ОҒОЗИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ «МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ»
Рӯзи 4 июни соли равон бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим курси омӯзишии «Маҳорати педагогӣ» оғоз гардид. Курси мазкур то 13 июн идома ёфта, ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон равона шудааст.
Зимни маросими ифтитоҳи курс муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов қайд кард, ки раёсати донишгоҳ дар доираи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди неруи зеҳнии ҷомеа барои такмили маҳорати касбии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир амалӣ менамояд. Аз ҷумла, ҳамасола курсҳои такмили ихтисос ба таври ройгон барои омӯзгорон ташкил гардида, ҷиҳати такмили маҳорати педагогӣ, малакаҳои касбӣ ва омӯзиши низоми кредитии таҳсилот мусоидат мекунанд.
Номбурда дар идома иброз дошт, ки ҳадафи асосии он такмили малакаву маҳорати касбии омӯзгорон, густариши истифодаи усулҳои муосири таълим ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сифати ҷараёни таълиму тарбия мебошад.
Ҳамзамон, Саидакмал Мирсаидов доир ба фароҳам овардани фазои созгори эҷодӣ ва муҳити озоди мубодилаи таҷриба дар раванди омӯзиш ибрози назар намуд.
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Кӯҳзод Шодиев зимни суханронӣ оид ба аҳамияти истифодаи методҳои муосири дарсгузарӣ ва усулҳои фаъоли таълим андешаронӣ карда, зикр намуд, ки дар шароити рушди босуръати илму техника аз омӯзгорон дониши амиқи касбӣ, ҷаҳонбинии васеи илмӣ, қобилияти эҷодкорӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои навини таълимӣ тақозо мегардад.
Ба иттилои мавсуф, айни замон дар курс беш аз 50 нафар омӯзгору мутахассисони ҷавон иштирок дошта, пас аз анҷоми омӯзиш бо шаҳодатномаи хатми курс сарфароз гардонида мешаванд. Қайд гардид, ки такмили ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати педагогӣ яке аз омилҳои муҳими омодасозии мутахассисони рақобатпазир ба ҳисоб меравад.
Дар доираи курс доктори илмҳои педагогӣ, профессор Саъдулло Носиров ба шунавандагон мавзуъҳои марбут ба методҳои фаъоли таълим, инноватсияи педагогӣ, психологияи таълим, хусусиятҳои инфиродии донишҷӯён ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии дарсҳоро омӯзиш медиҳад.
Машғулияти нахустини курс дар фазои фаъолу созанда доир гардида, дар мубоҳисаҳо омӯзгорон бо шавқу рағбати зиёд иштирок намуданд.
Наврӯз ҶОБИРЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng