8-уми майи соли равон дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба 81-солагии Ғалабаи мардуми шуравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» дарси сиёсӣ-тарбиявӣ доир гардид.

Чорабиниро сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки 9-уми май барои тамоми мардум рӯзи таърихӣ, рамзи шуҷоату матонат, фидокорию қаҳрамонӣ ва нишонаи сулҳу оромӣ мебошад. Дар ин рӯз мардум бо эҳтирому арҷгузорӣ аз қаҳрамононе ёд мекунанд, ки барои ҳифзи Ватан, озодии миллатҳо ва зиндагии осоиштаи наслҳои оянда ҷони худро нисор намудаанд.

Корнамоиҳои фарзандони далеру ватандӯст ҳаргиз аз хотираи мардум фаромӯш нахоҳанд шуд. Ҷасорат, иродаи қавӣ ва муҳаббат ба Ватан, ки онҳо дар солҳои ҷанг нишон доданд, имрӯз барои ҳар як шаҳрванд намунаи ибрат мебошад. Зиндагии осоиштаи имрӯза маҳз бо қаҳрамониву ҷоннисориҳои онҳо таъмин гардидааст.

Дар идомаи чорабинӣ афсарони қисми низомии 201-уми Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, доктори илмҳои иқтисодӣ Рустам Қудратов, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сайфулло Сафаров ва декани факултет Ёрибек Тилабов доир ба ҷоннисориҳои мардуми собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар майдонҳои набард ва ақибгоҳ андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо Рӯзи Ғалаба бо баргузории маросимҳои гуногун, аз ҷумла гулчанбаргузорӣ назди ёдгориҳо, парадҳои ҳарбӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мегардад. Ин сана барои тарбияи насли ҷавон аҳамияти бузург дошта, онҳоро ба қадршиносии сулҳу субот ва эҳтиром ба таърих ҳидоят менамояд.

Ҳамчунин, иштирокчиён аз сиёсати инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша мавриди ғамхорӣ ва дастгирии давлат қарор доранд.

Дар фарҷоми чорабинӣ зикр гардид, ки Рӯзи Ғалаба рамзи эҳтиром ба гузашта ва умед ба ояндаи осоишта мебошад. Ёди неки қаҳрамонони ҷанг дар қалби мардуми Тоҷикистон ҷовидона боқӣ мемонад ва ҷоннисориҳои онҳо барои ҷавонон намунаи олии ватандӯстиву мардонагӣ ба шумор меравад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА