ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ВОЛИДАЙН ДАР ФАКУЛТЕТИ ҲИСОБДОРӢ ВА ОМОР
27 ноябри соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои факултети ҳисобдорӣ ва омор ҷаласаи васеи волидайни донишҷӯён таҳти унвони «Ҳамкории донишгоҳ ва оила дар таълиму тарбияи донишҷӯён, баланд бардоштани масъулиятшиносӣ ва омодасозии мутахассисони соҳибкасб» доир гардид.
Дар ҷаласа декани факултет, муовинони декан, намояндагони раёсати корҳои тарбиявӣ, мудирони кафедраҳо, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои якум, дуюм, сеюм ва чорум иштирок намуданд.
Ҷаласаро муаллими калони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Аҳлиддин Мирзозода ифтитоҳ намуда, доир ба аҳамияти ҳамкории муассисаи таҳсилоти олӣ бо оила дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии таъсири манфии муҳити иттилоотӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми фаъолияти тарбиявии донишгоҳ ба ҳисоб мераванд. Таъкид шуд, ки ҳадафи асосӣ роҳнамоии ҷавонон ба роҳи донишандӯзӣ, созандагӣ, худшиносӣ ва масъулиятшиносӣ мебошад.
Сипас, декани факултети ҳисобдорӣ ва омор Файзулло Убайдуллозода вазъи таълиму донишандӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар машғулиятҳо ва масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилро мавриди баррасӣ қарор дод. Ӯ таъкид кард, ки донишҷӯён бояд ба раванди таълим муносибати ҷиддӣ дошта бошанд, дар машғулиятҳо мунтазам иштирок намоянд, супоришҳои таълимиро сари вақт иҷро кунанд ва барои такмили донишҳои назариявию амалӣ пайваста кӯшиш намоянд.
Дар идома сармутахассиси раёсати ташкиливу тарбиявии донишгоҳ Исматулло Ҷумаев доир ба нақши оила дар ташаккули шахсияти донишҷӯ ва масъулияти падару модарон дар раванди таълиму тарбияи фарзандон андешаронӣ кард.
Ҳамзамон, масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки ҷавонон бояд аз иттилооти бардурӯғ ва таъсири манфии муҳити маҷозӣ огоҳ бошанд, қонунгузориро эҳтиром намоянд ва бо мавқеи солими шаҳрвандӣ дар ҳаёти ҷомеа саҳм гузоранд.
Дар идомаи ҷаласа намояндаи волидайн баромад намуда, нақши оиларо дар дастгирии фарзандон, назорати раванди таҳсил, ташаккули одоби ҳамида ва масъулиятшиносии онҳо муҳим арзёбӣ кард. Қайд гардид, ки донишҷӯён ҳарчанд ба марҳилаи мустақили ҳаёт ворид гардидаанд, ҳанӯз ҳам ба дастгирӣ, роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи падару модар ниёз доранд.
Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи ҷаласаи мазкур падари донишҷӯ - Носирҷон Маъмурзода ба китобхонаи илмии донишгоҳ як қатор китобу рӯзномаҳоро тақдим намуд. Ин иқдоми шоиста нишонаи эҳтиром ба илму маърифат, дастгирии фарҳанги китобхонӣ ва саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани фонди китобхонаи донишгоҳ арзёбӣ мегардад. Чунин ташаббусҳои созанда метавонанд дар ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо нақши муассир гузоранд.
Дар бахши ҷамъбастии чорабинӣ аз ҷониби садорати факултет ба падару модарони донишҷӯёне, ки фарзандонашон бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва интизоми баланд фарқ мекарданд, барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи фарзандон ва ҳамкории самарабахш бо донишгоҳ Сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng