ҶАЛАСАИ ШУРОИ КУРАТОРОНИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗ
11-уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси факултети молия ва қарзи донишгоҳ ҷаласаи Шурои кураторони факултет доир гардид. Дар ҷаласа раиси Шурои кураторони донишгоҳ Исматулло Ҷӯмаев, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши донишгоҳ Ҷамшед Нуров, декани факултет Абдукарим Муъминзода ва кураторони гурӯҳҳои академии факултет иштирок намуданд.
Нахуст, декани факултет Абдукарим Муъминзода иброз дошт, ки яке аз вазифаҳои муҳимми муассисаи таҳсилоти олӣ тарбияи дурусти донишҷӯён, ташаккули ҷаҳонбинии солим ва раҳнамоии онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ мебошад. Дар шароити муосир масъулияти кураторон дар самти тарбияи насли ҷавон боз ҳам бештар гардидааст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки онҳо дар раванди баргузории соатҳои тарбиявӣ ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Ҳамчунин, таъкид шуд, ки эдвайзерони факултет бояд робитаи худро бо донишҷӯён тақвият бахшида, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ ҳидоят намоянд. Дар баробари ин, ба роҳ мондани ҳамкории мунтазам бо волидони донишҷӯён, гузаронидани суҳбатҳои инфиродӣ, баррасии масъалаҳои мубрами ҷомеа ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми кураторон арзёбӣ гардид.
Сипас, раиси Шурои кураторони донишгоҳ Исматулло Ҷӯмаев дар баромади худ фаъолияти кураторони гурӯҳҳои академиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, таъкид намуд, ки корҳои тарбиявӣ бояд боз ҳам тақвият ёфта, сатҳу сифати баргузории соатҳои тарбиявӣ беҳтар карда шавад. Ӯ аз кураторони факултет даъват ба амал овард, ки нисбат ба иҷрои вазифаҳои касбӣ масъулияти бештар зоҳир намуда, дар ҳамкорӣ бо донишҷӯён барои ташаккули шахсияти комил ва мутахассисони рақобатпазир саҳми арзанда гузоранд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани масъулияти кураторон, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, риояи интизоми таълимӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки баргузории чунин вохӯрию чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии донишҷӯён нақши муҳим дошта, барои тарбияи мутахассисони соҳибмаърифат, донишманд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи иттиллот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng