ҲАМОИШИ ЗАНОН ДАР ДДМИТ БАХШИДА БА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ
16 ноябри соли равон бо иштироки кормандони раёсати корҳои ташкилӣ-тарбиявӣ ва занону бонувони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми занон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва рушди давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова ва дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қутбия Ҳомидова суханронӣ намуданд.
Зимни суханронӣ Шаҳноза Ғафорова оид ба аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки иҷлосияи мазкур дар марҳилаи ҳассоси таърихи кишвар барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон заминаи муҳим гузошт.
Ҳамзамон, саҳми занону бонувони соҳаи илму маориф дар баланд бардоштани сатҳи дониш, ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва фароҳам овардани муҳити солими маънавию ахлоқӣ муҳим арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки омӯзгорон дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ дар ташаккули мавқеи шаҳрвандӣ, фарҳанги муошират ва масъулияти иҷтимоии донишҷӯён низ нақши муассир доранд.
Қутбия Ҳомидова дар баромади худ раванди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, талошҳои таърихӣ барои барқарор намудани суботи сиёсӣ ва аҳаммияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Қайд гардид, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аз арзишҳои муҳимми ҷомеа буда, ҳифзу таҳкими онҳо масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар идомаи ҳамоиш масъалаи риояи талаботи донишгоҳ оид ба тарзи либоспӯшӣ ҳамчун ҷузъи муҳими фарҳанги донишгоҳӣ ва нишонаи эҳтиром ба муҳити таълимӣ баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки сару либоси мувофиқ, тозаву озода ва мутобиқ ба талаботи муқарраргардида ифодагари фарҳанги шахсӣ, интизом ва масъулияти касбӣ мебошад. Ҳамчунин, зарурати аз ҷониби омӯзгорону кормандон нишон додани намунаи ибрат дар ин самт таъкид гардид.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш донишҷӯдухтарон Париваш Ғаюрзода, Фарзона Ҷалилова, Гесу Паҳлавонова ва Шукрона Қувватова бо қироати шеърҳои пурмуҳтаво дар васфи Пешвои миллат ва Ватани азиз ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва риояи меъёрҳои фарҳангиву интизомӣ вазифаи муҳимми ҳар як узви ҷомеа мебошад. Занону бонувони донишгоҳ низ бояд бо дониш, маърифат, масъулияти баланди касбӣ ва рафтори намунавии худ дар рушди илму маориф ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд.
Маҳбуба ҒАФОРОВА,
мутахассиси бахши кор бо занон ва духтарони ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng