КОРРУПСИЯ ҲАМЧУН АМАЛИ НОМАТЛУБИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДӢ
Коррупсия, ки дар тӯли рушди инсоният дар шаклҳои гуногун ҳамчун қувваи харобиовари ҷамъият вуҷуд доштааст, имрӯз ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим ва мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ аҳаммияти хосса пайдо кардааст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ин падидаи номатлуб дар тамоми марҳилаҳои тамаддуни башарӣ таъсири манфии худро расонида, ба рушди устувори ҷомеа монеа эҷод намудааст.
Коррупсия на танҳо як зуҳуроти ҷудогона, балки низоми мураккабест, ки бо як қатор омилҳои манфӣ, аз ҷумла нобаробарии иқтисодӣ, бекорӣ, терроризм ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккил робитаи зич дорад. Аз ин рӯ, барои дарёфти роҳҳои самараноки муқовимат ба он, омӯзиши ҳамаҷонибаи сабабҳо ва оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ, инчунин, таҳқиқи иртиботи он бо дигар кирдорҳои манфии иҷтимоӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Бо ақидаи донишмандони равшанфикр, аз қабили Жан-Жак Руссо ва Шарль-Луи де Монтеске, коррупсия ба маънои васеъ ҳамчун амале фаҳмида мешавад, ки номутаносибии муносибатҳои байни ҷомеа ва давлатро инъикос менамояд. Бо мурури замон, мазмуни амалии он тағйир ёфта, бештар бо зуҳуроти мушаххасе чун ришвахорӣ, суиистифода аз мансаб ва дигар намудҳои қаллобии молиявӣ, ки одатан аз ҷониби мансабдорон анҷом дода мешаванд, пайваст гардидааст. Барои муайян намудани моҳияти коррупсия ҳамчун амали ғайриқонунӣ бояд қайд кард, ки дар сиёсатшиносӣ он аксаран ҳамчун яке аз воситаҳои мубориза барои ба даст овардан, тақсим намудан ва нигоҳ доштани қудрат баррасӣ мешавад. Ҳамзамон, дар маънои васеъ коррупсия метавонад ҳатто ҳамчун як механизми ғайрирасмии идоракунӣ арзёбӣ гардад, ки тавассути он гурӯҳҳои манфиатдор ба равандҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ таъсир мерасонанд.
Аз нигоҳи муносибатҳои иҷтимоӣ, коррупсия ҳамчун амали манфӣ дар натиҷаи низоъҳои иҷтимоӣ ва таҳрифи муносибатҳои байни одамон ба вуҷуд омада, бо манфиатҳои шахсӣ ё корпоративӣ алоқаманд мебошад.
Аз ҷиҳати равонӣ бошад, он ба хусусиятҳои шахсияти мансабдори ришвахор, инчунин, ба маҷмуи сабабҳо ва шароитҳое марбут аст, ки шахсро ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ водор месозанд. Ҳамзамон, вобаста ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, шаклҳои зуҳури коррупсия дар байни миллатҳо гуногун буда, имрӯз он ба як масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Дар шароити ҷаҳони муосир аксари давлатҳо барои коҳиш додани ин падидаи номатлуб чораҳои мушаххас меандешанд ва Тоҷикистон низ дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои пешгирӣ ва маҳдудсозии он саҳми назаррас мегузорад.
Муқовимат ба коррупсия яке аз ҷузъҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳия ва татбиқи он аз ташаббусҳои олии сиёсии роҳбарияти давлат сарчашма мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, аз соли 1999 инҷониб тадбирҳои пайваста ва ҳадафмандро роҳандозӣ намудааст.
Дар ин замина, заминаи ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия низ тадриҷан такмил ёфта, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», инчунин, санадҳои марбут ба танзими хароҷоти мансабдорон ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо, ҳамчун воситаҳои муҳимми ҳуқуқӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия хизмат менамоянд. Ҳамзамон, қабули стратегияҳо ва барномаҳои давлатии муқовимат ба коррупсия, таъсиси мақомоти махсус, аз ҷумла Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, далели он аст, ки давлат барои коҳиш додани ин амали номатлуб сиёсати мақсаднок ва низоми мукаммалро амалӣ менамояд.
Дар маҷмуъ, таҳлили моҳият, сабабҳо ва паёмадҳои коррупсия нишон медиҳад, ки он ҳамчун амали мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсию ҳуқуқӣ ба рушди устувори ҷомеа монеа эҷод намуда, ба амнияти иқтисодӣ ва эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бо назардошти хусусияти фарогир ва глобалии ин зуҳурот, мубориза бар зидди он танҳо дар шароити ҳамоҳангии тадбирҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад самаранок бошад.
Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки ташаккули заминаи мустаҳками қонунгузорӣ, иродаи сиёсӣ ва фаъолияти пайвастаи сохторҳои давлатӣ метавонанд дар коҳиш додани сатҳи коррупсия нақши муҳим иҷро намоянд. Аз ин рӯ, таҳкими шаффофият, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рушди механизмҳои муосири идоракунӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки пешгирӣ ва маҳдудсозии коррупсия бояд дар маркази сиёсати давлатӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар фард қарор гиранд.
Тахмина АЪЗАМОВА,
н.и.и., ассистенти кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ
Тоҷ
Рус
Eng