Бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯёни факултети молия ва қарзи донишгоҳ, 4 ноябри соли равон тибқи нақшаи раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ дар толори конфронсии донишгоҳ дар мавзуи «Конститутсия - бахтномаи миллат» дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид.

Пас аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷонибек Зубайдов ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, доир ба нақши Конститутсия дар ташаккул ва рушди ҷомеаи навини Тоҷикистон андешаҳои судманд баён намуд.

Сипас, сардори раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ Сиёвуш Ҳабибзода зимни суханронии худ устодону донишҷӯёни факултетро ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули ин санади тақдирсоз ёдовар шуд.

Номбурда таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф нагардидааст. Зеро он таҷассумгари арзишҳои олии инсонӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат ва ҳифз менамояд. Ҳамзамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва риояи онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои меҳварии Конститутсия ба ҳисоб мераванд.

Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии кишвар дар рушди иқтисоди миллӣ низ нақши калидӣ дорад. Он бо муайян намудани шаклҳои гуногуни моликият, кафолати озодии фаъолияти иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи моликият ва муқаррар намудани асосҳои сиёсати иқтисодии давлат заминаи устувори ҳуқуқиро барои рушди иқтисоди миллӣ фароҳам меорад. Дар асоси меъёрҳои Конститутсия иқтисодиёти кишвар бар пояи муносибатҳои бозорӣ, рақобати солим ва ташаббуси соҳибкорӣ рушд намуда, барои пешрафти устувори давлат ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар идомаи чорабинӣ ассистенти кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи донишгоҳ, сарпарасти гурӯҳ Сорбон Шарбатов дар мавзуи таърихи пайдоиш ва моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, оид ба аҳаммияти таърихию сиёсии он андешаҳои худро баён кард.

Қайд гардид, ки пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати қабули Конститутсияи нави миллӣ ба миён омад. Дар шароити мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд. Ин санади муҳим бори нахуст дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сохтори давлатдорӣ, низоми сиёсиву ҳуқуқӣ ва асосҳои ҳаёти иҷтимоии ҷомеаро муайян намуда, оғози марҳалаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро замина гузошт.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима, 10 боб ва 100 модда иборат буда, муҳимтарин масъалаҳои сохтори давлатӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, низоми судӣ, иқтисодиёт ва асосҳои сиёсати хориҷии кишварро фаро мегирад.

Дар қисми музокираи дарси тарбиявӣ мутахассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Ҷамшед Нуров баромад намуда, таъкид кард, ки тибқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин хусусиятҳои конститутсионии давлат барои ташаккул ва пойдории ҷомеаи мутамаддин заминаи устувор фароҳам меоранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки ба Конститутсия эҳтиром гузошта, ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб дарк намояд ва фаъолияти рӯзмарраи хешро дар доираи талаботи он ва қонунгузории амалкунандаи кишвар ба роҳ монад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА