18 ноябри соли 2026 бо ташаббуси факултети амнияти иқтисодӣ ва фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар хобгоҳи донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзуи «Таъсири равандҳои глобалӣ ба амнияти иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ» доир гардид.

Дар чорабинии мазкур декани факултет Буризода Мастура, эдвайзер оид ба тарбия Камолзода Абдулло, инчунин устодони факултет Давлатов Хуршед ва Солиев Нодир иштирок намуда, доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзуи мазкур баромад карданд.

Декани факултет Буризода Мастура оид ба таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ ба вазъи иқтисодии кишварҳои рӯ ба тараққӣ, таҳдидҳои муосири иқтисодӣ ва аҳамияти таъмини амнияти иқтисодии давлат андешаронӣ намуд.

Эдвайзер оид ба тарбия Камолзода Абдулло дар баромади худ ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати сиёсиву иқтисодӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Устодон Давлатов Хуршед ва Солиев Нодир низ дар мавриди хатарҳои глобалӣ, таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва роҳҳои пешгирии оқибатҳои манфии онҳо андешаҳои худро баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки баргузории чунин маҳфилу чорабиниҳои маърифатӣ дар баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, худшиносии миллӣ ва омодагии ҷавонон ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир нақши муҳим дорад.

 

Шуъбаи иттилоот ва нашрия