НАҚШИ ТАЪРИХСОЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲИФЗИ СУБОТ, ВАҲДАТ, АМНИЯТ ВА ПОЙДОРИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
12 ноябри соли равон бо ибтикори садорати факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа” ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо зиндаву мутантан садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аҳли толор оғоз ёфт. Сипас, декани факултет Буризода Мастура Чорӣ ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, меҳмонони чорабинӣ - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Парвина Муҳаммадализода ва мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Фаррух Алиевро ба ҳозирин муаррифӣ кард.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Мастура Буризода таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба мақоми олии давлатдорӣ, балки имкони муносиб баҳри бознигарии марҳилаҳои муҳими таърихи навини кишвар, қадршиносии хизматҳои таърихии роҳбарияти давлат ва таҳкими эҳсоси ватандӯстиву масъулиятшиносии шаҳрвандон мебошад.
Ба таъкиди декани факултет, дар шароити ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ маҳз сиёсати хирадмандона, иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Имрӯз низ таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, пешгирии таҳдиду хатарҳои муосир ва нигоҳ доштани фазои орому осудаи ҷомеа аз самтҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, омӯзиши нақши ниҳодҳои давлатӣ ва саҳми ҳар як шаҳрванд дар ҳифзи суботу амнияти кишвар аҳаммияти махсус дорад.
Дар идомаи ҳамоиш мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муслим Усмонзода дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлатдории навини тоҷикон” маъруза намуд.
Мавсуф зимни баромади худ таъкид кард, ки таърихи давлатдории муосири тоҷиконро бидуни омӯзиши нақши Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои таърихияшон дар марҳилаи сарнавиштсози солҳои аввали истиқлол наметавон пурра дарк намуд. Ба андешаи ӯ, дар даврае, ки Тоҷикистон бо хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ, парокандагии ҷомеа ва буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, ташаббусҳои созанда ва иродаи устувори роҳбарияти давлат барои ҳифзи давлатдории миллӣ аҳаммияти ҳалкунанда доштанд.
Мавсуф ҳамзамон зикр намуд, ки таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, эҳёи худшиносии миллӣ, барқарор намудани сохторҳои давлатӣ, фароҳам овардани заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Ба таъкиди нотиқ, ҷавонон бояд аз таърихи давлатдории навини кишвар сабақ гирифта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдат ва пешрафти ҷомеа саҳми фаъол дошта бошанд.
Сипас, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Парвина Муҳаммадализода дар мавзуи нақши Пешвои миллат дар эҳёи Тоҷикистони навин суханронӣ намуд.
Номбурда иброз дошт, ки эҳёи Тоҷикистони навин раванди фарогири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буда, дар меҳвари он ҳифзи истиқлол, барқарорсозии сулҳу оромӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, сиёсати созанда ва ташаббусҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат барои аз буҳрон раҳо намудани кишвар, барқарорсозии инфрасохтори ҳаётан муҳим, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳҳо ва дигар иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ замина фароҳам оварданд.
Парвина Муҳаммадализода ҳамчунин таъкид намуд, ки дастовардҳои имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи заҳмати дастаҷамъонаи мардум, сиёсати созанда ва талошҳои пайваста барои ободии Ватан мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон, бояд бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ саҳм гузоранд.
Меҳмони дигари чорабинӣ - мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Фаррух Алиев дар мавзуи зарурати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ташаккули давлатдории миллӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд маърузаи илмӣ пешниҳод намуд.
Тавре нотиқ зикр кард, ташаккул ва рушди давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба мавҷудияти заминаҳои устувори конститутсионӣ ва низоми мукаммали қонунгузорӣ вобастагӣ дорад. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун пояи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, муайянкунандаи ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатӣ, инчунин кафили ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат мекунанд.
Ба андешаи Фаррух Алиев, дар ин раванд нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии кишвар муҳим мебошад. Қабули санадҳои зарурии ҳуқуқӣ, такмили низоми қонунгузорӣ, таҳкими волоияти қонун ва мубориза бо коррупсия барои таъмини амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа аҳаммияти калидӣ доранд. Ӯ таъкид намуд, ки эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ бояд ба ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа табдил ёбад.
Дар фароварди ҳамоиш сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ Ҷовидон Халифазода ба музокира баромада, дар баробари таҳлили нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ ба хусусиятҳои барҷастаи шахсияти ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Мавсуф аз ҷумла, хислатҳои инсондӯстӣ, раиятпарварӣ, ятимпарварӣ, ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа ва хастагинопазирии Пешвои миллатро махсус таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, яке аз вижагиҳои барҷастаи фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи доимӣ ба зиндагии мардум, дарки мушкилоти иҷтимоӣ ва талош барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ мебошад. Ин хислатҳо дар баробари иродаи қавии сиёсӣ, масъулияти баланди роҳбарӣ ва қобилияти қабули қарорҳои сарнавиштсоз шахсияти ӯро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун чеҳраи дорои хусусиятҳои хос муаррифӣ мекунанд.
Ҷовидон Халифазода ҳамзамон таъкид намуд, ки Пешвои миллат дар тӯли фаъолияти пурмасъулияти худ бо вуҷуди мушкилоту таҳдидҳои гуногун аз талош барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти кишвар даст накашидаанд. Ба андешаи ӯ, маҳз чунин хислатҳои роҳбарӣ ва инсондӯстӣ метавонанд барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби омӯзиши масъулият дар назди давлату миллат бошанд.
Дар маҷмуъ, ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ дар заминаи баррасии паҳлуҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва иҷтимоии нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии донишҷӯён ва тақвияти эҳсоси худшиносиву ватандӯстии онҳо заминаи мусоид фароҳам овард. Чунин иқдомҳо дар тарбияи насли соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва содиқ ба арзишҳои миллӣ, инчунин дар таҳкими мавқеи ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа аҳаммияти муҳим доранд.
Муҳаммадалӣ ОЧИЛДИЕВ,
сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng