МУҲАММАД ШОҲИМАРДОНЗОДА - СОҲИБИ ҶОЙИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Донишҷӯи курси чоруми ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» аз рӯйи равияи ҳуқуқшиносӣ аз фанни ҳуқуқи конститутсионӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ғолибро ба ҳузур пазируфта, иброз дошт, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар як соли охир ин чандумин ғолибияти Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳ ба ҳисоб меравад. Ректор ба донишҷӯи муваффақ барору комёбӣ ва дар таҳсилаш муваффақиятҳои нав ба навро орзу кард.
Лозим ба ёдоварист, ки маросими ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни мазкур 13 ноябри соли 2026 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он донишҷӯёни лаёқатманд аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.
Муҳаммад Азаматшоҳ зери роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Субҳоналӣ Мирзоев дар ҷараёни озмун дониши баланди назариявӣ, қобилияти таҳлилӣ ва омодагии хуби касбии худро нишон дода, тавонист дар байни иштирокчиён натиҷаи назаррас ба даст орад ва соҳиби ҷойи сеюм гардад. Барои ин дастоварди арзанда ба ӯ диплом ва туҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Идоракунии давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ, ташаккули малакаҳои роҳбариву идоракунӣ ва дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод равона шудааст.
Озмун аз рӯйи се самт - ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва иқтисод баргузор гардида, иштирокчиёни даври ниҳоӣ дар доираи фанҳои сиёсатшиносӣ, геополитика, ҳуқуқи конститутсионӣ, ҳуқуқи инсон, назарияи иқтисодӣ ва идоракунии давлатии иқтисодиёт санҷида шуданд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шоҳимардонзода Муҳаммад Азаматшоҳро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик гуфта, дар роҳи омӯзиш, фаъолияти илмӣ ва касбӣ барояш муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамояд!
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng