Дар асоси талаботи банди 2-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба фаъолияти Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросимҳо дар ДДМИТ, санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ дар Раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ ҷаласаи котиботи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим доир гардид.

Мақсади асосии ташкили чунин комиссия аз ҷониби масъулони раёсат фаҳмонидани муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба донишҷӯёни ҳамаи факултетҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо иборат мебошад.

Дар ҷаласа сармутахассиси раёсат Исматулло Ҷумаев баромад намуда, кормандонро бо вазифаҳои дар нақшаи чорабиниҳо пешбинишуда шинос карда, ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд иҷро намудани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Зимни баромад таъкид гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон зарурати танзими ҳуқуқии ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст. Бо назардошти зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар ин самт, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав 20 июни соли 2024, таҳти №2048 қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.

Қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии қабули қонуни мазкур пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузории анъана, ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросими миллӣ, инчунин аз байн бурдани хурофот ва дигар падидаҳои номатлуб мебошад.

Дар фарҷоми ҷаласа кормандон вобаста ба масъалаҳои марбут ба нақшаи чорабиниҳо саволҳои худро пешниҳод намуданд. Масъулон ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас дода, оид ба иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои ба зиммагирифташуда тавзеҳот пешниҳод карданд.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА