Тайи солҳои ахир Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбариии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати иқтисодии ба рушди саноат ва инноватсия нигаронидашударо пайгирона амалӣ намуда, ҳамкории худро бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки осиёии рушд ва хигар шарикони молиявӣ густариш бахшида истодааст. Ин ҳамкориҳо барои ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои муосир, рушди инфрасохтори истеҳсолӣ ва баланд бардоштани иқтидори инноватсионии иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми ахири худба Маҷлиси олӣ аз 16 декабри соли 2025 таъкид бар он доштанд, ки: “Бо мақсади ноил гардиджан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ- саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019-2025), яъне дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад”.

Дар такя ба ин дастуру ҳидоятҳо рӯзи 5 июни соли равон бо ташаббуси кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар доираи таҷлили сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди таъсисёбии ДДМИТ конфаронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Афзалиятҳои рушди саноатикунонии босуръат дар шароити гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид, ки дар кори он дар қатори олимону профессорон ва коршиносони ватанӣ, ҳамчунин, меҳмонон аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Кореяи Ҷанубӣ ширкат ва суханронӣ намуданд.

Пас аз ҳусни оғоз бахшидан ба ҳамоиш гардонандаи он, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода иброз намуд, ки дар шароити муосири рушди иқтисоди бозорӣ фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Рушди соҳибкорӣ на танҳо ба зиёд гардидани истеҳсолот ва хизматрасонӣ мусоидат мекунад, балки барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокии аҳолӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорон ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Зикр гардид, ки рушди саноат яке аз рукнҳои асосии иқтисодиёти давлат буда, дар ин замина саноатикунонии босуръати кишвар на танҳо ҳадафи иқтисодӣ ва манбаи даромад аст, балки мактаби таҷриба, такмили малакаи касбии шаҳрвандон, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ояндаи устувори миллат ба шумор мераванд.

Дар сурати дар амал татбиқ намудани ин ҳадафи стратегӣ дар кишвар қишри коргару мутахассисони соҳавӣ ташаккул ёфта, пояи иқтисоди миллӣ мустаҳкам мегардад.

Азбаски конфаронс байналмилӣ буд ва дар кори он маърӯзачиён аз хориҷи кишвар низ ба шакли айниву маҷозӣ ширкат доштанд, бинобар ҳамин, пешбурди кори он бо се забон сурат гирифт.Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Усмонова Туҳфа Ҷумъаевна дар мавзуи “Саноатикунонӣ-асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ” баромад намуда, иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои муосир масъалаи ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ ба яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодии давлатҳо табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки аҳамияти ин раванд роҳи рушди устувори худро ба густариши иқтидори саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ пайванд додааст. Дар ин замина саноатикунонӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат нақши калидӣ дошта, барои гузариш аз иқтисодиёти анъанавӣ ба иқтисодиёти донишбунёд ва инноватсионӣ заминаи воқеӣ фароҳам меорад.

Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки маҳз рушди истеҳсолоти саноатӣ, коркарди ашёи хом, истифодаи технологияҳои муосир ва тавсеаи фаъолияти инноватсионӣ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии давлат мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, эълон гардидани саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар роҳи таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.

Гуфта шуд, ки солҳои охир дар кишвар даҳҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, иқтидори саноатӣ тадриҷан афзоиш меёбад. Дар баробари ин, таваҷҷуҳи махсус ба рушди саноати коркард, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ворид намудани технологияҳои рақамӣ ва истифодаи дастовардҳои илмӣ равона шудааст. Маҳз чунин тадбирҳо барои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ заминаи устувор мегузоранд.

Сипас, маърӯзаи доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон Раҷабов Уткир Дуснаевич таҳти унвони “Роҳҳои таъмини саноатикунонии босуръат тавассутибаланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти саноатӣ ва фаъолияти логистикӣ” шунида шуд.

Мавсуф зикр намуд, ки саноатикунонӣ на танҳо василаи рушди истеҳсолот, балки омили муҳими навсозии иқтисоди миллӣ ва гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ мебошад. Татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръат, рушди технологияҳои муосир, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти неруи илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос метавонанд Тоҷикистонро ба марҳалаи нави рушди иқтисодӣ ворид намоянд. Аз ин рӯ, саноатикунонӣ воқеан асоси ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ буда, кафили пешрафт, рақобатпазирӣ ва некӯаҳволии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Ба андешаи меҳмони узбекистонӣ, иқтисодиёти инноватсионӣ пеш аз ҳама ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловагӣ, истифодаи донишҳои муосир ва рушди сармояи инсонӣ такя мекунад. Дар чунин шароит корхонаҳои саноатӣ на танҳо марказҳои истеҳсолӣ, балки муҳаррики татбиқи технологияҳои нав, ихтироъкорӣ ва навоварӣ мегарданд. Бо рушди саноат талабот ба мутахассисони соҳибкасб, муҳандисон, технологҳо ва пажӯҳишгарон низ меафзояд, ки ин ба рушди илму маориф ва таҳкими неруи зеҳнии ҷомеа мусоидат мекунад.

Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодиёти инноватсионӣ рақамикунонии истеҳсолот мебошад. Имрӯз корхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон аз технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, робототехника ва системаҳои автоматикунонидашуда васеъ истифода мебаранд. Барои кишварҳои Осиёи миёна, аз ҷумла, Тоҷикистону Узбекистон низ мутобиқ намудани истеҳсолот ба талаботи инқилоби чоруми саноатӣ аҳамияти хосса дорад. Ин раванд метавонад ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат, коҳиши хароҷот ва беҳтар гардидани сифати маҳсулот мусоидат намояд.

“Ҳамзамон, саноатикунонӣ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар гардидани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ низ замина фароҳам меорад. Корхонаҳои нави истеҳсолӣ ба шуғли аҳолӣ мусоидат намуда, имконияти ҷалби ҷавононро ба фаъолияти истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ бештар мегардонанд. Дар натиҷа, сатҳи даромади аҳолӣ боло рафта, талаботи бозори дохилӣ низ афзоиш меёбад”, - изҳор намуд Уткир Раҷабов.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории ДДМИТ Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович зимни баромади хеш дар мавзуи “Хусусиятҳо, омилҳо ва самтҳои рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонии табиӣ дар шароити саноатикунонии босуръат” иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бойи ашёи хоми табиӣ мебошад, барои рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонии табиӣ имкониятҳои васеъ дорад. Бо дарназардошти татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии табиӣ метавонад ба яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёбад.

Масолеҳи сохтмонии табиӣ, аз қабили санг, шағал, қум, гил, гаҷ, мармар, оҳаксанг ва дигар навъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, на танҳо барои қонеъ намудани талаботи бозори дохилӣ, балки барои рушди иқтидори содиротии кишвар низ нақши муҳим мебозанд.

Изҳори назар карда шуд, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонии табиӣ дар шароити саноатикунонии босуръат яке аз бахшҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти захираҳои фаровони ашёи хом, сиёсати ҳадафманди давлатӣ, рушди инфрасохтор ва афзоиши талаботи бозор имконият медиҳанд, ки ин соҳа ба муҳаррики муҳими рушди саноат табдил ёбад.

Дар оянда таваҷҷуҳи бештар ба коркарди амиқи ашёи хом, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва рушди содирот метавонад саҳми саноати масолеҳи сохтмонии табииро дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам назаррас гардонад. Истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди истеҳсолоти инноватсионӣ заминаи боэътимоди расидан ба ҳадафҳои стратегии саноатикунонии кишвар хоҳад шуд.

Сипас, маърӯзаи онлайнии доктори илмҳои иқтисод, профессори қирғиз Мадкаримова Анорхон Мадқосимовна, ки фарогири масоили “Ҳолат ва мушкилоти рушди рақамикунонӣ дар бахши кишоварзии Ҷумҳурии Қирғизистон” мавриди баррасии аҳли нишаст қарор гирифт.

Тавре номбурда баён кард,  рақамикунонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Дар солҳои охир Ҳукумати кишвар барои татбиқи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳоро амалӣ намуда истодааст. Бо вуҷуди ин, раванди гузариш ба кишоварзии рақамӣ ҳанӯз бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошад.

Ба андешаи маърӯзачӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон нишон медиҳад, ки рақамикунонӣ метавонад ба баланд шудани ҳосилнокӣ, беҳтар гардидани идоракунии захираҳои обу замин, коҳиш ёфтани хароҷот ва афзоиши рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат намояд. Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, маҳдудияти инфрасохтор, камбуди донишҳои рақамӣ, мушкилоти молиявӣ ва номукаммалии заминаи ҳуқуқӣ ҳанӯз ҳам аз монеаҳои асосии рушди кишоварзии рақамӣ дар Қирғизистон ба ҳисоб мераванд. Бартараф намудани ин мушкилот метавонад заминаи устуворро барои ташаккули кишоварзии интеллектуалӣ ва рақобатпазири кишвар фароҳам оварад.

Изҳори назар гардид, ки имрӯз Тоҷикистон дорои имкониятҳои фаровони рушди саноат мебошад. Захираҳои бойи маъданӣ, иқтидори бузурги энергетикӣ, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва захираҳои меҳнатӣ метавонанд барои таъсиси истеҳсолоти муосир ва рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оваранд. Истифодаи самараноки ин имкониятҳо ба рушди саноати миллӣ ва ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, бояд дар роҳи ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ рушди ҳамкории илм ва истеҳсолот аҳамияти калон дорад. Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ бояд бо корхонаҳои истеҳсолӣ робитаи зич дошта бошанд, то натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот татбиқ гардида, ихтироъ ва навовариҳо ба маҳсулоти рақобатпазир табдил ёбанд. Чунин ҳамгироӣ имконият медиҳад, ки иқтисодиёт ба манбаи нави рушд - дониш ва технология такя намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир тавонистааст ҳамчун кишвари дорои имкониятҳои васеи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавқеи худро таҳким бахшад. Ба ҳайси як шаҳрванди Ҷумҳурии Корея, ки имкони боздид аз Тоҷикистон ва ошноӣ бо фазои иқтисодиву иҷтимоии онро доштаам, метавон гуфт, ки дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ воқеан қобили таваҷҷуҳ ва омӯзиш мебошанд.

Тоҷикистон имрӯз дар марҳилаи муҳимми рушди худ қарор дорад. Дар замоне ки бисёре аз кишварҳои рӯ ба рушд бо мушкилоти иқтисодӣ, бекорӣ ва коҳиши сармоягузорӣ рӯбарӯ ҳастанд, Тоҷикистон тавонистааст сиёсати устувори иқтисодиро роҳандозӣ намуда, барои рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

Меҳмони фахрии ҳамоиш, соҳибкор аз Кореяи Ҷанубӣ Ҷо Сонг Мун дар мавзуи “Тоҷикистон дар масири рушди устувори иқтисодӣ ва пешрафти соҳибкорӣ” суҳбат намуда, мушоҳидаву таҳлилҳояшро ҳамчун як нафар шаҳрванди хориҷии огоҳ аз дигаргуниҳову пешрафтҳои иқтисодии кишвари мо хеле дилпурона баён дошт. Ба андешаи номбурда, яке аз ҷанбаҳои муҳимме, ки таваҷҷуҳи ҳар як соҳибкор ва сармоягузори хориҷиро ба худ ҷалб мекунад, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеа мебошад. Тоҷикистон имрӯз ҳамчун кишвари орому босубот дар минтақа шинохта мешавад. Маҳз ҳамин субот ба рушди иқтисодӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ мусоидат намудааст.

Дар солҳои охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ тадбирҳои муассир андешидааст. Қонунгузории кишвар пайваста такмил ёфта, низоми бақайдгирии соҳибкорӣ содатар гардидааст. Дар натиҷа шумораи субъектҳои соҳибкорӣ сол ба сол афзоиш ёфта, саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ бештар мегардад.

Аз нигоҳи таҷрибаи Ҷумҳурии Корея, ки имрӯз яке аз иқтисодҳои пешрафтаи ҷаҳон маҳсуб мешавад, нақши соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ дар рушди давлат хеле муҳим аст. Таҷрибаи Тоҷикистон низ нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳ ба соҳибкории хурду миёна метавонад ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди минтақаҳо мусоидат намояд.

Ҳангоми сафар ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки дар баробари шаҳрҳои калон, дар ноҳияҳо ва деҳот низ фаъолияти соҳибкорӣ тадриҷан густариш меёбад. Корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои сайёҳӣ ва иншооти инфрасохторӣ ба рушди иқтисоди маҳаллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.

Соҳибкори кореягӣ бо итминон иброз намуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар роҳи рушди устувори иқтисодӣ қарор дошта, барои соҳибкорон ва сармоягузорон имкониятҳои навро пешниҳод мекунад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки ислоҳоти иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди саноат метавонанд заминаи боэътимоди пешрафти минбаъдаи кишварро таъмин намоянд.

“Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Корея, ман ба ояндаи муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Корея бо хушбинӣ назар мекунам. Итминон дорам, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои сармоягузорӣ, технология, маориф, энергетика ва соҳибкорӣ боз ҳам густариш ёфта, ба манфиати мардумони ҳар ду давлат хизмат хоҳанд кард.Тоҷикистон имрӯз на танҳо кишвари дорои таърихи куҳан ва фарҳанги ғанӣ, балки давлати рӯ ба рушди иқтисодӣ, имкониятҳои нав ва дурнамои умедбахши соҳибкорӣ мебошад. Маҳз ҳамин воқеият таваҷҷуҳи ҳар як нозири хориҷӣ ва сармоягузори эҳтимолиро ба худ ҷалб мекунад ва барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаҳои устувор фароҳам меорад”, - андешаҳояшро ҷамъбаст намуд Ҷо Сонг Мун.

Дар фароварди ҳамоиш аз ҷониби ширкаткунандагони конфаронс баҳсу мунозира ва музокираву гарму судманд сурат гирифт.

Дар фарҷом гардонандаи миз  Сипосноаву туҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи Раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро ба меҳионон тақдим намуда, ҳамзамон, эълом дошт, ки давоми рӯз конфаронси илмӣ-назариявии "Афзалиятҳои рушди саноатикунонии босуръат дар шароити гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" давоми рӯз дар бахшҳо идома ёфта, дар он маҷмуан, беш аз 15 маърӯза шунида хоҳад шуд.

 

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ