ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ САЗОВОРИ ҶОЙИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси идораи давлат ва ҳуқуқи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 32-солагии ин санади тақдирсоз миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Озмуни мазкур дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби арзишҳои конститутсионӣ, эҳтиром ба қонун ва тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Дар ин дастоварди шоиста саҳми роҳбари илмии донишҷӯ - номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи ДДМИТ Мирзоев Субҳоналӣ Аҳтамҷонович низ назаррас мебошад.
Бовар дорем, ки ин муваффақият оғози дастовардҳои нави илмӣ ва касбии ӯ буда, дар оянда низ Муҳаммад Азаматшоҳ бо донишу малакаи баланд, ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан дар таҳкими давлатдории миллӣ ва волоияти қонун саҳми арзандаи худро мегузорад.
Ба донишҷӯйи донишгоҳ барои ин дастоварди шоиста изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмию таълимӣ ва касбӣ барору комёбиҳои нав орзумандем!
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng