Оид ба мақоми омӯзгор ва устод ҳанӯз дар адабиёти классикии форсу тоҷик андешаҳои бисёр баланд баён шудаанд. Омӯзгор ҳамчун сарчашмаи нур, раҳнамои камолот ва чароғи маърифат тавсиф ёфтааст. Дар мероси адабии классикони форсу тоҷик  аз Рӯдакӣ то Ҷомӣ, Саъдӣ, Мавлавии Балхӣ ва Бедил мавзуи муаллим ҳамчун рамзи хирад ва маърифат ситоиш шудааст. Ин сарчашмаҳо на танҳо барои шинохти мақоми устод, балки барои тарбияи насли наврас ва арҷгузорӣ ба ин касби шариф аҳамияти бузурги тарбиявӣ доранд.

Сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ашъори худ ба аҳамияти омӯзишу донишондӯзӣ таваҷҷуҳ кардааст. Яке аз байтҳои маъруфи ӯ чунин аст:

Ҳар кӣ нӯҳҷӯ аз гузашти рӯзгор,

Низ нӯҳҷӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

(Маънои байт чунин аст: касе ки аз таҷрибаи рӯзгор дарс нагирифтааст, аз ҳеҷ муаллиме низ чизе омӯхта наметавонад).

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар осори худ ба нақши омӯзгор дар ҷомеа ишораҳои арзишманд кардааст:

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар «Маснавии маънавӣ» ба робитаи устоду шогирд таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, муаллисро ҳамчун тарбиятгар ва роҳнамои ахлоқи ҳамида муаррифӣ менамояд:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Ҳеҷ Муллое нашуд Мавлони Рум,

То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.

Муаллим, устод ва омӯзгор ин вожаҳо барои ҳар нафар ошною муқаддасанд. Зери ин калимаҳои бузург омӯзандаи илму дониш, фарҳангу адаб ва пешвою оинаи миллат таҷассум меёбад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Касби муаллимӣ яке аз пешаҳои пурифтихору масъулиятнок ба шумор рафта, муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ аст.

Дар фарҳанги миллии тоҷик эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ мақоми хоса дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон мебошад».

Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ислоҳоти соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва беҳтар кардани шароити иҷтимоии омӯзгорон ҳамеша таваҷҷуҳи амиқ зоҳир мекунанд. Рӯзи омӯзгорон дар кишвар бо чорабиниҳои ботантана ва қадрдонии омӯзгорони пешқадам ҷашн гирифта мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиёти Тоҷикистон дар омода кардани мутахассисони ояндаи соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо дар ташаккули саводнокии молиявӣ ва тафаккури иқтисодии донишҷӯён нақши калидӣ доранд. Дар ин донишгоҳ низ Рӯзи муаллимон ҳамасола бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷамъомадҳои ботантана таҷлил гардида, устодони фидокор қадрдонӣ карда мешаванд.

Таҷлили муштараки ин санаҳо ё пайванди Рӯзи забони давлатӣ ва иди муаллимон (ки ҳарду дар моҳи октябр таҷлил мешаванд) омили муҳими тарбиявию маърифатӣ мебошад. Ин арзишҳо ба насли наврас эҳтиром ба забони модарӣ, қадршиносии заҳмати устодон ва ифтихори миллиро таълим медиҳанд. Муаллимон кӯшиш менамоянд, ки насли солимфикр, ватандӯст ва мутахассиси боистеъдодро ба воя расонанд. Аз ин рӯ, қарзи ҳар як шогирд аст, ки заҳматҳои устодро пос дошта, бо донишу одоби худ сазовори ин номи бузург бошанд.

Б. АХМЕДОВА,

устоди ДДМИТ