КОРРУПСИЯ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН
Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир буда, ба рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти давлатӣ, волоияти қонун ва адолати иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо коррупсия масъулияти ҳар як шаҳрванди ҷомеа мебошад. Дар ин асно, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ дар ҷомеа, дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дарси кушод дар мавзуи «Коррупсия ва роҳҳои пешгирии он» доир гардид.
Дар дарси кушод мудири кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Абдумалик Сафаров доир ба моҳият ва оқибатҳои манфии коррупсия, омилҳои ба вуҷуд омадани он ва роҳҳои самараноки пешгирии ин зуҳуроти номатлуб андешаронӣ намуд.
Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ, тарғиби фарҳанги зиддикоррупсионӣ, шаффофият ва масъулиятшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми дарс миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng