ЧАРО МАН ДОНИШҶӮИ ДДМИТ ШУДАМ?
Дар зиндагии ҳар як инсон лаҳзаҳое ҳастанд, ки сарнавишт роҳи ояндаи ӯро муайян месозад. Интихоби роҳи таҳсил, интихоби донишгоҳ ва ихтисос аз ҷумлаи чунин лаҳзаҳои тақдирсоз мебошад.
Интихоби касб ва роҳи таҳсил яке аз муҳимтарин қарорҳои зиндагии ҳар як инсон ба ҳисоб меравад. Ман низ баъди хатми мактаби миёна сараввал ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур дохил шудам, зеро дар он вақт фикр мекардам, ки ин соҳа ба ман мувофиқ аст. Аммо бо гузашти вақт дарк кардам, ки шавқу рағбати ман бештар ба соҳаи иқтисод ва молия равона шудааст.
Маҳз ҳамин тасмими қатъӣ боис гардид, ки пас аз як соли таҳсил ман аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тариқи интиқол ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон гузаштам. Зеро мехостам донишу малакаҳои худро дар самти иқтисод, идоракунии молия ва тиҷорат рушд диҳам.
Имрӯзҳо соҳаи иқтисод дар рушди ҳар як давлат нақши муҳим мебозад ва мутахассисони баландихтисос дар ин соҳа талаботи зиёд доранд.
Дар ин боргоҳи маърифат ман имкон пайдо кардам, ки ба азхудкунии фанҳои замонавӣ, аз қабили иқтисоди бозорӣ, молияи давлатӣ, ҳисобдорӣ ва идоракунии тиҷорат машғул шавам. Инчунин, муҳити таълимӣ ва устодони ботаҷриба ба ман кумак карда истодаанд, ки ҷаҳонбинии худро васеъ намоям.
Албатта, интиқол осон набуд. Ман бояд ба муҳити нав мутобиқ мешудам, бо ҳамсабақони нав шинос мегаштам ва барномаи таҳсилро аз нав меомӯхтам. Аммо бо саъю талош ва роҳнамоии устодон тавонистам ба ин ҳама мушкилот мутобиқ гардам.
Интиқоли ман як қадами дуруст буд, зеро он ба ман имкон дод, ки роҳи дилхоҳи худро интихоб намуда, ба ояндаи худ бовар дошта бошам. Ҳоло итминон дорам, ки дар соҳаи интихобкардаам муваффақ мешавам ва дар рушди иқтисодиёти кишварам саҳм мегузорам.
Барои ман низ чунин марҳилаи муҳим он рӯз буд, ки дарҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба рӯям боз гардиданд ва ман худро дар сафи донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи илму маърифат дарёфтам. Ин интихоб на танҳо як қарор, балки орзу, мақсад ва бовар ба ояндаи равшан буд. Чунки аз овони мактабхонӣ ба масъалаҳои иқтисод, муносибатҳои молиявӣ ва тарзи идоракунии захираҳо таваҷҷуҳи хоса доштам. Ман ҳамеша фикр мекардам, ки чӣ гуна давлатҳо рушд мекунанд, чаро баъзе ҷомеаҳо сарватманду пешрафтаанд ва дигарон барои пешрафт мубориза мебаранд. Оҳиста-оҳиста дарк намудам, ки ҷавоби бисёре аз ин саволҳо дар илмҳои иқтисод, молия ва идоракунӣ нуҳуфтааст. Аз ҳамин рӯ, дар дили ман орзуе ба вуҷуд омад: омӯзиши амиқи ин илмҳо ва табдил ёфтан ба мутахассисе, ки тавонад дар рушди иқтисоди ҷомеа саҳм гузорад, маро ба кӯи мурод мерасонад.
Вақте сухан аз интихоби муассисаи таҳсилоти олӣ мерафт, ман мехостам дар донишгоҳе таҳсил намоям, ки на танҳо дониш диҳад, балки ҷаҳонбинӣ, тафаккури таҳлилӣ ва масъулияти иҷтимоиро дар инсон парвариш кунад. Маҳз ҳамин хусусиятҳоро ман дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дарёфтам.
Ҳоло мебинам, ки ин донишгоҳ дар тӯли солҳои фаъолият ба мактаби воқеии тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаи иқтисод табдил ёфтааст. Ҳазорон хатмкардагони он имрӯз дар сохторҳои давлатӣ, бонкҳо, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои иқтисодӣ фаъолият намуда, дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Муҳити илмии донишгоҳ, устодони соҳибтаҷриба ва барномаҳои муосири таълимӣ барои ман ангезаи қавии илмомӯзӣ гардиданд. Дарсҳо танҳо интиқоли маълумот нестанд, онҳо мактаби андешидан, таҳлил кардан ва ҷустуҷӯи роҳҳои нав мебошанд. Ҳар як машғулият ба ман сабақ медиҳад, ки иқтисод танҳо рақамҳо ва ҳисобу китоб нест, балки илми дарки равандҳои иҷтимоӣ ва рушди ҷомеа аст.
Ҳамзамон, донишгоҳ барои рушди шахсияти донишҷӯ низ шароити мусоид фароҳам овардааст. Иштирок дар конфронсҳои илмӣ, озмунҳои донишҷӯӣ, маҳфилҳои илмӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба ман имкон медиҳад, ки қобилиятҳои худро бештар сайқал диҳам. Дар чунин муҳит инсон на танҳо дониш меомӯзад, балки масъулият, ҳамкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашариро низ дарк мекунад.
Барои ман донишҷӯи ДДМИТ будан танҳо як унвон нест, ин ифтихор ва масъулияти бузург аст. Ифтихор аз он ки ба ҷомеаи донишҷӯёни донишгоҳе шомил ҳастам, ки барои пешрафти иқтисоди кишвар кадрҳои арзанда омода месозад. Ва масъулият аз он ки бояд донишҳои андӯхтаро дар оянда ба манфиати Ватан ва ҷомеа истифода намоям.
Ман бовар дорам, ки ҳар як донишҷӯ орзу дорад дар ҳаёти ҷомеа нақши созанда дошта бошад. Орзуи ман низ ҳамин аст: бо дониш ва таҷрибае, ки дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба даст меорам, дар рушди иқтисодиёти мамлакат саҳм гузорам, барои ободии Ватану Меҳани азизам хизмат намоям ва ба насли оянда намунаи инсонҳои донишманду масъул бошам.
Аз ин рӯ, вақте аз ман мепурсанд: «Чаро ту маҳз донишҷӯи ДДМИТ шудӣ?» Ман бо итминон ҷавоб медиҳам: “Зеро ин донишгоҳ барои ман на танҳо макони таҳсил, балки мактаби ташаккули орзуҳо, неруи дониш ва роҳи расидан ба ҳадафҳои бузурги зиндагӣ мебошад”.
Салмон МАҚСАДУЛЛОЗОДА,
донишҷӯи соли дуюми ихтисоси 1-25010728 факултаи иқтисод ва идораи давлатӣ
Тоҷ
Рус
Eng