ҲАМА ЧИЗ БАРОИ ФРОНТ, ҲАМА ЧИЗ БАРОИ ҒАЛАБА
Тибқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ, 8-уми майи соли равон дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба чорабинии тарбиявию сиёсӣ таҳти унвони «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» доир гардид. Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, раиси шурои собиқадорони донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов, устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ С. Дӯстов, омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.
Чорабиниро мудири кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Умар Воҳидов ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфта, таъкид намуд, ки сабақҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ва низоъҳои ҷаҳони муосир моро водор месозанд, ки Истиқлоли давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун арзишҳои муқаддас ҳифз намоем.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, афзуд, ки Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихие мебошад, ки аҳаммияти он бо гузашти замон боз ҳам бештар мегардад. Қайд карда шуд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиёда аз 27 миллион нафар шаҳрвандони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷони худро аз даст додаанд ва аз Тоҷикистон низ беш аз 300 ҳазор нафар дар ин ҷанг иштирок намудаанд.
Раиси шурои собиқадорони донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов изҳор дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба нишони эҳтиром ба қаҳрамониву ҷоннисориҳои падарони шуҳратманд мебошад. Аз Тоҷикистон беш аз 90 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҳалок гардида, зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шудаанд. Аз ҷумла, 68 нафар соҳиби унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ” гардидаанд.
Дар идомаи чорабинӣ устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ С. Дӯстов роҷеъ ба саҳми мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки солҳои ҷанг тамоми корхонаҳои саноатӣ ва мардум бо шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба» фаъолият намуда, барои дастгирии фронт тамоми имкониятҳои худро сафарбар карда буданд. Гарчанде майдони ҷанг аз Тоҷикистон ҳазорҳо километр дур буд, фарзандони ватандӯсти тоҷик бо ҳисси баланди масъулият ба ҳимояи Ватан бархоста, дар паҳлуи дигар халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ бар зидди фашизм мубориза бурданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Тағоймурод ЭШЗОДА
Тоҷ
Рус
Eng