Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои раёсати ташкилию тарбиявии донишгоҳ, 11-уми майи соли 2026 дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ дарси кушоди тарбиявӣ таҳти унвони «Омӯзиши ариза, баёнот ва забонхат» доир гардид.

Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи саводи ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуҷҷатнигорӣ ва такмили малакаҳои коргузории донишҷӯён арзёбӣ гардида, зимни он масъалаҳои муҳими марбут ба тартиб додани ҳуҷҷатҳои расмӣ, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва истифодаи услуби расмии коргузорӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар рафти дарси кушод иштирокчиён оид ба тарзи дурусти таҳияи ариза, баёнот ва забонхат, сохтор ва муҳтавои онҳо, инчунин, мавридҳои истифодаи ин гуна ҳуҷҷатҳои расмӣ дар фаъолияти таълимӣ ва коргузории давлатӣ маълумоти муфид ба даст оварданд.

Нахуст, устоди кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика Алидод Саъдонов доир ба мафҳум, намудҳо ва тартиби навиштани ариза суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ариза яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарини мукотибаи расмӣ ба ҳисоб меравад. Мавсуф зимни баромади худ таъкид кард, ки ҳангоми таҳияи ариза риояи услуби расмӣ, мухтасару равшан баён намудани мақсад ва истифодаи дурусти меъёрҳои имлоӣ аз муҳимтарин талабот ба шумор меравад.

Ҳамзамон, ӯ бо овардани намунаҳои амалӣ ба донишҷӯён тарзи дурусти таҳияи аризаҳоро шарҳ дода, ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Сипас, сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявӣ Мавҷуда Давлатова вобаста ба тартиби таҳия ва аҳамияти баёнот ва забонхат суханронӣ карда, афзуд, ки ин намуди ҳуҷҷатҳо дар ҳаёти ҳаррӯза ва фаъолияти касбӣ васеъ истифода гардида, донистани қоидаҳои дурусти навишти онҳо барои ҳар як шаҳрванд муҳим мебошад.

Мавсуф бо истифода аз мисолҳои мушаххас ба иштирокчиён фаҳмонид, ки ҳангоми навиштани баёнот ва забонхат ба дурустии мазмун, саҳеҳии маълумот, тартиби ҷойгиршавии ҷузъҳои ҳуҷҷат ва риояи услуби расмӣ диққати махсус бояд дода шавад.

Дар ҷараёни чорабинӣ байни донишҷӯён ва баромадкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузорӣ саволҳои худро пешниҳод намуданд. Чунин тарзи баргузории дарси кушод ба баланд гардидани шавқу завқи донишҷӯён ва рушди малакаҳои амалии онҳо мусоидат намуд.

Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки омӯзиши ҳуҷҷатнигорӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ, фарҳанги муоширати расмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир ба талаботи замони муосир ба ҳисоб меравад. Донишҷӯён бояд дар баробари аз худ намудани донишҳои касбӣ, инчунин, малакаи таҳия ва истифодаи дурусти ҳуҷҷатҳои расмиро низ дар сатҳи баланд аз худ намоянд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия