Обшавии босуръати пиряхҳо яке аз мушкилоти глобалии асри XXI ба шумор меравад, ки ба амнияти обӣ, иқтисодӣ ва экологии минтақаҳои кӯҳӣ, аз ҷумла Осиёи Маркарзӣ, таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Тоҷикистон, ки беш аз 60% захираҳои оби ширини Осиёи Марказиро дар пиряхҳои худ нигоҳ медорад, аз ин тағйироти иқлимӣ бештар осебпазир аст. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ ташаббусҳои муҳимро барои ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим пешниҳод намудаанд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб кардаанд.

Пиряхҳои Тоҷикистон, ки асосан дар Помири Шимолию Ғарбӣ ва қаторкӯҳҳои Ҳисору Олой ҷойгиранд, манбаи асосии об барои дарёҳои бузурги минтақа мебошанд. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 14 000 пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин ҳаҷми азими ях қариб нисфи ҳаҷми оби дарёҳои Тоҷикистонро таъмин мекунад. Аммо, таҳқиқот нишон медиҳанд, ки дар 100 соли охир беш аз 1000 пиряхи хурд пурра нест шудаанд ва суръати обшавии пиряхҳои бузург, аз ҷумла пиряхи Федченко ба ҳисоби миёна 16 метр дар як солро ташкил медиҳад.

Дар посух ба ин таҳдиди глобалӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи худ, аз оғози солҳои 2000-ум ташаббусҳои байналмилалиро дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо пайваста пешбарӣ намудааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардид, ки ин таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба масъалаи об ҷалб кард. Инчунин, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» (2005-2015) ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028) аз ҷумлаи иқдомҳои муҳими Тоҷикистон дар ин самт мебошанд.

Қуллаи ин ташаббусҳо қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар 14 декабри соли 2022 мебошад, ки бо пуштибонии 153 кишвари аъзо, соли 2025-ро «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21 мартро «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кард. Ин қатънома инчунин, таъсиси Хазинаи байналмилалии мақсаднокро барои ҳифзи пиряхҳо ва баргузории Конфронси сатҳи баланди СММ оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар Душанбе дар соли 2025 пешбинӣ мекунад. Ин иқдомҳо нақши пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти глобалии об ва иқлим тасдиқ мекунанд.

Барои таҳлили илмии раванди обшавии пиряхҳо ва нишон додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон, метавон аз моделҳои математикӣ истифода кард. Яке аз чунин моделҳо «Модели рӯзи дараҷавӣ» (Degree-Day Model) мебошад, ки обшавии пиряхро дар асоси ҳарорати ҳаво ҳисоб мекунад. Формулаи умумии ин модел чунин аст: M=f∙(T-T0), ки дар он M ҳаҷми обшавӣ, f коэффисиенти обшавӣ, T ҳарорати миёнаи ҳаво ва T0 ҳарорати остонавӣ (одатан 0°C) мебошад.

Моделсозии математикӣ, динамикаи ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистонро дар ду сенарияи гуногун дар тӯли 80 сол (аз 2025 то 2105) пешгӯӣ мекунад. Сенарияи аввал «Бе ташаббус» ё сенарияи пессимистӣ мебошад, ки дар он суръати гармшавии ҳаво 0.04° C дар як сол қабул шудааст. Дар натиҷа, пиряхҳо 48% ҳаҷми худро гум мекунанд. Сенарияи дуюм «Бо ташаббус» ё сенарияи оптимистӣ аст, ки дар он суръати гармшавии ҳаво ба 0.015°C дар як сол коҳиш меёбад ва Пиряхҳо танҳо 22% ҳаҷми худро гум мекунанд.

Натиҷаҳои моделсозӣ нишон медиҳанд, ки дар сенарияи пессимистӣ, ҳаҷми пиряхҳо дар муддати кӯтоҳтар ба сифр наздик мешавад, ки ин ба оқибатҳои фалокатбор барои захираҳои обӣ ва экосистемаи минтақа оварда мерасонад. Баръакс, дар сенарияи оптимистӣ, ки ташаббусҳои Тоҷикистонро ба назар мегирад, раванди обшавӣ ба таври назаррас суст шуда, ба инсоният вақти бештар медиҳад. Ин таҳлил аҳамияти бузурги сиёсати пешгирикунанда ва ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳифзи пиряхҳо таъкид мекунад.

Хулоса, обшавии пиряхҳо як мушкилоти ҷаҳониест, ки ба Тоҷикистон таъсири амиқ мерасонад. Ташаббусҳои пайваста ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла эълони соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» на танҳо таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба ин масъала ҷалб мекунанд, балки роҳҳои ҳалли амалиро низ пешниҳод менамоянд. Таҳлили математикӣ низ нишон медиҳад, ки чораҳои пешгирикунанда ва коҳиши суръати гармшавии иқлим метавонанд ба ҳифзи пиряхҳо ва таъмини амнияти обӣ дар оянда мусоидат кунанд.

 

А. ШОЙИМҚУЛОВ,

муаллими калони кафедраи математикаи олӣ