корномаҳои беназири фарзандони барӯманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то Садриддин Айнӣ дар шакли зебову ноб барои мо ба ёдгор мондааст ва мо бо ин мероси ҷовидонӣ ифтихор мекунем.
Баъди барқарор гардидани Ҳокимияти шӯравӣ дар Тоҷикистон олимон ва забоншиносон кӯшиш мекунанд, ки халқро ҳарчи тезтар саводнок кунанд. Бо ин мақсад 1928 ба ҷои алифбои арабӣ алифбои лотинӣ ва соли 1940 алифбои ҳозира - кириллӣ қабул карда мешавад. Нимаи дуюми солҳои бист ва аввали солҳои сиюми асри ХХ дар атрофи забони тоҷикӣ ва алифбо баҳсу мунозираҳои зиёде ба амал меояд. Фикрҳои гуногун баён карда мешаванд.
Доир ба ин масъала чандин мақола ва баромадҳои зиёиёни равшанфикри он замон - Садриддин Айнӣ, Абдуррауф Фитрат, Тӯрақул Зеҳнӣ, Баҳриддин Азизӣ, Раҳим Ҳошим, Мунзим, Деҳотӣ, ва дигарон дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ мерасанд. Зиёиён ва забоншиносон аз он ҷумла, устод Айнӣ ба чунин хулоса омаданд, ки хатти арабӣ бинобар номувофиқӣ ба хосияти савтиёти забони тоҷикӣ, сераломатию мураккабӣ талабот ва эҳтиёҷоти ҳаёти навро пурра қонеъ кунонида наметавонад. Устод С. Айнӣ дар мақолаи худ “Дунёи нав ва алифбои нав” (5 сентябри соли 1927 “Овози тоҷик”) иваз намудани алифборо зарур мешуморад. Ӯ менависад: “Алифбои нав бояд ба тарзе тартиб ёбад, ки ҳар фарзанди тоҷик дар як моҳ ҳарфшинос шуда тавонад ва баъд аз ҳарфшинос шудан ҳар калима ва ҷумлаи тоҷиконро, ки бо он алифбо навишта мешавад, бе хато кардан дар забар ва зер ва бе ғалат кардан дар лаҳҷа ва шева хонда тавонад”.
Ҳамин тавр, аввал солҳои 1928-1930 халқи тоҷик ба алифбои нави лотинӣ гузашт. Бо ёрии хати нав дар муддати кӯтоҳ тамоми халқ соҳиби хату савод гардид. Аз сабабе, ки Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буду дар баробари забони тоҷикӣ забони русӣ низ таълим дода мешуд, ба мактаббачагон лозим меомад, ки ду алифбо - лотинӣ ва кириллиро аз худ кунанд. Мутахассисон дарёфтанд, ки алифбои кириллӣ пурра овозҳои забони тоҷикиро инъикос карда метавонад, бинобар ин соли 1940 тоҷикон ин хатро пазируфтанд.
Забони тоҷикӣ забони милливу давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва берун аз қаламрави ин кишвар низ нуфуз дорад. Аз ҷумла, дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Шимоли Ҳиндустон, Туркиё, Курдистон, Қошғари Хитой ва Қафқоз низ истифода мешавад. Имрӯзҳо тақрибан 120 миллон аҳолӣ дар ҷаҳон бо се шохаи ин забон, яъне забони тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ҳарф мезананд, ки барои 70 миллионашон забони модарӣ ва барои 50 миллионашон забони дуюм маҳсуб мешавад.
Боиси ифтихори мост, ки имрӯзҳо забони тоҷикӣ аз минбарҳои баландтарин садо медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид бо ин забони шевои ноби тоҷикӣ баромад намуда, забон ва миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.
Ҳамасола рӯзи забони тоҷикӣ дар кишвари азизамон ботантана таҷлил мегардад. Мо бояд ҳамеша ифтихор намоем, ки ин забони ноби тоҷикӣ, ки кашиш ва ҷӯшиш дорад забони ниёгони мост ва мо онро аз касе ба орият нагирифтаем. Қарзу фарзи мо соҳибзабонон аст, ки забони аҷдодонамонро барои фардоиён ҳамин гуна софу беолоиш, суфтаву равон дода тавониста бошем. Мо бояд нисбати забони тоҷикӣ арҷ гузорем ва садоқату муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Наргис АСЛОНОВА,
профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng