ЗАХИРАҲОИ ОБӢ ВА АҲАМИЯТИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР
Истифодаи нодурусти захираҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои обӣ метавонад боиси буҳронҳои ҷиддии экологӣ гардад. Буҳрони экологӣ тағйирёбии мувозинати табиии муҳити зист буда, на танҳо натиҷаи таъсири инсон ба табиат, балки паёмади истифодаи босуръат ва беандешонаи сарватҳои табиӣ ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан зарур аст, ки сарфи зиёдатии об на танҳо талафи ин неъмати ҳаётан муҳимро ба бор меорад, балки оқибатҳои манфии дигар низ дорад. Аз ҷумла, истифодаи барзиёди об метавонад боиси вайроншавии шабакаҳои заҳбуру заҳкаш, баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, ботлоқшавӣ ва шӯршавии заминҳои кишт, инчунин, осеб дидани манзилҳои истиқоматӣ гардад.
Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати захираҳои обӣ, татбиқи чораҳои зерин муҳим арзёбӣ мегардад:
- аз нав ба қайд гирифтани сарчашмаҳои об;
- таҷдид ва беҳсозии шабакаҳои обёрӣ, махсусан дар вилояти Хатлон ва водии Ҳисор;
- пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи обҳои зеризаминӣ;
- мониторинги ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо ва дигар манбаъҳои об;
- ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тозакунии об;
- истифодаи оқилона ва ҳифзи обҳои маъданӣ;
- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иншооти тозакунанда.
Норасоии оби тоза имрӯз ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст. Ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015) дар баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала нақши муҳим бозид.
Яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба захираҳои обӣ тағйирёбии иқлим мебошад. Ин раванд, пеш аз ҳама, ба зиёд шудани партови газҳои гулхонаӣ ва кам гардидани масоҳати ҷангалҳо вобаста аст. Тибқи маълумотҳо, агар 100 сол пеш зиёда аз 30 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро ҷангалҳо ташкил медоданд, имрӯз ин нишондиҳанда то 3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ин замина, дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси роҳбарияти кишвар барномаҳои барқарорсозӣ ва бунёди ҷангалзорҳо роҳандозӣ гардидаанд. Зеро ҷангалҳо дар коҳиш додани таъсири манфии газҳои гулхонаӣ ва ҳифзи мувозинати экологӣ нақши муҳим доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҷонибдори коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ буда, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва рушди «иқтисоди сабз»-ро дастгирӣ менамояд.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи захираҳои обӣ, истифодаи самараноки онҳо ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир метавонанд барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди устувори иқтисодии кишвар заминаи мусоид фароҳам оваранд.
Дар байни масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии соҳа чунин самтҳо афзалиятнок мебошанд:
- таҳияи низоми муосири мониторинги захираҳои об;
- таъмини аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ;
- ташкили механизмҳои ҳавасмандгардонии истифодаи сарфакоронаи об;
- арзёбии имкониятҳои содироти об ва маҳсулоти обталаб;
- муайян намудани меъёрҳои илмии истеъмоли об бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ.
Дар фарҷом бояд таъкид намуд, ки ҳалли мушкилоти экологӣ, аз ҷумла ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва масъулияти ҳар як фарди ҷомеа имконпазир аст.
Шукрона ҚУВВАТОВА
донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси 26020202 факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ
Тоҷ
Рус
Eng