Бо мақсади таҳкими ҳамкории донишгоҳ бо оила, баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон, беҳтар намудани назорати раванди таҳсил ва пешгирии омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон дар факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ вохӯрии волидони донишҷӯён бо роҳбарияти донишгоҳ ва факултет доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, сардори шурои кураторони донишгоҳ Исматулло Ҷӯмаев, декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Қаландар Сафарзода, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва волидони донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова доир ба масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳамкории пайвастаи оила ва муассисаи таълимӣ омили муҳими ташаккули шахсияти комил, баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон мебошад. Зикр гардид, ки назорати рафтуомад, давомоти донишҷӯён ва пешгирии дарсшикании беасос бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи волидон қарор дошта бошад.

Ҳамзамон, масъалаҳои риояи тартиботи дохилии донишгоҳ ва хобгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда бояд талаботи низоми будубошро риоя намуда, бе иҷозати дахлдор шабона ба фаъолияти меҳнатӣ машғул нашаванд. Донишҷӯёне низ, ки баъди анҷоми дарсҳо кор мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус роҳбарияти донишгоҳ ва волидони худро огоҳ намоянд.

Дар идома масъалаи риояи фарҳанги либоспӯшӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки донишҷӯён бояд дар интихоби либос ба меъёрҳои муқарраргардида ва фарҳанги либоспӯшии миллӣ эҳтиром гузошта, аз зоҳирпарастӣ ва ороиши аз ҳад зиёд худдорӣ намоянд.

Ба масъалаи истифодаи нақлиёти шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва таъмини бехатарии онҳо низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Аз волидон даъват гардид, ки нисбат ба истифодаи нақлиёт аз ҷониби фарзандон ва риояи талаботи бехатарӣ назорати зарурӣ дошта бошанд.

Яке аз мавзуъҳои муҳими вохӯрӣ пешгирии истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, рафторҳои номатлуб ва истифодаи аз ҳад зиёди бозиҳои компютерӣ буд. Зикр гардид, ки волидон бояд ба тарзи ҳаёт, муҳити дӯстӣ ва истифодаи вақти холии фарзандони худ диққати махсус диҳанд.

Ҳамчунин, масъалаи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва равияҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ, инчунин ҳифзи ҷавонон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ вазифаи муштараки оила ва муассисаи таълимӣ мебошад.

Сипас, декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ Қаландар Сафарзода мақсаду мароми баргузории вохӯриро шарҳ дода, нақши ҳамкории мунтазами волидон бо роҳбарияти донишгоҳ ва омӯзгоронро дар баланд бардоштани сифати таҳсил ва ташаккули шахсияти донишҷӯён муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома доир ба шароити мусоиди таълиму таҳсил, имкониятҳо ва имтиёзҳои барои донишҷӯён фароҳамовардаи донишгоҳ маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон, қоидаву талаботи дохилии донишгоҳ, уҳдадориҳои донишҷӯён ва масъалаҳои марбут ба қатъ гардидани таҳсил шарҳ дода шуданд.

Зикр гардид, ки мавҷудияти қарзҳои академӣ аз фанҳои таълимӣ, сари вақт пардохт накардани маблағи шартномаи таҳсил ва риоя накардани талаботи интизомии донишгоҳ метавонанд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қоидаҳои амалкунанда боиси татбиқи чораҳои дахлдор, аз ҷумла хориҷ гардидани донишҷӯ аз сафи донишгоҳ шаванд. Аз ин рӯ, волидон бояд аз вазъи таҳсил, натиҷаҳои имтиҳонҳо, пардохти маблағи шартнома ва риояи интизоми фарзандони худ мунтазам огоҳ бошанд.

Дар бахши музокира волидони донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда саволҳо ва пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Намояндагони роҳбарияти донишгоҳ ва факултет ба саволҳои онҳо посух дода, шарҳу тавзеҳоти зарурӣ пешниҳод намуданд.

Яке аз пешниҳодҳои волидон таъсиси гурӯҳи муштараки WhatsApp бо иштироки намояндагони донишгоҳ, сарпарастони гурӯҳҳои академӣ ва волидон буд. Ҳадаф аз ин иқдом фароҳам овардани имконияти мубодилаи саривақтии маълумот оид ба раванди таҳсил, давомот ва фаъолияти донишҷӯён, инчунин таҳкими робитаи доимии волидон бо сарпарастони гурӯҳҳо мебошад. Таъкид гардид, ки чунин иқдом метавонад ба ҳамоҳангсозии фаъолияти донишгоҳ ва оила ва ҳалли саривақтии масъалаҳои марбут ба донишҷӯён мусоидат намояд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби садорати факултет ба як қатор волидони фаъол, ки бо донишгоҳ ҳамкории зич дошта, дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти баланд зоҳир менамоянд, сипосномаҳо тақдим гардиданд. Ин волидон барои дастгирии фарзандони худ ва мусоидат ба иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои донишгоҳӣ, озмуну олимпиадаҳо ва дигар иқдомҳои маърифатӣ қадрдонӣ шуданд.

Баргузории чунин вохӯриҳо қадами муҳим дар самти таҳкими робитаи донишгоҳ бо оила, баланд бардоштани масъулияти муштараки волидону омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат ба шумор меравад.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА,

муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ