Бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 30-солагии таъсисёбии ДДМИТ, 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи бандҳои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, 13-уми майи соли 2026 дар донишгоҳ бозӣ-викторинаи зеҳнӣ таҳти унвони “Беҳтарин донандаи забони русӣ” доир гардид.

Дар викторина сардори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, директори Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Андрей Патрушев, ҳамоҳангсози барномаҳои таълимии Россотрудничество Иляс Русланович Афаунов, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Парвиз Ғафуров, сардори бахши таъминоти ҳуқуқии донишгоҳ Саидалӣ Ҳаитов ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Нахуст, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ П. Ғафуров баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-маърифатиро дар донишгоҳ барои таҳкими донишҳои назариявӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва баланд бардоштани завқи омӯзиши забонҳои хориҷӣ миёни донишҷӯён муҳим дониста, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи дониш ва фарҳанги забондонии донишҷӯён, рушди тафаккури мантиқӣ, тақвияти маҳорати муошират ва тарғиби омӯзиши забони русӣ миёни ҷавонон гуфта шуд.

Сипас, директори Маркази илм ва фарҳанги Россия дар шаҳри Душанбе Андрей Патрушев аз сатҳи баланди ташкили чорабинӣ ва таваҷҷуҳи донишҷӯён ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамзамон, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Гулшан Наврӯзова иброз намуд, ки чунин викторинаҳо яке аз роҳҳои муассири баланд бардоштани сатҳи дониши забонӣ буда, барои рушди малакаҳои зеҳнӣ, рақобатпазирӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён нақши муҳим доранд.

Дар викторина 6 даста аз 7 факултети донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, аз рӯйи бахшҳои лексикология, морфология, муаммоҳо ва саволҳои гуногун сабқат карданд:

Иштирокчиён донишу малакаи худро дар самти забоншиносӣ, тафаккури мантиқӣ ва фарҳанги нутқ нишон дода, фазои воқеии рақобати илмӣ ва зеҳниро ба вуҷуд оварданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастӣ ҷойи аввал насиби дастаи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ гардид. Ҷойи дуюмро дастаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва ҷойи сеюмро дастаи факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ соҳиб шуд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол диплом ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия