Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии иншооти варзишӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонону варзишгарон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат дар мамлакат барои рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд. Бунёди маҷмааҳои муосири варзишӣ, толорҳои машқу тамрин, майдончаҳои варзишӣ, баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дастгирии варзишгарони ҷавон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим дар ин самт мебошанд.

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҷавонон имкон медиҳад, ки истеъдоду қобилияти худро рушд дода, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намоянд ва Парчами давлатии Тоҷикистонро дар минбарҳои байналмилалӣ баланд бардоранд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дар баробари омода намудани мутахассисони баландихтисос ба тарбияи маънавию ҷисмонӣ, рушди қобилият ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Роҳбарияти донишгоҳ муҳим будани иштироки донишҷӯёнро дар чорабиниҳои илмӣ, фарҳангӣ, ҷамъиятӣ ва варзишӣ дарк намуда, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи онҳо талош менамояд. Иштироки бомуваффақияти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонии ҷудо - Abu Dhabi Grand Slam - 2026 ва ба даст овардани медалҳои нуқраву биринҷӣ далели равшани ин гуфтаҳост.

Рӯзҳои 29-31 октябри соли 2026 дар маҷмааи варзишии «Mubadala Arena»-и шаҳри Абудабии Амороти Муттаҳидаи Араб мусобиқаи байналмилалии ҷудо доир гардид. Дар ин мусобиқаи бонуфуз, ки дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо доир шуд, 374 варзишгар аз 59 кишвари ҷаҳон барои ба даст овардани унвони ғолиб ва ҷоизаҳои мусобиқа рақобат намуданд.

Дар ин сабқати сатҳи баланд донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо нишон додани маҳорати баланди касбӣ, омодагии ҷисмонӣ ва иродаи қавӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда, боиси ифтихори аҳли донишгоҳ ва ҷомеаи варзишии кишвар гардиданд.

Донишҷӯи курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт ва соҳиби медали нуқра гардид.

Намоиши ҳунари варзишии Лоиқ махсусан қобили таваҷҷуҳ буд. Ӯ дар масири расидан ба финал бар якчанд рақиби пурқувват ғолиб омада, аз ҷумла бар намояндагони ИМА ва Исроил пирӯз шуд. Дар рақобати нимниҳоӣ бошад, бар паҳлавони қазоқ Талғат Орынбасар ҳамагӣ дар 19 сония ғалаба ба даст овард.

Дар рақобати ниҳоӣ Лоиқ бо ҷудочии соҳибтаҷрибаи Озарбойҷон Балабей Ағаев рӯ ба рӯ шуда, бо вуҷуди талошҳои зиёд мағлуб гардид ва бо медали нуқра сарфароз шуд. Ин натиҷа барои як варзишгари ҷавон, ки ҳанӯз дар курси якум таҳсил мекунад, дастоварди басо арзишманд мебошад.

Искандар Маҳмадхоҷазода, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси иқтисоди ҷаҳонии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар вазни то 66 кг рақобат намуда, мақоми сеюмро соҳиб гардид.

Искандар низ дар ин мусобиқа маҳорати баланди варзишӣ нишон дод. Ӯ рақобатро бо пирӯзӣ бар намояндаи Маҷористон Бенсе Мате оғоз намуда, сипас бар ҷудочии бразилӣ Виллиан Лима, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Париж, ғалаба ба даст овард.

Дар даври чорякниҳоӣ ӯ бо намояндаи Қазоқистон Гусман Кыргызбаев рақобат намуда, дар як муҳорибаи пуршиддат ва тулонӣ пирӯз шуд. Дар идомаи мусобиқа Искандар барои ба даст овардани медали биринҷӣ бар намояндаи Озарбойҷон ғалаба карда, соҳиби мақоми сеюм гардид.

Муваффақияти Лоиқ Қутбиддинов ва Искандар Маҳмадхоҷазода дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam - 2026 бозгӯи самарабахш будани таваҷҷуҳ ба рушди ҷавонон, дастгирии истеъдодҳо ва фароҳам овардани имконият барои муаррифии донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Мо бо ин дастоварди арзишманд Лоиқ Қутбиддинов ва Искандар Маҳмадхоҷазодаро самимона табрик гуфта, ба онҳо дар таҳсил, фаъолияти варзишӣ ва мусобиқаҳои минбаъда комёбиҳои нав орзумандем.

Бовар дорем, ки ин дастовардҳо оғози муваффақиятҳои боз ҳам бузургтар буда, ҷавонони ватандӯсту соҳибистеъдоди мо минбаъд низ бо парчами парафшони Тоҷикистон дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ғолибият ба даст меоранд.

 

Наврӯз ҶОБИРЗОДА