«ТОҶГУЗОРИ МИЛЛАТ» - НАМОИШИ ТАЪРИХӢ
Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши нави таърихию ҳунарии худро таҳти унвони «Тоҷгузори миллат» таҳия намуд.
Намоиши «Тоҷгузори миллат» дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва романи нависандаи муосири тоҷик Бароти Абдураҳмон таҳия гардида, бо илҳом аз сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон ва боздид аз оромгоҳи асосгузори давлати тоҷикон - Исмоили Сомонӣ рӯйи саҳна омадааст.
Асари мазкур ба яке аз марҳилаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи давлатдории бузурги Сомониён бахшида шуда, дар он масъалаҳои ҳифзи давлатдорӣ, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон инъикос ёфтаанд.
Драмаи «Тоҷгузори миллат» бо арзишҳои баланди бадеиву ҳунарии худ метавонад ҳамчун армуғони арзишманд ба ифтихори ҷашни бузурги давлативу миллӣ ва воситаи муассири тарбияи насли имрӯзу фардо дар рӯҳияи худшиносиву меҳанпарастӣ хизмат намояд.
Намоиш дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ пешкаши омӯзгорону донишҷӯёни ДДМИТ гардонида шуд.
Ташаббуси мазкур дар самти таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва эҳтиром ба мероси пурғановати ниёгон иқдоми муҳим ба шумор рафта, барои боз ҳам густариш бахшидани робитаи муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
Тоҷ
Рус
Eng