Дар шароити рушди босуръати иқтисоди рақамӣ ва афзоиши хавфҳои марбут ба қаллобиву амалиёти ғайриқонунии молиявӣ баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Зеро амнияти молиявӣ танҳо ҳифзи маблағу дороиҳо набуда, пеш аз ҳама, маҳсули дониш, тафаккури солим, масъулиятшиносӣ ва қобилияти дуруст қабул намудани қарорҳои иқтисодӣ мебошад. Маҳз бо дарназардошти ин ҳадаф, 19-уми ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» миёни донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» ва дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ, молиявӣ ва ҳуқуқии донишҷӯён, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод, ҳавасмандгардонии фаъолияти эҷодӣ, таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии онҳо, инчунин густариши донишҳои зарурӣ дар самти таъмини амнияти молиявӣ, муқовимат ба амалиёти ғайриқонунии молиявӣ ва пешгирии қаллобии молиявӣ мебошад.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ба аҳаммияти баргузории чунин иқдомҳои маърифатӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии иқтисодии ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги молиявии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.

Зикр гардид, ки дар замони муосир, ки муносибатҳои иқтисодӣ пайваста тағйир ёфта, технологияҳои рақамӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегиранд, доштани донишҳои молиявӣ барои ҳар як шахс зарурати воқеӣ ба шумор меравад. Қобилияти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти молиявӣ, истифодаи оқилонаи захираҳо, шинохти хавфҳо, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва муқовимат ба шаклҳои гуногуни қаллобӣ аз ҷумлаи малакаҳое мебошанд, ки имрӯз бояд дар тафаккури насли ҷавон ташаккул ёфта, тақвият дода шаванд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалии донишҷӯён, рушди тафаккури таҳлилӣ ва иқтисодӣ, ташаккули малакаҳои касбӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия Ҷовидон Халифазода иштирокчиёнро бо номинатсияҳо, шарту талаботи озмун, тартиби баргузорӣ ва меъёрҳои баҳогузорӣ шинос намуда, ба донишҷӯён дар роҳи санҷиши дониш ва маҳорати худ барору муваффақият таманно кард.

Тибқи тартиби баргузории озмун, иштирокчиён аз рӯйи ду номинатсия - «Амнияти молиявӣ» ва «Маърифати молиявӣ» маҳорати худро санҷиданд. Ин тарзи арзёбӣ имкон дод, ки на танҳо сатҳи азхудкунии донишҳои назариявӣ, балки суръати фикрронӣ, мантиқи таҳлил, қобилияти хулосабарорӣ ва маҳорати истифодаи донишҳо дар ҳалли масъалаҳои амалӣ низ муайян карда шавад.

Дар ҳақиқат, маърифати молиявӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими саводнокии умумии инсон ба ҳисоб рафта, дар ташаккули масъулияти иқтисодӣ, мустақилияти молиявӣ ва қобилияти дуруст арзёбӣ намудани имконияту хавфҳо нақши муассир дорад. Аз ин рӯ, ҷалби донишҷӯён ба омӯзиши масъалаҳои мубрами соҳаи молия на танҳо ба рушди донишҳои касбии онҳо мусоидат мекунад, балки барои ташаккули насли огоҳ, ҳушёр ва дорои фарҳанги баланди иқтисодӣ низ аҳаммияти хосса дорад.

Ба таъкиди Ҷовидон Халифазода, озмун бояд барои донишҷӯён на танҳо майдони санҷиши дониш, балки мактаби омӯзиш, таҷрибаандӯзӣ, такмили қобилиятҳои инфиродӣ ва рушди рақобати солими зеҳнӣ бошад. Маҳз дар чунин фазои созанда ҷавонон имконият пайдо мекунанд, ки неруи зеҳнӣ, сатҳи омодагии касбӣ ва маҳорати худро нишон дода, аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра баранд.

Ҳамзамон, таъмини шаффофият, холисият ва риояи меъёрҳои ягонаи баҳогузорӣ аз шартҳои муҳимми баргузории озмун арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки иштирокчиён бояд бо масъулият, эътимод ба донишҳои худ ва эҳтиром ба рақибон баромад намоянд. Зеро арзиши аслии чунин озмунҳо танҳо дар муайян намудани ғолибон нест, балки дар фароҳам овардани имконият барои рушди истеъдод, таҳкими дониш ва ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиши пайваста ифода меёбад.

Ғолибони озмун муайян гардиданд

Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии озмун, донишҷӯёни фаъолу соҳибистеъдод аз рӯйи ду номинатсия ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд.

Аз рӯйи номинатсияи «Амнияти молиявӣ»:

Ҷойи якум - Собиров Сироҷ, донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва қарз;

Ҷойи дуюм - Бозоров Муртазо, донишҷӯи курси дуюми факултети молия ва иқтисод;

Ҷойи сеюм - Давлатов Бежан, донишҷӯи курси якуми факултети Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ;

Ҷойи сеюм - Азизов Умедҷон, донишҷӯи курси чоруми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ.

Аз рӯйи номинатсияи «Маърифати молиявӣ»:

Ҷойи якум - Калонов Далер, донишҷӯи курси чоруми факултети молия ва қарз;

Ҷойи дуюм - Акобиров Саидмумин, донишҷӯи курси чоруми факултети ҳисобдори ва омор;

Ҷойи сеюм - Мирзоев Насрулло, донишҷӯи курси чоруми факултети фаъолияти гумрук ва амнияти иқтисодӣ;

Ҷойи сеюм - Суфизода Субҳия, донишҷӯи курси якуми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ.

Ҳамаи ғолибони озмун барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ бо дипломҳои дараҷаҳои якум, дуюм ва сеюм қадрдонӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Ҳамин тариқ, баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Маърифат ва амнияти молиявӣ» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон иқдоми муҳим дар самти баланд бардоштани маърифати молиявии ҷавонон, таҳкими донишҳои иқтисодию ҳуқуқӣ ва ташаккули малакаҳои ҳифзи амнияти молиявӣ ба шумор меравад. Зеро дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ маҳз ҷавонони босаводу огоҳ, дорои тафаккури таҳлилӣ ва масъулияти баланди иқтисодӣ метавонанд дар пешгирии хавфҳои молиявӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва рушди устувори ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

 

Савринисо ДАВЛАТОВА